Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Рӯйдодҳои соли 2018


Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори мустақил аз Тоҷикистон, баъди муроҷиати оммавиаш ба президент оиди фасоди эҳтимолӣ дар мақомоти маҳаллӣ, рӯзи 5-уми декабри соли 2017 бозодошт шуд. Ӯ нуҳ моҳ пас, моҳи августи соли 2018, озод карда шуд.
Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори мустақил аз Тоҷикистон, баъди муроҷиати оммавиаш ба президент оиди фасоди эҳтимолӣ дар мақомоти маҳаллӣ, рӯзи 5-уми декабри соли 2017 бозодошт шуд. Ӯ нуҳ моҳ пас, моҳи августи соли 2018, озод карда шуд.

Вазъияти мудҳиши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2018 боз бадтар шуд. Мақомоти Тоҷикистон бинобар сабабҳои сиёсӣ мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифат, хабарнигорон ва хешовандони дигарандешони осуда дар хориҷи кишварро ба муҳлатҳои дуру дароз паси панҷара гузоштанд.

Саркӯбии озодии баён, муттаҳидшавӣ ва дин ба ҳар дараҷаи зуҳуроти дигарандешӣ паҳн шуд — ҳатто ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки сиёсати ҳукуматро беозорона танқид кардаанд. Хусусан нигаронкунанда пайдо шудани феҳрасти шахсони ҳамчун мансуби гуруҳҳои ЛГБТ донисташуда аст, ки садҳо нафарро зери хатари боздошт ва тамаъҷӯӣ аз ҷониби пулис мегузорад.

Мақомот маъракаи баргардонии маҷбурии рақибони сиёсӣ аз хориҷаро пурзӯртар карда, бо ин мақсад дархостҳои истирдоди дорои табиати сиёсӣ ба INTERPOL, созмони байналмилалии пулис ва инчунин ҳамкориҳои худ бо хадамоти пулис ва амнияти Туркия ва Русияро истифода мебаранд. Ҳадафҳои охирини эҳтимолан садҳо “огоҳии сурхи” INTERPOL ва дигар дархостҳои истирдоди ҳукумати Тоҷикистон аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикитсон (ҲНИТ) ва гуруҳи мухолифи Гуруҳи 24 буданд, ки ҳарду созмон дар Тоҷикистон мамнуъ ва “ифротӣ” эълон шудаанд.

Бо вуҷуди ин, соли 2018 инчунин шоҳиди якчанд қадами мусбии ҳукумат дар ҳолатҳои алоҳидаи зӯроварӣ шуд, ки баъди маъракаҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешуданд.

Ситам ба дигарандешон дар хориҷа

Тибқи огоҳии сурхи Тоҷикистон, 9-уми октябри 2017 мақомоти муҳоҷирати юнонӣ фаъоли ҲНИТ Мирзораҳим Кузовро ҳангоми бозгашт аз конфронс доир ба ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон дар қитъаи транзитии Фурудгоҳи байналмилалии Афин қарор доштанаш боздошт карданд. Кузов то 29-уми ноябр дар боздошт буд. Бо дахолати гуруҳҳои юнонӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, додгоҳи юнонӣ дархости истирдоди Тоҷикистонро рад кард.

5-уми феврал, пулиси Истанбул соҳибкор ва узви ҲНИТ, Нумонҷон Шариповро боздоштанд, ки Тоҷикистонро соли 2015 тарк карда буд, Давоми якчанд рӯзи пеш аз боздошт шуданаш, мақомдорони тоҷик дар Истанбул ба чойхонаи Шарипов ташриф оварда, ба ӯ фишор меоварданд, ки ба Тоҷикистон баргардад. Баъди 11 рӯзи боздошт, мақомдорони тоҷик ӯро маҷбур карданд, ки савори тайёра ба Душанбе шавад. 20-уми феврал, Шарипов дубора дар телевизиони давлатии Тоҷикистон пайдо шуда, изҳор кард, ки бозгашташ ба кишвар “ихтиёрӣ” буд. Хешовандон ва худи Шарипов ба Human Rights Watch гуфтанд, ки ӯро хадамоти амниятии Тоҷикистон боздошт карда буд. Баъд аз эътирозҳои ҷамъиятӣ, мақомдорони тоҷик моҳи июн ба Шарипов иҷозат доданд, ки ба Туркия баргардад.

Моҳи март, пулиси Туркия инчунин раиси Гуруҳи 24 Суҳроб Зафар ва аъзои он Насимҷон Шариповро (бо Нумонҷон Шарипов хешутаборӣ надорад) тибқи дархости истирдоди мақомоти Тоҷикистон боздошт кард. Ҳомиёни ҳуқуқии онҳо ба Суди конститутсионии Туркия аризаи қатъ кардани истирдод пешниҳод карда, арз карданд, ки бозгашт ба ватан барои ҳарду боиси хатари зиёди шиканҷа аст. Додгоҳ истирдодро бекор кард ва Шарипов моҳи июл озод шуд. Зафарро моҳи октябр озод карданд.

Тоҷикистон инчунин дигар фаъолони мухолифатро боздошт кард ё маҷбуран аз кишварҳои мухталиф баргардонд, аз ҷумла Наимҷон Самеев, собиқ раиси ҲНИТ дар вилояти шимолии Суғди Тоҷикистон, ки 30-юми ноябр дар Русия боздошт шуда, дарҳол маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонида шуд ва, ба гуфтаи хешовандонаш, дар боздоштгоҳи хадамоти амнияти Тоҷикистон зери хатари зиёди шиканҷа қарор дорад.

Авҷи фишори Душанбе нисбати ҲНИТ баъди ҳамлаи 29-уми июл рост меояд, ки чор дучархсаворро — ду амрикоӣ, як швейтсарӣ ва як ҳолландӣ — дар ҷануби Тоҷикистон аз ҷон маҳрум кард. Давлатӣ Исломӣ (инчунин ДИИШ номида мешавад) масъулияти ин ҳамларо ба зиммаи худ гирифт ва як навори видеоие паҳн кард, ки дар он ҳамлагарон ба гуруҳи савганди садоқат медиҳанд. Бо вуҷуди он, ки ДИИШ масъулиятро ба зиммаи худ гирифт, ва бо вуҷуди набудани ягон гуна далели эътиборнок, ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-и дар Аврупо қарор доштаро дар ташкил кардани ҳамла айбдор кард. ҲНИТ масъулияти худро рад кард. ҲНИТ изҳор кард, ки иттиҳомҳо “беасос ва бемантиқанд” ва тафтиши бодиққат талаб кард.

Оилаҳои дигарандешон

Мақомот инчунин хешовандони дигарандешони осудаи дар хориҷа қарордоштаро ситам дод. Фаъолони дар Фаронса, Олмон ва Лаҳистон қарордошта ба Human Rights Watch гуфтанд, ки хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон мунтазам хадамоти амният зиёрат мекарданд, ба онҳо фишор меоварданд, ки хешовандони худро мазаммат кунанд ва дар бораи макони буду бош ва фаъолияти онҳо маълумот пешниҳод кунанд ва ба онҳо таҳдид мекарданд, ки агар ин аъзои мухолифат фаъолияти осудаи худро қатъ накунанд, хешовандонашонро ба зиндон мебаранд.

Ҳукумат инчунин ба хешони наздики фаъолони мухолифат, аз ҷумла фарзандон ва набераҳо, иҷозати сафар кардан намедиҳад. Мақомот давоми якчанд сол ба Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи 4-солаи роҳбари бадарғаи ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, иҷозат намедоданд, ки барои муолиҷаи ҳаётан муҳими саратони узви таносул ба хориҷи кишвар сафар кунад. Вале баъди дучори фишори байналмилалӣ шудан, 29-уми июл мақомот гузашт карданд.

Духтари 10-солаи Шабнам Худойдодова, Фотима Давлатова инчунин ба ҳолати шабеҳ дучор шуд. Ӯро сарҳадчиён аз рейси 4-уми август фароварданд. Ӯ ният дошт, ки ҳамроҳи хешовандонаш кишварро тарк карда, бо модараш дар Аврупо бипайвандад. Баъди як маърака дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомот рӯзи 11-уми август ба ӯ ва хешовандонаш иҷозат доданд, ки аз Тоҷикистон фирор кунанд.

Моҳи сентябр, додгоҳи Душанбе ба Раҷабалӣ Комилов, бародари узви ҲНИТ Ҷанатулло Комилови дар Олмон қарордошта, бо иттиҳоми фарзии узвият дар ҳизб ва ҷиноятҳои номуайян дар давоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ҳукми даҳ соли зиндон дод. Комилов ба Human Rights Watch гуфт, ки парвандаи бародари ӯ бо мақсади ӯро ба ватан баргардондан боз шуда буд.

Озодии баён

Ҳар гоҳе дар интернет нисбати президент, оилаи ӯ ё ҳукумат ягон изҳороти танқидӣ зоҳир мешавад, мақомот дастрасиро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарии маъмул, аз ҷумла Facebook, YouTube ва Радиои Аврупои Озод, суботкорона қатъ мекунанд, ва мунтазам хизматрасониҳои алоқаи овозӣ ва паёмнависии мобилиро қатъ мекунанд.

22-юми август, суди апеллятсионии Тоҷикистон ҳукми ҳабси дувоздаҳсолаи хабарнигори мустақил Хайрулло Мирсаидовро бекор кард, ки декабри 2017 баъди навиштани як номаи оммавӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон боздошт шуда буд, ки фасоди миёни мақомдорони маҳаллиро ифшо мекард. Ҳукми Мирсаидов дар тартиби апеллятсионӣ бо ҷаримаи 80 000 сомонӣ (8500 доллар) ва як соли меҳнати ҷамъиятӣ иваз карда шуд. Маъракаи байналмилалии #FreeKhayrullo қаблан қазияи ӯро интишор кард.

Моҳи август суд ба Умар Муродов барои “таҳқири” президент Раҳмон дар шабакаи иҷтимоии Одноклассники ҳукми панҷуним соли зиндон дод. Як тағйироти тирамоҳи 2017 ба қонунгузорӣ барои “таҳқири оммавии [президент] Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ” ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ кардааст.

Инчунин, моҳи август, суд сарбози қушунҳои сарҳадӣ Бежан Иброҳимовро, баъд аз он, ки гӯё ӯ сурати байрақи гуруҳи исломии Ансаруллоҳро нашр кард ва бо собиқ ҳамсинфи дар Сурия ё Ироқ қарор доштааш дар интернет суҳбат кард, бо ҷурми “ифротгароӣ” ба ҳафт сол маҳкум кард.

Моҳи сентябр, ҳомии ҳуқуқи инсон Шуҳрат Қудратов ва мунаққиди ҳукумат Абубакр Азизхоҷаев, ки ҳабси онҳоро дар солҳои 2014 ва 2016 гуруҳҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамчун дорои заминаи сиёсӣ хонданд, баъди адо кардани муҳлатҳои худ аз зиндон озод шуданд.

Озодии дин ва мазҳаб

Ҳукумати Тоҷикистон озодии дин ва мазҳабро шадидан маҳдуд карда, шаклҳои муайяни либосро мамнуъ мекунад, аз ҷумла пӯшидани ҳиҷоб барои занон ва доштани риши дароз барои мардон. Салафия, шохаи бунёдгароии ислом аст, ва аз соли 2011 дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст ва мақомот мунтазам мардумро бинобар эҳтимолан ба гуруҳҳои салафия тааллуқ доштан боздошт мекунанд.

Моҳи август, мақомот блогери мухолиф Ҷунайдулло Худоёровро бинобар иртиботи эҳтимолӣ бо ифротгарони мусаллаҳи салафӣ айбдор карданд. Ба ӯ 5 соли зиндон доданд. Баъди эълони шудани ҳукмаш, Худоёров ба хабарнигорони дихили додгоҳ гуфт, ки парвандаи ӯ заминаи сиёсӣ дошта, интиқом барои мақолаҳои оид ба фасоди мақомдорони маҳаллӣ аст ва “ин нашрҳо ба салафия ягон иртибот надоранд”. Моҳи август, Тоҷикистон ҳафт салафии қаблан аз Русия истирдодшударо, баъди эълони аз ҳаракат ҷудо шуданашон афв кард.

Соли 2018, Вазорати фарҳанг “Китоби тавсияҳо”-ро нашр кард, ки ботафсил навъҳои либоси “тасвибшуда” барои занони аз ҳафт то ҳафтодсоларо тасвир мекунад. Мақомот лӯхтакҳои Барбии ҳиҷобпӯшро мамнуъ карданд, ва ба ҷои он “куртаи миллиро” тарғиб карданд. Мусулмонони порсо маҷбур шуданд ришҳои худро тарошанд, то ҳуҷҷатҳои мусодирашудаи худро баргардонанд.

Зӯроварии хонаводагӣ

Дар охири соли 2018, мақомот дар самти мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ нисбати занон ва кӯдакон якчанд қадам гузошта, беш аз 15 идораи пулисро бо нозирзанҳо, ки аз таълими махсус гузаштаанд, таъмин кард. Вазорати корҳои дохилӣ инчунин барои амалӣ гардонидани қонуни Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дастурҳои иловагӣ таҳия кард. Бо вуҷуди ин, ҷафодидагони зӯроварии хонаводагӣ, ҳуқуқшиносон ва таҳвилгарони хизматрасониҳо хабар доданд, ки қонуни мазкур умдатан иҷро нашуда мемонад ва азияти ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ бинобар норасоии муҳофизат, аз ҷумла норасоии шадиди паноҳгоҳҳои ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ, идома меёбад.

Мавқеияти ҷинсӣ ва айнияти гендерӣ

Бо вуҷуди ғайриқонунӣ набудани ҳамҷинсгароӣ, аъзои гуруҳҳои ЛГБТ дар Тоҷикистон ба поймолкунии ҳуқуқ дучор мешаванд. Октябри соли 2017, баъди гузаронидани амалиётҳои интизомии “Ахлоқ” ва “Тозакунӣ”, гӯё барои муҳофизат кардани ақаллиятҳои ҷинсӣ ва қатъ кардани паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, мақомот оиди таъсис додани феҳрасти махсусе эълон кард, ки 367 шахси “исботшудаи” ЛГБТ-ро дар бар мегирад. Бунёди чунин феҳраст садҳо нафарро зери хатари боздошт ва тамаъҷӯӣ аз ҷониби пулис ва шармандагии шадиди ҷамъиятӣ мегузорад.

Акторҳои байналмилалии асосӣ

Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва дигар акторҳои байналмилалӣ нисбати андешидани чораҳои ҷиддӣ нисбати вазъияти шадиди ҳуқуқ дар Тоҷикистон умдатан бемайлӣ нишон додаанд, зеро онҳо намехоҳанд Душанберо бинобар мавқеи геостратегиаш дар марз бо Афғонистон аз худ дур кунанд.

Баъди эълон шудани ҳукми дувоздаҳсолаи Хайрулло Мирсаидов, ИМА, БК, Олмон, Фаронса ва ҳайати ИА дар Тоҷикистон изҳороти муштарак нашр карда, ҳукми мазкурро “бениҳоят шадид” номиданд. Онҳо гуфтанд, ки “ин ҳукм ба озодии матбуот ва баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад”. Баъди маъракаи байналмилалӣ баҳри дастгирии ин хабарнигор, ин ҳукм дар тартиби апеллятсионӣ бекор карда шуд.

Ҳарлем Десир, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои озодии воситаҳои ахбори омма, изҳор кард, ки ӯ “аз ҳукми шадид ва номутаносиби хабарнигор ба изтироб омад”.

9-уми март, ИА ва Тоҷикистон дар Брюссел шашум нишасти Кумитаи ҳамкорӣ доштанд. Бад шудани шароити ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро таъкид карда, намояндагони ИА қайд карданд, ки стратегияи ИА “ислоҳот ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсонро” тарғиб мекунад.

Дар ҳисоботи солонаи 2018-и худ, Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии дин ба Департаменти Давлатӣ тавсия дод, ки Тоҷикистонро бинобар нақзҳои шадиди озодии динӣ дубора ҳамчун “кишвари боиси нигаронии махсус” эътироф кунад.

Моҳи май, Гуруҳи кории СММ оид ба ҳабси ғайриқонунӣ хулоса баровард, ки боздошт ва ҳабси муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит аз сентябри соли 2016 нақзи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳуқуқи башар аст, ва тақозод кард, ки ӯ фавран озод карда шавад. Дар хулосаи шабеҳи моҳи июл, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар ҳабси дардавоми дигар узви мухолифат, Зайд Саидовро ғайриқонунӣ эълон кард, ва талаб кард, ки ӯ фавран озод шавад.

Дар сеюм гузориши давравии худ оид ба Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2018, Кумитаи СММ оид ба шиканҷа нигаронии худро нисбати хабарҳои шиканҷа дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои муваққатӣ, аз ҷумла ҳолатҳои марг ҳангоми дар боздошт будан, изҳор кард. Дар гузориш инчунин мушкилиҳои ҷиддӣ бо зӯроварии хонаводагӣ ва таъқиби аъзои ақаллиятҳои ЛГБТ номбар шудаанд. Кумитаи мазкур аз Тоҷикистон тақозо кард, ки хабарҳои дучори шиканҷа шудани аъзои ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, Раҳматулло Раҷаб ва Саидумар Ҳусайновро тафтиш кунад.

XS
SM
MD
LG