Мақомоти интизомӣ дар Суғд Саидҷон Бойзода, сардори Оҷонсии таъминоти амволи махсус дар ин вилоятро боздошт кардааст.
Таърихи дақиқи боздошт нашр намешавад, танҳо гуфта мешавад, ки Бойзода моҳи феврал бар асоси чанд иттиҳом, аз ҷумла "азхуд кардани маблағи буҷа", ки барои ғизои сарбозон ҷудо шуда буд, муттаҳам мешавад. Тафтиши шурӯъшуда дар Оҷонсии таъминоти амволи махсус боис ба барканории ҳамаи раҳбарияти ин ниҳод шуд.
"Пули хӯроки сарбозон ба куҷо рафт?"
Ҳадди ақал ду манбаи мустақил дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ боздошти Саидҷон Бойзода, роҳбари Оҷонсии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғдро тасдиқ карданд.
Ҳаҷми маблағи ҷудошуда барои бахши низомии Тоҷикистон сирри давлатӣ аст.
Аз ҷумла, як манбаъ дар Оҷонсии таъминоти амволи махсус бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидҷон Бойзода аз сӯи мақомотҳои тафтишотӣ дастгир шудааст. Ба қавли манбаъ, боздошти Саидҷон Бойзода дар пайи як тафтиш дар Оҷонсии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғд сурат гирифт. Тафтиш, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳанӯз дар оғози соли равон шуруъ шуда буд.
"Тафтишот дар раёсати Оҷонсии таъминоти махсус дар вилояти Суғд, ки Саидҷон Бойзода онро роҳбарӣ мекард, камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла азхуд кардани маблағҳои буҷетиро ошкор кард. Дар баъзе аз ин камбудиҳо аз ҷумла ғайб задани маблағи буҷетӣ худи Бойзода гумонбар мешавад",-гуфт манбаъ.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, ки қазияи Саидҷон Бойзода зери тафтиши ҷиддӣ қарор дорад ва гунаҳгор будани ӯро танҳо додгоҳ муайян мекунад. Мақомоти Додситонии низомӣ дар вилояти Суғд бо далели халал нарасондан ба рафти тафтишот, аз ироаи ҳамагуна маълумот дар бораи боздошти Саидҷон Бойзода худдорӣ мекунанд.
Мақомот мегӯянд, танҳо баъди анҷоми тафтишот ҷузъиёти онро ба расонаҳо дар миён мегузоранд. Рӯзи 6-уми март як масъули идораи Оҷонсии таъминоти амволи махсус дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидҷон Бойзода дар боздошт аст.
"Камбудиҳои ҷиддӣ дар кори ин Оҷонсӣ"
Оҷонсии таъминоти амволи махсус як сохтори ниманизомӣ буда, таъмини артиши Тоҷикистон бо хӯрок ва сарулибос ба дӯши ин сохтор аст. Ин Оҷонсӣ ҳарчанд ҳамчун идора дар назди ҳукумат кор мекунад, аммо дар тобеияти худ баталиони кишоварзӣ дорад.
Номи Оҷонсии таъминоnи амволи махсуси Тоҷикистон як ҳафтаи ахир дар расонаҳо зиёд садо дод. Ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони ин идораро пурра аз мақом барканор кард.
Аз ҷумла, Лолахон Раҳмонзода, роҳбари ин идора бо далели бознишаста шудан аз кор озод шуд. Бобоҷон Саидзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ низ аз мақом озод ва ба курсии муовини аввали раиси Оҷонсии таъминоти амволи махсус нишаст.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ барканории роҳбарияти Оҷонсии таъминоти амволи махсусро бо далели ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори ин Оҷонсӣ дар вилояти Суғд рабт медиҳанд. Пеш аз ин дар моҳи декабр хабарҳо дар бораи барканории як мақоми Додситонии низомии вилояти Суғд расонаӣ гардида буд.
Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, собит кунад, ки барканории мақоми додситонии вилояти Суғд ба боздошти Саидҷон Бойзода, роҳбари Оҷонсии таъминоти амволи махсус дар Суғд рабт дорад ё не.
"Оча, моро гурусна ба машқ мебаранд"
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидҷон Бойзода ҳамчун роҳбари ниҳоди таъминкунандаи сарбозон бо маводи зарурӣ бори дигар баҳси таъмини қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон бо маводи ғизо ва сарулибосро доғ кард. Ин масъала дар солҳои қабл низ буд, вале мақомот ҳамвора вуҷуди мушкил дар ин самтро рад кардаанд.
Дилрабо Самадова, роҳбари созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки аз ҳуқуқи сарбозон ҳимоя мекунад, мегӯяд, мушкили камбуди ғизо дар қисмҳои низомӣ яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои ғайрионномавӣ мебошад.
Хонум Самадова гуфт, ҳарчанд ҳангоми боздид аз қисмҳои ҳарбӣ амборҳои онҳо таъмин бо маводи ғизоӣ аст, аммо то куҷо ба косаи сарбозон расидани ин маҳсулот ҷойи суол аст.
Хонум Самадова гуфт, "қаблан дар парванди Фирдавс Раҳматов, сарбози ҳалокшуда чунин бахш ҷой дошт, ки ӯ вақти дар хизмат будан ба модараш аз камбуди ғизо навиштааст. Раҳматов дар мактубаш аз ҷумла гуфтааст, "мо гушнаю ташна, ба "учебка" меравем, гушна ба "полигон" мерем. Падараш ҳам гуфта буд, ки писараш дар хизмат хароб шуд".
Ҳаҷми маблағи ҷудошуда барои бахши низомии Тоҷикистон сирри давлатӣ аст. Сиррӣ будани харҷ барои хӯрок ва либоси сарбозон ба гуфтаи коршиносон, замина барои фасодкориро ба миён меорад. Оҷонсии таъминоти амволи махсус низ ҳисоботашро расман нашр намекунад.