Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯконҳои баста ва автобусҳои бе ронанда. Эътирози зидди муҳоҷирон дар Ёқутистон. ВИДЕО


Муҳоҷирони корӣ дар Ёқутистони Русия гуфтанд, ки пас аз хабари таҷовуз шудани як зани рус аз тарафи зодагони Осиёи Марказӣ, бархӯрд ва муносибат бо онҳо бад шудааст.

Масъалаи муҳоҷирон дар Ёқутистон чаро доғ шуд?

Мақомоти Ёқутистон аз ҳамаи мо даъват карданд, ки ба мардуми худ расонем, то як-ду рӯз эҳтиёт кунанд ва ба берун набароянд, то ҳодисае рух надиҳад

Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 18-уми март хабар дод, ки се нафарро бо гумони дастдарозӣ ба номуси як зан дастгир кард. Ба иттилои мақомоти ин ниҳод, яке аз муттаҳамон шаҳрванди Қирғизистон аст ва гӯиё ба гуноҳи худ эътироф кардааст. Додгоҳ шаҳрванди Қирғизистонро то анҷоми таҳқиқи ҳодиса ба ҳабс гирифт. Ба ду гумонбари дигар низ маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, гумонбари 23-сола субҳи 17-уми март "як занро маҷбурӣ дар мошин шинонда, ба самти номаълум бурд ва ба номусаш таҷовуз кард". "Дертар занро ба ҷойи таъмири мошинҳо бурдааст, ки дар онҷо ду шиносаш кор мекарданд. Баъди хоб рафтани мардҳо, зан аз таъмиргоҳ фирор карда, ба мақомот хабар додааст", - гуфтанд дар Кумитаи тафтишотии Русия.

Баъди расонаӣ шудани ин хабар, садҳо нафар дар шаҳри Якутск, маркази Ёқутистон, ба зидди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ эътироз карданд ва аз онҳо хостанд, ки Русияро тарк намоянд. Раҳбари Ёқутистон гуфтааст, масъалаи муҳоҷирати ғайриқонуниро ҷиддӣ мегирад ва муҳоҷирони ғайриқонуниро аз ин ҷо ихроҷ мекунад.

Тазоҳурот дар Якутск
Тазоҳурот дар Якутск

Тафтиши муҳоҷирони ғайриқонунӣ

Дар гирдиҳамоие, ки рӯзи душанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳр баргузор шуд, беш аз 3 ҳазор сокини маҳаллӣ, аз ҷумла раиси Ёқутистон Айсен Николаев, шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева ва мансабдорони дигари баландпоя иштирок карданд.

Николаев мардумро ба иттиҳод ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ даъват намуд. Ӯ ваъда дод, ки бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза хоҳад бурд. Авксентева низ изҳор дошт, ки "бояд назму тартибот риоя шавад". Ӯ баъдтар дар саҳифаи Фейсбук навишт, гирдиҳамомадагон аз тасмим дар бораи тафтиши муассисаҳое, ки муҳоҷирон дар он ҷо кор мекунанд, ҳимоят кардаанд.

Баъди гирдиҳамоӣ, мақомоти қудратӣ масҷидҳои Ёқутистонро зери назорат гирифтанд. Ҳафт сокини маҳаллӣ ба як ронандаи автобус, ки муҳоҷири корӣ буд, ҳамла кардаанд. Рӯзҳои 18 ва 19-уми март даҳҳо ронандаи автобуси шаҳрӣ ба кор набаромаданд.

"Баъзе аз амнияти худ нигаронанд"​

Андрей Шаригин, мудири хадамоти воҳиди диспетчерии Якутск, гуфтааст, "дар шаҳр ҳамагӣ 420-430 автобус аст ва ба кор набаромадани 80-90-тои он рақами хеле зиёд аст. Ҳоло сабабҳояшро дақиқ мекунем. Баъзе аз ронандагон аз мушкили техникӣ хабар доданд, баъзеи дигар аз амнияти худ нигаронанд.”

Юлдуз, як муҳоҷир аз Қирғизистон, дар бозори Якутск кор мекунад. Ӯ рӯзи 19-уми март дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи муҳоҷирон таҳдид гирифтаанд. "Ман дар бозори "Столичный" кор мекунам, ки 80 дар сади коргарон қирғизҳо ҳастанд. Дар бозор қаҳвахонаи "Қирғизистон" аст. Фаҳмидем, ки сокинони Ёқутистон ба онҷо меоянд, корро партофта рафтем. Ба кӯча баромада наметавонем, чун аз амнияти худ нигаронем”, - афзуд ӯ.

"Тоҷикон осеб надиданд"

Музаффар Сангалиев, раиси ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Ёқутистон, гуфт, ҳеҷ шаҳрванди кишвар дар эътирозҳои зидди муҳоҷирон дар ин ҷумҳурии русӣ осеб надидаанд. Сангалиев дар сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Якутск рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам баъди овозаи ин ки гӯё се муҳоҷир дар як ҷиноят муттаҳам шудаанд, дар шаҳр ва манотиқи дигари Ёқутистон мардум ба хиёбонҳо рехтанд.

Ба гуфтаи ӯ, се марди қирғиз дар он гумонбар шудаанд, ки гӯё дар як таҷовузи гурӯҳӣ иштирок карданд ва бар асоси шикояти зане ҳар се нафар боздошт шудаанд.

“Ба Ёқутистон сафири Қирғизистон омад. Дирӯз, 18-уми март, дар ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласае бо иштироки раҳбарони ҳама ҷамъиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикон баргузор шуд. Мақомоти Ёқутистон аз ҳамаи мо даъват карданд, ки ба мардуми худ расонем, ки як-ду рӯз эҳтиёт кунанд, ба кор ва ба берун набароянд, то ҳодисае рух надиҳад”, - афзуд ӯ.

Сангалиев гуфт, ки дар Ҷумҳурии Ёқутистон тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла нисфашон ба таври доимӣ кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар пойтахт, шаҳри Якутск ва дар бахши сохтмон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, корбарони Радиои Озодӣ аз Ёқутистон хабар доданд, ки "боздошти бесабаб ва босабаби муҳоҷирон аз тарафи пулис зиёд шудааст".

XS
SM
MD
LG