Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP: Куштор дар Истанбул


Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Муаллифон: Влад Лавров, Иля Лозовский ва Бермет Талант

05.06.2018

Ҳодиса аввали баҳор дар маркази таърихии Истанбул рӯй дод.

Умаралӣ Қувватов – яке соҳибкори сарватманди тоҷик, баъдан бадарғашуда, баъдан маҳбус ва дар охир фаъоли тобони зидди режими авторитарии кишвар – ба поёни роҳи ҳаёти аҷиби худ расид. Ӯ дар қади роҳ дароз кашида, аз як тири яроқи оташфишон вафот кард.

“Вақте дар оғӯшам вафот кард, қариб девона шавам”, мегӯяд Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Қувватов. “Хун хеле бисёр буд. Дар ҳаётам боре шоҳиди вафоти одам нашуда будам. Ва ин шавҳари ман буд, азизтарини ман.”

Қувватов ҳамроҳи зан ва ду писараш ба хонаи як ҳамватани тоҷикистонӣ барои зиёфати шомгоҳӣ даъват шуда буданд. Ҳангоми зиёфат, тамоми оила ногаҳон бемадор шуданд. Аз рӯи хотири Ҳафизова, онҳо бо душворӣ гап мезаданд. Ӯ гуфт, шавҳараш аслан маҷбур шуд, ки онҳоро ба берун кашонда барорад ва худаш бо душворӣ қадам зада, бо кофтукоби такси машғул шуд. Ин лаҳзае буд, ки қотил ӯро парронд.

Вақте ки пулис то саҳна мерасад, шавҳараш аллакай беҷон буд.

Чӣ тавр Умаралӣ Қувватов аз ватан ин қадар дур буда, ба чунин оқибати шадид дучор шуд?

Қатли ӯ охири ҳаёти ғайриоддӣ ва мухталиф шуд – ҳаёте, ки дар бораи кишварҳои шабеҳи Тоҷикистон, ки ҷумҳурии собиқ шӯравии аз ҳама қашшоқтарин ва ақибмонда аст, қисса мекунад.

Умаралӣ Қувватов, собиқ соҳибкори ба фаъоли мухолиф табдилёфта, соли 2015 дар Истанбул ба қатл расонда шуд.Манбаъ: Гуруҳи24

Якчанд сол пештар, Қувватов соҳибкори муваффақе буд, ки дар соҳаи савдо, сохтмон ва нафт миллионҳо даромад медид. Аммо тақдири минбаъдаи ӯ бо шарикӣ бо марде бо номи Шамсулло Соҳибов идома ёфт. Якҷоя, ҳарду тиҷоратҳои худро афзоиш доданд ва аз ҳисоби фурӯши сӯзишворӣ ба қувваҳои НАТО дар Афғонистон сарватманд шуданд.

Ҳамкорӣ хусусан барои Соҳибови ҷавонтар муҳим буд, чун Қувватов барои ӯ дар аввал ба мисли устод буд. Роҳнамоии ӯ ба Соҳибов дар қабули қарорҳои зираки сиёсӣ ва молиявии барои пешрафт лозим кумак расонд, аз ҷумла қарори муҳтамрини Соҳибов – издивоҷ бо аъзои оилаи ҳукмрон. Соҳибов сеюм аз ҳафт духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Рухшона Раҳмоноваро ба занӣ гирифт.

Вале ин лаҳзае буд, ки сарнавиштҳои ин ду мардро пароканда кард. Баробари баландтар шудани мавқеи Соҳибов, ӯ то сатҳе бонуфуз шуд, ки тиҷорати Қувватовро аз дасташ кашида гирад. Тавассути алоқаҳои худ, ӯ баъдан ширкати Фарозро ба як империяи бузурги ҳарчизххӯрандаи дорои манфият дар ҳама соҳаҳо, аз мактабҳои ронандагӣ то коргоҳҳои пӯлодрезӣ, парвариш кард. (Бинед: Вақте ки давлат тиҷорат аст).

Дар ин вақт, Қувватов бо ҳабс аз рӯи якчанд иттиҳом рӯ ба рӯ шуда, аз ватанаш ронда шуд. Дар бадарға буда, ба таъқиб аз ҷониби агентҳои ватанаш (аз рӯи гуфтаҳои дӯст ва хешовандонаш) нанигариста, ӯ ба раҳбари фаъоли мухолифон табдил ёфта, фасодеро, ки асоси ҳукмронии авторитарии Тоҷикистон мебошад, интишор мекард.

Марди шикоршаванда шуда, ӯ аввал ба Русия фирор кард, баъдан мувофиқи талаби мақомоти тоҷик ду бор зиндонӣ шуд – як бор дар Дубай ва бори дигар дар Туркия. Ҳамаи ин вақт, воситаҳои давлатии ахбори омма номи ӯро дар ватан поймол мекарданд ва шахсони номаълум ба занаш тавассути телефон таҳдид мекарданд. Ӯ ба масофаи кофӣ фирор карда натавонист, ва дар оқибат барои ба раҳбарони Тоҷикистон итоат накардан ҷони худро фидо кард.

Марги бераҳмонаи ӯ – аввал заҳр ва баъд тир дар кӯча дар назди зану фарзандонаш – натанҳо чораҳои шадидеро ошкор мекунад, ки режими Тоҷикистон барои ҷазо додани душманҳояш ба кор мебарад. Марги ин мард нишон медиҳад, ки дар ҳолати ба сатҳи дилхоҳи тараққии тиҷоратӣ расидани як шахс, дар ин кишвар чӣ метавонад рӯй диҳад: Ҳамаи дороиҳои ӯ метавонанд дар як лаҳза аз зери дасташ кашида гирифта шаванд.

На Маъмурияти президенти Тоҷикистон ва на Соҳибов ба дархостҳои шарҳ посух надоданд.

Раиси ғайбзада

Аз рӯзе, ки Фароз, ширкатеро ки Қувватов таъсис дода буд ва замоне роҳбарӣ мекард забт кард, Соҳибов онро ба як ширкати азим табдил дод. Баробари ин, дар таърихи ширкат ҳатто пайи Қувватов ёфт намешавад – гӯё ӯ ҳеҷ гоҳ вуҷуд ҳам надошт.

Роҳбари собиқи ин ширкатро танҳо дар гузоришҳои ахборотии куҳнаи фаромӯшшуда дидан мумкин аст. Рӯзномаҳои Русия ва Тоҷикистон то соли 2011 ӯро ҳамчун раиси Фароз номбар мекарданд. Ва як навори видеоӣ аз он давра ӯро дар назди Азамат Қосимов, ки директори деринаи ширкат аст, дар як конфронси матбуотӣ оиди логистикаи роҳи оҳан нишон медиҳад.

Аммо имрӯз, Қувватов дар ахборот қариб номбар намешавад ва дар сомонаи ширкат ҳам номаш ёфт намешавад. Воқеан, Фароз иштироки ӯро расман пурра рад кард.

“Ӯ дар сохторҳои ширкат ягон вазифа надорад ва ҳеҷ гоҳ надошт ва ҳеҷ гоҳ миёни муассисони он набуд”, гуфта мешавад дар номаи Фароз аз соли 2012. Ширкат ба ҳуҷҷатҳои дар тасарруф доштааш ва ҳуҷҷатҳои Вазорати адлия ва Кумитаи андоз истинод овард, ки “номи Умаралӣ Қувватовро надоранд”.

Аммо дастрас ва тафтиш кардани ин ҳуҷҷатҳо қариб ғайриимкон аст. Тоҷикистон аз назари хабарнигории мустақил кишвари душвортарини дунёст. Одатан, ҳуҷҷатгузории тиҷории он барои шахсони берунӣ дастнорас аст, ва ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистон бояд нусхаҳои шиносномаи худро пешниҳод кунанд ва дар ин ҳолат ҳам эҳтимоли бозпурсӣ аз ҷониби хадамоти амниятӣ зиёд аст.

Аз ин сабаб, аксарияти маълумоти дастрас дар бораи Қувватов, Фароз ва Соҳибов – марде, ки ширкатро аз дасташ гирифт – ба ҷои ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва сабтҳои ширкат, аз хотираҳои шахсии одамон гирифта шудааст.

Барои тасвири пурратари шикасти Қувватовро дарёфт кардан, хабарнигорони OCCRP бо беваи бадарғаи Қувватов; ҳомии ҳуқуқии ӯ дар Русия; ва ҷияни ӯ Шарофиддин Гадоев, ки дар Аврупо гурезаи режим буд, суҳбат карданд. Онҳо тавонистанд саргузашти муваффақияти Соҳибовро, ки ҳамчун шогирди Қувватов сар карда, онро беҷо кард, нақл кунанд.

“Як бачаи деҳотӣ”

Ба гуфтаи Гадоев, таҳкурсии муваффақияти Соҳибов охири солҳои 1970 гузошта шуда буд. Он вақт, Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Кӯроғонтеппа, тахминан 100 километр ҷанубтар аз пойтахт, кор мекард. Дар он солҳо, пешвои оянда мунтазам меҳмони хонаи бобои Соҳибов мешуд.

Баъд аз оне, ки Раҳмон соли 1994 президент шуд, бобои Соҳибов мақомдори маҳаллии пурнуфуз шуд.

Дар натиҷа, мувофиқи хотироти Гадоев, вақте ки ӯ дар аввали солҳои 2000 аз Қувватов, ки дар ин минтақа тиҷорати воридиоти сӯзишворӣ пеш мебурд, хоҳиш кард, ки устоди наберааш шавад, ва Қувватов даст кашида натавонист. Эҳтимоли зиёд аст, ки ин оғози роҳи Ҳамсулло Соҳибови ҷавон ба самти муваффақият буд.

Дар як мусоҳибаи соли 2012, Қувватов таассуроти худро оиди ин ҷавон ба хотир меорад. “Ман дар ин писар ояндае дидам. Дидам, ки аз таҳти виҷдон гап мезанад ва кӯшиш мекунад, ки [боғайрат] кор кунад”, гуфт ӯ.

Зани раҳматӣ Қувватов ба хотир меорад, ки Соҳибов қариб аз ҳама ҷиҳат ба шавҳараш муҳтоҷ буд. “Шамсулло як бачаи деҳотӣ буд, ӯ чизеро намедонист. Ӯ ҳатто хуб бо забони русӣ гап зада наметавонист. Ва ҳар чизе, ки ӯ омӯхт, аз шавҳари ман омӯхт.”

Ӯ инчунин ба хотир меорад, ки ин ду мард ба мисли хешовандон наздик буданд. “Онҳо мегуфтанд, ки дӯстии онҳо то охир аст. [Соҳибов] мехост соҳиби духтаре шавад, ки ба писари ман мерасид. … Ӯ бо Умаралӣ хеле наздик буд. Як соле, вақте ки аз Амрико ё Лондон баргашт... ӯ ҳатто дар хонаи худ хӯроки шом нахӯрда буд. Ӯ ҳамеша дар хонаи мо буд.”

Аз рӯи гуфтаҳои Гадоев, Соҳибов бо кумаки молии Қувватов дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил кард, ки дар онҷо бо зани ояндааш – духтари президент, ки инчунин ҳамон ҷо таҳсил мекард – шинос мешавад. Ҷиянаш ба хотир меорад, ки дастгрии Қувватов барои гирифтани розигии президент Раҳмон ҳалкунанда буд. Ин ҷуфт соли 2005 оиладор шуданд. Ва баъди ин тӯй шогирдии Соҳибов дар дасти Қувватов ба шарикии тиҷории ҳақиқӣ табдил ёфт.

"Гадоев ҳамаро аз даст медиҳад"

Худи Шарофиддин Гадоев низ ба ҳаракати мухолифи Гуруҳи 24, ки тағояш баъди кишварро тарк кардан таъсис дода буд, ҳамроҳ шуда, дар сиёсати мухолифи Тоҷикистон фаъол буд. Ӯ дақиқ гирифтори тарси пайгирӣ буд, вале барои як вохӯрӣ бо хабарнигори OCCRP розӣ шуд ва баъди мусоҳиба маълумоти тамосии худро иваз кард. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистонро баъди таҳдидҳои боздошт тарк кард.

Гадоев низ арз мекунад, ки бинобар бо тағои худ наздик буданаш тиҷораташро аз дасташ гирифтанд. Ӯ мегӯяд, ки то соли 2012 ягона молики ширкати таҳвили душанбегӣ бо номи “Голд Тур Транс” буд. Ӯ ба OCCRP гуфт, ки ба мақомот барои ширкатро январи 2012 забт кардан танҳо се рӯз лозим шуд.

Ӯ мегӯяд, ки дар он замон, ба ӯ намояндагони хадамоти амниятӣ ташриф оварда, талаб карданд, ки “Голд Тур Транс” аз нав ба номи Маҳмадулло Соҳибов, падари Шамсулло, қайд карда шавад. Ӯ мегӯяд, вакте талабро рад кард, ба ӯ бо иттиҳомҳои қалбакӣ таҳдид карданд. “Мо ҳатто метавонем марги Ленинро ба гардани ту гозорем”, ба хотир меорад Гадоев.

Ӯро се рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ доштанд. Баъдан, Гадоев ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои интиқоли тасарруфи ширкат лозимро имзо кард. Ӯ моҳи июни соли 2012 Тоҷикистонро тарк кард. Аз рӯи феҳристи ширкатҳо, охирин молики “Голд Тур Транс”-и акнун пароканда Фароз буд.

Марҳилаи тағйирот

“Баъди тӯй, ҳама чиз тағйир ёфт”, гуфт Қувватов ба як мусоҳибачӣ. “Вақте ки гап ба пул, қудрат ва сиёсат омад, дили ман аз ин писар пурра монд. Дидам, ки ин шахс иваз шуд. Ӯ дигар парвои ягон дарду душвориҳое, ки одамони маро азият медоданд, надошт.”

Муборизаи ошкор байни ин ду мард тобистони соли 2012 ифшо ёфт, ватқе ки Қувватов ба таври оммавӣ Соҳибовро дар забт кардани тиҷоратҳои худ айбдор кард.

Аксарияти воситаҳои ахбори омма ин қазияро “баҳси тиҷорӣ” номиданд. Аммо Тоҷикистон намунаи классикии падидае мебошад, ки “клептократия” номида мешавад. Клептократия кишваре мебошад, ки дар он элитаи сиёсӣ метавонад тариқи забт кардани тиҷоратҳои ҷолиби дилхоҳ миллионҳо дарёфт кунад. Соҳибкорон инро дидаву дониста, тиҷоратро дар ҳаҷмҳои хурд пеш мебаранд, то ба худ диққати бародар, тағобача ё домоди президентро ҷалб накунанд. Дар ҳоле, ки ин метавонад ҳеҷ гоҳ қатъиян исбот нашавад, эҳтимол аст, ки айнан ҳамин ҳолат байни Қувватов ва Соҳибов рӯй додааст, ки нуфузаш баъди ба оилаи резидент ворид шудан зиёд шуда буд.

Суҳбати телефонии ба таври пинҳонӣ сабтшуда, ки дертар аз ҷониби Қувватов интишор карда мешавад, ба ин фарзия эътибор медиҳад. Аз ин сабт фаҳмидан мумкин аст, ки Соҳибов нисбати Қувватов фишор меорад, ки маблағеро гирифта, ширкатро тарк кунад (замимаро бинед).

Сӯҳбат

Соҳибов: “Ин маблағи қонунии ту мешавад, ки ту метавонӣ давоми як ё ду рӯз ба даст гирӣ, ё ин ки дар дохили ширкат бимонӣ. Ин пули ту аст, чӣ коре мехоҳӣ кардан гир!”

“Агар пулро бигирӣ, албатта бояд пурра бароӣ. Ту бо ман рафтуомад намекунӣ, ва албатта мо дигар шарик ё ҳамкор намешавем.”

“Мо дигар ҳамкор нестем ва якдигарро намешиносем. Вале чизе, ки ваъда кардам, то ҳол эътибор дорад. Мо дӯст мемонем, механдем, табассум мекунем, ва ман, ҳамчун мард, намегузорам, ки касе ба ту зарар расонад. Ғайр аз ҳолате, ки дар тиҷорат ё додугирифт пеши роҳи якдигарро бигирем.”

Қувватов: “Созишҳо, созишҳо [чӣ мешаванд]?”

Соҳибов: “Дар мавриди созишҳо, агар пулро гирӣ ва аз ширкати ман бароӣ, чӣзе ваъда кардам, чизҳои дигари ваъда кардаам, ба ҳар ҳол эътиборнок мемонанд. Мо дӯст мемонем, на душман.”

Соҳибов: “Туро рондан... кори бадтарин, қарори охирине аст, [ки ман мехостам қабул кунам]. ... Ман метавонам миллионҳо аз даст диҳам, вале барои ман аз ҳама чизи муҳимтарин ин ном аст, чунки шахс дигар бузургтар шуда наметавонад, мефаҳмӣ? Ту маро пахш мекунӣ, ва ман бузург шуда наметавонам...”

Дар як мусоҳибаи телевизонӣ, Қувватов дертар фаҳмонд, ки дар он суҳбат чӣ шуд.

“Мо бо Соҳибов якҷо нишастем ва ман ба ӯ гуфтам, “Ман системаи [Фарозро] давоми 10 сол сохтам. Ту ҳамеша дар Англия ва Иёлоти Муттаҳида будӣ, ман ҳамаи корро кардам.” ... Ӯ гуфт, агар осоишта зиндагӣ кардан хоҳӣ, касе роҳи туро намегирад. Вагарна, мо ба ту маводи мухаддир мепартоем ва ту ба зиндон меравӣ”, гуфт Қувватов.

Николай Николаев, ҳомии ҳуқуқӣ ва машваратчии русии Қувватов, гуфт, ки баъди якум бор интиқоли тиҷорат ба Соҳибовро рад кардан, мақомот бар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва ӯро дар тасарруфи ғайриқонунии амвол, ҳабси ғайриқонунӣ ва амалиётҳои молиявии ғайриқонунӣ айбдор карданд.

“Фишор аз ҳамаи тарафҳо меомад”, гуфт Николаев, “аз милиса то хадамоти махсус. Қувватов гуфт, ки ӯро ба таври пинҳонӣ гӯш ва назорат мекунанд. Ба хешовандони ӯ таҳдид мекарданд.”

Зани Қувватов ин изҳоротро тасдиқ мекунад. Ӯ моилкунӣ, таҳдидҳо, иттиҳомҳои ҷиноӣ ва чораҳои дигареро ба хотир меорад, ки мақсадашон фишор ба шавҳари ӯ буд, то ҳиссаи худро дар ширкатҳои бунёд кардааш аз даст бидиҳад.

“Ба мо ҳар шахсони номаълум бо телефон занг мезаданд”, гуфт ӯ. “Ман ҳатто шахсан бо ин одамон гап зада будам. Онҳо мегуфтанд, ки агар шавҳарам тарк накунад, онҳо ман ё фарзандонамро нобуд мекунанд. Ман ҳатто сабте дорам, ки дар он Шамсулло ба шавҳарам 5 миллион доллар пешниҳод мекунад, то ӯ тарк кунад.”

Қувватов каме баъди ин кишварро тарк кард ва ҳамон тобистон ба Маскав кӯчид.

Аз тиҷорат ба сиёсат

Кунун ки Қувватов дар Русия зиндагӣ мекард ва муносибатҳои дӯстонаи худро бо режими Тоҷикистон аз даст дода буд, чунин ба назар мерасид, ки Қувватов қарор гирифт, ки вақти овози худро баланд кардан омад. Тобистони 2012, ӯ Гуруҳи 24-ро таъсис дод, ки як ҳаракати мухолифон буда, номаш бо хотири қурбониёни саркӯбии бераҳмонаи хадамоти амниятии Тоҷикистон дар ВМКБ гузошта шуда буд.

Ҳаракати мазкур натавонист шуҳрати Ҳизби наҳзати исломии куҳнатарро ба даст орад (нигаред: Фавти наҳзати исломии Тоҷикистон), аммо ҳаракат тарафдорони зиёд ҷалб мекард, ки аксарияти онҳо муҳоҷирони корӣ дар Русия буданд.

Ҳамон моҳи август, Қувватов якумин бор режимро ба таври оммавӣ дар телевизион танқид кард. Дар якчанд мусоҳиба, ӯ режимро барои авторитаризм ва ноқобилӣ барои идора кардани кишвар сарзаниш кард. Ӯ ба таври ошкор аз президент тақозо кард, ки ба истеъфо равад.

Стив Сведлов, мутахассиси Ҳуман Райтс Вотч оиди Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ки молики давлатманди бадарғаи шабакаи телевизионии К+ Мухтор Аблязов ба Қувватов иҷозат дод, ки як силсилаи барномаҳои шабакаро ҳамон тобистон бихарад. Ӯ инчуни гуфт, ки ин барномаҳоро ҳатто дар Тоҷикистон дида буданд.

Свердлов, ки он вақт дар кишвар буд, ба хотир меорад, ки чӣ тавр як фаррошзан суханҳои Қувватовро шунида, дар ҳайронӣ монда буд.

“Ҷоғаш афтод”, гуфт ӯ. “Ӯ ҳаракат намекард — шах шуд. Ӯ дар ҳаёташ якум бор дид, ки касе Худоро танқид мекунад. Ин манзара чашмони маро ялла кард, ман дидам, ки ибодати шахсияти [президент Раҳмон] дар Тоҷикистон чӣ андоза дорад.”

Дубай ва минбаъд

Декабри 2012, Қувватов дар фурудгоҳи Дубай, зоҳиран ҳангоми сафар ба Брюссел, мувофиқи “огоҳии сурхи” Тоҷикистон ба Интерпол боздошт шуд. Ӯ давоми нуҳ моҳ дар боздошт буд ва оиди истирдод шудан ё нашуданаш аз Аморати Муттаҳидаи Араб фарзияҳо тахмин мешуданд. Ӯ гоҳҳо изҳорот ё наворҳои видеоӣ нашр мекард – аз ҷумла суҳбатҳои ба таври пинҳонӣ сабтшуда бо Соҳибов – ва вақтҳои дигар тамоман дар тамос набуд. Фаъолони тоҷик дар Маскав дар назди сафорат эътироз мекарданд, ки АМА дархости истирдоди ӯро рад кунад, зеро, ба гуфти онҳо, ӯро дар ватанаш шиканҷа ё оқибати бадтар интизор буд.

Баъд аз оне, ки Қувватов ниҳоят моҳи сентябри соли 2013 озод шуд, ин оила ба Истанбул кӯчид, ва Қувватов онҷо ба тиҷорати хариду фурӯш шуруъ кард.

Октябри 2014, Гуруҳи 24 одамонро барои иштирок дар эътирозҳои мардумӣ зидди режим дар Душанбе даъват кард. Ҳукумат ба ин ба таври дурушт эътино карда, ҳатто алоқаи мобилиро қатъ кард, сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоиро баст ва дар саросари пойтахт мошинаҳои ҳарбӣ гузошт. Эътирозгарон ҷамъ наомаданд ва Гуруҳи 24 дарҳол созмони ифротӣ эълон шуд, аъзои он ҳабс шуданд ё ба хориҷ фирор карда, ҳамроҳи Қувватов бадарға шуданд.

Ҳамон декабр, Қувватовро бори дигар дастгир карданд. Ин дафъа пулиси Туркия. Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар истирдоди ӯро талаб карда, гуфтанд, ки ӯро дар ватан барои “ифротгароӣ” меҷӯянд ва ҳашт узви дигари Гуруҳи 24 инчунин дар Русия боздошт шуда, интизори истирдод ба ватан буданд.

Зарбаи ниҳоӣ

Пулиси Туркия дар аввали соли 2015 Қувватовро истирдод накарда, озод карданд. Вале интиҳо наздик буд. Ӯ давоми як моҳ кушта шуд.

5-уми март, Қувватов ҳамроҳи зан ва ду писараш ба хонаи як ҳамватани тоҷикистонӣ бо номи Сулаймон Қайюмов барои зиёфати шомгоҳӣ даъват шуда буданд. (Чӣ тавр шинос будани ин ду мард номаълум аст.) Ин шаб барои Қувватов марговар буд. Ба оила заҳр хӯронданд, вале онҳо зинда монданд. Қувватовро дар кӯча парронданд.

Таҳқиқи марги Қувватов ошкор кард, ки Қайюмов бо якчанд шарики тоҷик кор мекард, ки аз боздошт гурехтанд ва савори ҳавопаймо ба Маскав фирор карданд. Худи Қайюмов дастгир шуд ва бо ҷурми одамкушӣ ҳукми зиндони якумра гирифт. Хабарнигорон натавонистанд муайян кунанд, ки оё ӯ ҳоло ҷазои худро адо карда истодааст.

"Ин охир надорад"

Шояд фармонгари қатли Қувватов ҳеҷ гоҳ маълум нашавад. Аммо равшан аст, ки аз рӯзи тарки ватан карданаш, ва хусусан баъди дар соҳаи сиёсӣ фаъол шуданаш, режим ӯро беист таъқиб мекард.

Зани ӯ, масалан, медонад, киро айбдор кунад: Шамсулло Соҳибов ва аъзои дигари оилаи президентӣ.

“Ман бо боварии 100 фоиз метавонам бигӯям, ки шавҳари маро кӣ ба қатл расонд”, гуфт ӯ ба OCCRP. “Хун дар дасти онҳост. Ман бо шаш фарзанд мондам. Ин оила [Раҳмон] нисбати касе раҳм надорад. На барои занон, на барои кӯдакон.”

“То ҳамин рӯз... мақомоти Тоҷикистон ба модар ва хоҳарам [дар ватан] занг мезананд ва мепурсанд: Ӯ дар куҷост? Кай бармегардад? Ман намедонам, онҳо аз оилаи ман чӣ мехоҳанд. Онҳо шавҳари маро куштанд, аммо то ҳол сер нашуданд.”

Ӯ мефаҳмонад, ки мақомот ба оилааш фишор меоранд, ки ӯро барои ба Тоҷикистон баргаштан ва бо режим оштӣ кардан моил кунанд. “Мо сулҳ мекунем, ва ин бояд оммавӣ бошад, ва [ман] бояд дар Тоҷикистон зиндагонӣ кунам ва хомӯш бошам. ... Ман ҳеҷ гоҳ ба ин гуфтугӯ намеравам.”

Овози меҳрубони Ҳафизова сахт мешавад. “Ҳатто агар фарзандонамро дар наздам ба қатл расонанд. Ман ҳеҷ гоҳ аз онҳо бахшиш намепурсам.”

XS
SM
MD
LG