Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози набарди ҳалкунанда бо ДИИШ дар Сурия. ВИДЕО


Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои демократии Сурия, ки аз арабҳо ва курдҳо иборат мебошанд, аз рӯзи якшанбеи 3-юми март ба "поксозӣ"-и шаҳраки Боғуз дар вилояти Дайр-аз-Зур воқеъ дар шарқи Сурия аз вуҷуди ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ", оғоз карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", нерӯҳои эътилофи демократӣ бо ҳимояти ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ ба амалиёти заминӣ алайҳи боқимондаҳои гурӯҳи ДИИШ дар Боғуз ҳамла карданд. Дар бархе аз гузоришҳои расонаҳои ғарбӣ омадааст, ки Амрико бархе аз мавзеъҳоеро, ки эҳтимол меравад сарони ДИИШ дар он бошанд, бамборон кардааст.

Эътилофи курдҳо ва арабҳои Сурия ҳафтаи гузашта арзёбӣ карда буданд, ки амалиёти онҳо пас аз оғоз, як ҳафта идома мекунад ва ҷангиёни ДИИШ аз минтақа берун ронда мешаванд.

Бар асоси бисёре аз арзёбиҳо, охирин фармондеҳони гурӯҳи ДИИШ ё "Давлати исломӣ", ки пас аз солҳо ҷангҳои сахт зинда мондаанд, дар минтақаи Боғуз паноҳ гирифта ва ҷангҳоро дар ҳоле, ки муҳосира шудаанд, раҳбарӣ мекунанд.

Гузоришҳое мегӯянд, ки ҷанҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" камарбандҳои инфиҷорӣ баста ва дар туннелҳо ва низ заминҳои минакоришуда омодаи амалиётҳои интиҳорӣ ҳастанд. Нерӯҳои демократии Сурия аз чанд ҳафта пеш Боғузро муҳосира карда ва дар интизори амалиёт буданд. Амалиёти шоми якшанбе дар пайи хуруҷи боқимондаи ғайринизомиён, ки дар миёни онҳо ҳазорон зан ва кӯдак низ буд, оғоз шуд.

Ба гузориши Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ҳудуди 300 тан аз ҷангӯёни ДИИШ ба гурӯҳҳои иборат аз 20-нафарии ҷангиёни хориҷӣ, тақсим шудаанд. Хонаводаҳои онҳо дар миёни ғайринизомиёне буданд, ки то ҷумъаи гузашта ба минтақаҳои таҳти фармондеҳии курдҳо интиқол ёфтанд.

Силоҳбадастони ДОИШ даста-даста таслим мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

Ҷанги заминии осоне дар интизори нерӯҳои эътилофи демократӣ нест, зеро ДИИШ тавонистааст, ки бо кандани туннелҳо ва минагузории заминҳои атроф, ҳарифро аз наздик шудан ба минтақа ҳароснок кунад. Нерӯҳои эътилофи демократӣ аз ду самт ҳамларо оғоз карданд ва пешравии онҳо дар рӯзи гузашта чандон сареъ набуд.

Эътилофи курдҳо ва арабҳои Сурия ҳафтаи гузашта арзёбӣ карда буданд, ки амалиёти онҳо пас аз оғоз, як ҳафта идома мекунад ва ҷангиёни ДИИШ аз минтақа берун ронда мешаванд.

Ниманизомиёни курд.
Ниманизомиёни курд.

Аммо Аднон Африн, сухангӯи нерӯҳои курди эътилоф гуфтаааст, наметавон аз ҳоло таърихеро барои таҳқиқи ҳадафи ниҳоии набардҳо муайян кунад. Оқои Аднон Африн ҷангҳои рӯзи якшанберо "сахт" гуфт, ҳарчанд, ки Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, ҷангиёни ДОИШ муқовимати мавриди интизорро дар рӯзи нахуст нишон надоданд.

ДИИШ аз оғози ҳузур дар Сурия дар ҳудуди панҷ сол пеш, ҳанӯз бахшҳое аз охирин минтақаҳои ҷангҷӯёни худро дар ин бахши аз Дайр-аз-Зур ҳифз кардааст. Ин гурӯҳ, ки дар даврони авҷи қудрати худ бахши калоне аз Сурия ва Ироқро дар контрол дошт, пас аз шикаст дар Ироқ, аз минтақаҳои васеъ аз Сурия низ берун ронда шуд ва шикасти он аз охирин пойгоҳҳо дар минтақаҳои Боғур, аҳамияти стратегӣ дорад.

Ба гуфтаи сухангӯи ҷангиёни курд, ҳатто дар сурати поксозии комили минтақа аз вуҷуди ДИИШ, чун ин гурӯҳ дорои як тафаккур ва андеша аст ва ҳанӯз тарафдороне дорад, ки ҳозир ба куштани худ барои куштани дигарон ҳастанд, хатари онҳоро набояд хотимаёфта ҳисобид.

XS
SM
MD
LG