Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ ба гуфтугӯи мустақими хукумати Афғонистон бо Толибон


Мулоқот бо ҳайъати Толибон дар Қатар
Мулоқот бо ҳайъати Толибон дар Қатар

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба музокироти оҷил ва мустақими байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон даъват кард. Ӯ гуфт сулҳ танҳо аз роҳи "муколамаи фарогир ва дохили афғонҳо" ба даст меояд.

Дар гузориш ба Шӯрои амнияти СММ, ки рӯзи 7 март пахш шуд, Гутерреш гуфт, рушди феълӣ "шояд муҳимтарин фурсат барои хотима додан ба ҷанги 17-сола бошад".

Дабири кулли СММ таъкид кард, ки сулҳу субот танҳо аз роҳи музокироти байни афғонҳо ҳосил мешавад.

"Ман ба оғози гуфтугӯи оҷил, мустақим ва фарогир барои хотима додан ба ин низоъ ва хисороти ҷонии ғайри қобили қабул даъват мекунам",- гуфт Гутерреш.

Толибон то ҳол гуфтугӯи мустақим бо ҳукумати Афғонистонро рад мекунад ва талаб дорад, ки нахуст нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар берун раванд.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико соли 2001 дар ҳоле ба Афғонистон ворид шуд, ки ҳукумати таҳти назари Толибон аз гурӯҳи даҳшатафкани Ал-Қоида ва рабҳари он Усома бин Лоден, ки ҳамлаи террористӣ ба ИМА-ро ташкил карда буд, пуштибонӣ намуд.

Гурӯҳи Толибон аз ҳукумат дур карда шуд, аммо солҳои ахир талошҳояшро барои сарнагун кардани ҳукумати Кобул афзоиш дод.

XS
SM
MD
LG