Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи тоҷик": "Хомӯш кардани барқ ҳаст, аммо лимит нест"


Ширкати саҳҳомии "Барқи тоҷик" расман тасдиқ кард, ки дар кишвар барқ хомӯш карда мешавад. Чанд рӯз ба ин тараф сокинон пойтахт ва манотиқ шикоят мекунанд, ки соатҳои дароз интиқоли барқ ба манзили онҳо қатъ карда мешавад. Шаҳрвандон аз он тарс доранд, ки "лимит"-и барқ дубора шуруъ шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 7-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ қатъи интиқоли барқ ба манзили сокинонро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ҷаноби Ёдгорӣ, ин кор ба хотири таъмири таҷзиҳоти интиқоли барқ сурат мегирад, ки дар фасли зимистон фарсуда шудаанд.

"Қатъи интиқоли қувваи барқ инчуни ба хотири омодагӣ ба мавсими обёрии мошинӣ ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯз аст. Мардум дар рӯзҳои ҷашн бояд пурра бо барқ таъмин бошанд",-гуфт Ёдгорӣ.

Ин мақоми ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, қатъи интиқоли барқ бо навбат дар пойтахт ва манотиқ сурат мегирад ва сокинон қаблан огоҳ карда мешаванд. Дар ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, ҳоло маълум нест, ки қатъи барқ ба манзили сокинон кай анҷом меёбад.

Зимнан сокинон аз манотиқи кишвар аз оғози ҳафтаи равон шикоят доранд, ки соатҳои дароз аз барқ маҳруманд. Ба гуфтаи сокинон, ин маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ шабона ва баъзан рӯзона низ сурат мегирад.

То ду соли пеш мушкили таъмини барқ аз масоили доғи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 2017 давлати Тоҷикистон лимити барқро бекор кард. Лимити барқ ё ба ибораи мардум "светкушӣ" дар Тоҷикистон ҳаддиақал 20 сол тӯл кашид.

XS
SM
MD
LG