Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақте, ки давлат тиҷорат аст"


Муаллифон: Влад Лавров, Олга Гейн, OCCRP Тоҷикистон

Тоҷикистон, кишвари қашшоқтарини Осиёи Марказӣ, чанде пеш таҷҳизоти хеле муосир дарёфт кард. Дар соли 2017, дар марказҳои тиббии тамоми кишвар зиёда аз 600 лабораторияи ташхисии муосир насб гардид, ки қобилияти иҷрои тафтишҳои ДНК, таҳлилҳои генетикӣ ва амалиётҳои дигаранд. Ин лабораторияҳо дар чорчӯбаи ҳамкорӣ байни ҳукумат ва ширкати хусусии Фароз таъмин карда шуданд, ва ин якумин ва охирин боре нест, ки ин ширкат аз чунин додугирифти имтиёзнок баҳра мебарад.

Воқеан, тоҷикон дар рӯзгори ҳаррӯзаи худ бо номи ин ширкат мунтазам дучор мешаванд. Фароз дар як қатори беохири соҳаҳо фаъол аст, аз ҷумла дар нафту газ, истихроҷи маъдан, терминалҳои гумрук, мактабҳои ронандагӣ, истироҳатгоҳҳо, комплексҳои варзиши зимистонӣ, бонк ва соҳаҳои дигари хусусӣ.

Як навори таблиғотии зебо муваффақияти ширкатро ба муваффақияти Тоҷикистон баробар мекунад: “Фароз. Ширкати ватанӣ бо манфиатҳои миллӣ.” Ва ин муваффақиятро президент Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 сол боз ҳукмронии кишварро дар дасташ дорад, мунтазам ситоиш мекунад. Ҳар гоҳе ки Фароз ягон лоиҳаи нави худро месупорад, эҳтимол аст, ки Раҳмон барои буридани навори ҷашнӣ, баён кардани нутқ ё барои суратгирон қарор истодан омода аст.

Бинобар ин, чаро сардори беҳснопазири Тоҷикистон нисбати ширкати хусусӣ чунин рағбати баландпоя дорад? Тавре ки маълум мешавад, сабаби хубе вуҷуд дорад: Ҳама гап дар сари оила.

Фигураи асосӣ дар инҷо Шамсулло Соҳибов мебошад, ки яке аз духтарони президентро ба занӣ гирифтааст. Домоди Раҳмон буда, Соҳибови 36-сола дар кишваре, ки аз ҷониби элитаи камшумори мустақил идора мешавад, мақоми пурқудрате дорад.

Эдвард Лемон, як мутахассис оиди Тоҷикистон дар Институти ба номи Ҳарриман дар Донишгоҳи Колумбия, мефаҳмонад, ки иқтисодиёти кишвар аксаран дар дасти соҳибкорони ба оилаи президент наздик мебошад, ки нуфузи худро нисбати мақомот барои “бозорро ба худ нигарондан” истифода мебаранд.

“Ин фасод... дар ҳамаи сатҳҳои ҷамъият ва иқтисод паҳн шудааст”, - гуфт Лемон ва афзуд, "Соҳибов — соҳиби Фароз — истисно намебошад."

“Агар Соҳибов аз оилаи [Раҳмон] зан нагирифта, қисми система намешуд, Фароз... шояд худаш зери ҳадаф қарор мегирифт”, - идома дод Лемон.

Вале ӯ қисми система аст. Ва ин ба Соҳибов имконият дод, ки Фарозро то баландиҳои ҳатто бузургтар барад. Таҳқиқи Лоиҳаи гузоришдиҳии ҷинояткории муташаккил ва фасод (OCCRP) нишон медиҳад, ки рушди ширкат умдатан бинобар эҷод шудани имкониятҳо аз ҷониби ҳукумат барои пешрафти ширкати мазкур ва таъмини қафомонии рақибонаш амалӣ шуд. Давлат ба фоидаи ширкат истифода бурда шуд, ва на баръакс.

Рӯзноманигорон бо Фароз, Соҳибов ва маъмурияти президент бо мақсади шарҳ гирифтан дар тамос шуданд, вале посухе нагирифтанд.

Бунёди империя

Аз рӯи ҳуҷҷатҳо, Соҳибов аз январи имсол соҳиби ягонаи Фароз аст. Ин вақте буд, ки ӯ аз Шоҳигарии Муттаҳида баргашт, ки чандин сол дар онҷо ҳамчун намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон кор мекард.

Пеш аз он, аз рӯи манбаҳои расмӣ, ширкат ба номи падараш Маҳмадулло ва бародараш Зайнулло қайд шуда буд. Аммо ба хабарнигорон маълум шуд, ки ширкат воқеан аз рӯзе, ки Соҳибов онро аз шарикаш дар соли 2012 кашида гирифт, шахсан аз они ӯст. (Бинед: Куштор дар Истанбул)

Вақте ки Фароз соли 2002 таъсис дода шуда буд, соҳаи асосии фаъолияти он воридоти сӯзишвории моеъ буд. Ин ва фурӯши сӯзишворӣ — ширкат то Афғонистон қубур дорад — то ҳол ҳиссаи муҳими тиҷорати он аст. Ширкат шабакаи иборат аз 50 нуқтаи фурӯш дорад, ки дар бозори чакана газ ва маҳсулоти нафтӣ мефурӯшанд.

Аммо Фароз як иштирокчии одии бозор намебошад — он як қувваи ҳукмфармо шудааст. Соли 2013, ширкат “Анҷумани воридкунандагони нафт ва гази моеъ”-ро таъсис дод, ки ҳадафаш аз рӯи феҳристи ширкатҳои тиҷорӣ ҳифзи “манфиятҳои воридкунандагони нафт” мебошад. Ба он нанигариста, ки анҷуман ҳатто вебсайти худро надорад, нуфузи он ба бозор набояд аз эътибор берун қарор дода шавад. Ду манба аз дохили соҳа, ки нахостанд номҳояшон ошкор шаванд, ба хабарнигорон гуфтанд, ки воридкунандагони довталаб барои дарёфти иҷозатномаи воридотӣ ё иҷозати насб кардани чалакҳои сӯзишворӣ, бояд майлу рағбат ба даст оранд.

Барои рӯйхати ширкатҳои фаръии тоҷикистонии Фарозро аз феҳристи давлатӣ боргирӣ кардан, инҷоро зер кунед.

Вале ин рӯзҳо, Фароз ниятҳои хеле бузургтар дорад. Воқеан, ширкат то дараҷае бузург шудааст, ки соҳае намондааст даст назада бошад.

Аз зиёда аз 40 ширкат иборат буда, он дар соҳаи таҳвили бор, фармасевтика, технологияҳои иттилоотӣ, истихроҷи маъдан, бонк, пӯлод ва фароғату саёҳат фаъолият мекунад.

Ва аксарияти муваффақияти онро ба кумаки берунӣ мансуб донистан мумкин аст. Таърихи тиҷоратии охирини ин ширкат нишон медиҳад, ки ҳукумат тариқи ҷорӣ кардани қонунҳои мусоид, зери фишор қарор додани рақибҳои ширкат ва ба он фурӯхтани амволи давлатӣ бо нархҳои паст ба он кумак мерасондааст. Баъзан, давлат ҳатто ба Фароз иҷозат медиҳад, ки дар соҳа бозингари ягон бошад.

OCCRP соҳаҳои асосии саноатеро, ки Фароз дар онҳо ҳузури пешқадам дорад, ва ҳиллаҳои мувофиқи ҳукуматро таҳқиқ кард. Барои хондан, пайвандҳоро зер кунед:

Бонк

Оҳан ва пӯлод

Истихроҷи маъдан

Растаниҳои шифобахш

Мактабҳои ронандагӣ

Варзиши зимистона

Терминалҳои гумрук

XS
SM
MD
LG