Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷовуз дар наврасӣ ва 4 соли зиндагӣ бо тарсу ноумедӣ. ВИДЕО


Таҷовуз ба номус дар 14-солагӣ Севараро ангуштнамои мардум, одамгурезу гӯшанишин кард ва ба як духтари ноумед табдил дод.

Севара Каримова 18 сол дорад. Дар сине, ки аксар ҳамсолони ӯ барои шомил шудан ба донишгоҳ ва ё арӯсӣ омодагӣ мебинанду пайи амалӣ кардани орзуву нақшаҳои зиёданд, ин духтар мегӯяд, ягон орзу ё ҳадаф надорад. Таҷовуз ба номус дар наврасӣ, ба гуфтаи Севара, ӯро дар зиндагӣ ноумед кардааст.

Севара Каримова чор сол аст, ки бо осеби амиқи равониву ахлоқӣ ба сар мебарад. Мегӯяд, то ҳол худро барои ҳодисаҳои чор соли пеш мазаммат мекунад ва айни замон эътироф мекунад, ки дар он лаҳзаҳои мудҳиш амалан барои ҳимояти худ коре карда натавонист.

Рӯзе ки ҳодиса шум рух дод...

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус ҷинояти сангин ҳисоб меравад ва барои таҷовузи ноболиғи то 14-сола аз 12 то 25 сол ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтааш, хонандаи синфи 8-уми деҳа буд, рӯзе аз даст бармегашт ва ҷавон аз деҳаи ҳамсоя бо баҳонаи ин, ки ӯро сари роҳ то хонаи холааш мерасонад, дар мошин савор кард. Мошин то канори деҳа рафт ва ин ҷавон ба номуси Севара дастдарозӣ кард. Севара мегӯяд, ҷараёни ҳодисаҳоро дақиқ ёд надорад, чунки дар роҳ як нӯшокие истеъмол кард, ки ӯро, ба гуфтааш, беҳуш ва беихтиёр кард. Дар натиҷа, вақте ҷавон ба номусаш дастдарозӣ кад, муқобилият ҳам карда натавонист.

Ҳодиса замоне рух дод, ки модари Севара дар муҳоҷират буд ва ӯ дар тарбияи бибиву тағоҳояш қарор дошт. Ҳоло мегӯяд, дар зери бори тарс қарор дошт ва ба касе дар хона лаб накушод. Вале тағйирот дар ҳолату рафтори Севара аз чашми наздиконаш дур намонд. Бо ошкор шудани ҳодиса ва пас аз ташхис, ин духтар мавриди фишору маломати наздикону атрофиён қарор гирифт.

"Зиндагии ман хуб буд, оилаам ҳам маро дӯст медошт. Баъд мисли як саг беобрӯ шудам. Тағоҳоям, ки то он замон маро хеле хуб нигоҳубин мекарданд, баъди ин ҳодиса латукӯбам карданд. Онҳо ҳам шарм мекарданд. Бо ман соз гап намезаданд. Вале ман онҳоро мефаҳмам",-мегӯяд Севара.

Таҷовуз дар наврасӣ ва 4 соли зиндагӣ бо тарсу ноумедӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Маломату сарзаниши атрофиён

Баъд аз ин Севара, тарки мактаб кард, чун дигар таҳаммули нигоҳҳои нафратомези ҳамсолонро надошт. Ба гуфтааш, ӯ дар маҷлиси духтарон дар мактаб ба мисоли зиндае барои таблиғи баргардонидани ҷавондухтарон аз бероҳагӣ табдил ёфт.

"Эҳтиёт кунед, то мисли Севара нашавед," - чунин ҳарфҳо ҳам қалби ин ноболиғро шикаст ва боис шуд бо вуҷуди таҳсили хуб тарки мактаб кунад. Ӯ мегӯяд, моҳи сентябр дигар ба синфи 9 нарафт. "Аз шарм аз мактаб баромадам. Аз кӯдак то калон ҳама медонистанд ва ба рӯям механдиданд. Ҳатто дар маҷлисҳои мактаб маро мисол оварда, ба духтарон мегуфтанд, ки "рафтори хуб дошта бошед, то мисли ӯ нашавед". Дигар ман бо кадом рӯ ба мактаб мерафтам?"

Маломату сарзаниши наздикон, нигоҳҳои таҳқиромези ҳамсояҳо ва ангушти ишораи ҳамсолон боис гашт, ки ӯ як муддат аз ҷойи зист фирор ва чанд маротиба ҳам қасди худкушӣ кунад.

Вале бозгашти билофосилаи модар аз муҳоҷират духтарро дубора ба хона баргардонид. Ҳоло ӯ дар як деҳаи Шаҳринав ҳамроҳи хонаводааш зиндагӣ дорад, бештар гӯшанишин аст, аз хона берун намеравад, то ба чашми мардум зиёд натобад.

"Дар як ҳолати хеле бад қарор мегирад одам. Мехостам дар як хонаи торик нишинаму касеро набинам. Нафасгир мешудам, гиря мекардам. Ин ҷо ҳама медонанд дар бораи ман, бо ҳамсояи дар ба девор ҳам шарм мекунам сӯҳбат кунам",-мегӯяд ӯ.

Ҳоло наздикони ин қурбонии навраси таҷовуз аз он пушаймонанд, ки аз тарси беобрӯ ва бебахт шудани духтар, сари вақт ба пулис ва мақомот шикоят набурданд ва талаби муҷозот шудани марди таҷовузгарро накарданд.

"Гуфтанд, ки келин мекунем, аммо..."

Гузал Каримова, модари Севара мегӯяд, вақте аз ин ҳодиса огоҳ шуда, аз муҳоҷират баргашт ва ба хонаи ҷавони таҷовузгар рафт. Пайвандони ҷавон он замон тавалло карданд, ки аз ин ҷиноят лаб накушоянд ва бар иваз ваъда доданд, ки вақте синни духтараш ба издивоҷ расид, ӯро келин хоҳанд кард.

Идораи пулиси Шаҳринав.
Идораи пулиси Шаҳринав.

Аммо ин интизории онҳо натиҷа надод ва баъди чор сол гуфтанд, ки нияти келин кардани Севараро надоранд. Гузал Каримова гуфт: "Баҳона карданд, гуфтанд, "духтар худаш бераҳа аст". Наход духтари синфи 8 бероҳа бошад? О ӯ кудак буд! Ба умед интизор шудем, вале дигар ҳеҷ чиз нашуд".

Ба саволи Радиои Озодӣ дар ин бора, ки чаро худи мақомот дар нисбати ин ҳодиса чораҷӯӣ накарданд, модари Севара гуфт, воқеан ҳам намояндагони мақомоти ноҳия дар бораи ин ҳодиса ба онҳо савол дода буданд.

Гузал Каримова гуфт: "Онҳо зимни санҷиш дар мактаб аз ин ҳодиса хабардор шуда, моро ба мақомот даъват карданд. Ман аввал гуфтам, ки намедонам. Баъд хаёл кардам, ки духтарам шарманда нашавад ва ояндаи писар ҳам насӯзад, даъво накардам. Аммо, не, бояд ҳамон вақт ӯро боздошт карда, ҷазо медоданд. Ҷазо надоданд",-гуфт модар. Ӯ мегӯяд, хуб медонад, ки дар чунин ҳолат бисёриҳо худи модарро гунаҳкор медонанд, ки натавонист духтарашро хуб нигоҳубин ва тарбия кунад.

Мавориди таҷовуз ба ноболиғон дар Тоҷикистон

Бар асоси омори расмӣ, дар ду соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мавриди таҷовуз ба номуси ноболиғон сабт шудааст. Дар айни замон дар 9 моҳи соли гузашта 62 ҳолати алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба сини 16 нарасида ба қайд гирифта шудааст.

Мавридҳои таҷовузи духтарони ноболиғ дар Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое мисли куштор, умдатан кам ошкор мешаванд, зеро ба гуфтаи ҷомеашиносон, қурбониёну наздикони онҳо аз он метарсанд, ки дар ниҳояти амр на марди озордиҳанда, балки худи қурбонии ҷинояти сангини ахлоқӣ мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегиранд.

Дар аксар хонаводаҳо масъулияти духтарро назар ба писар дар масоили ахлоқӣ муҳимтар арзёбӣ мекунанд ва ҳатто дар сурати қурбонии ҷиноят будани духтар, кам касоне аз наздикон омода мешаванд, ки ба ҳимояти ҳуқуқи ӯ садо баланд кунанд.

Чаро хонаводаҳо хомӯш мемонанд?

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносони масоили занон дар Тоҷикистон, аксар волидон дар чунин ҳолат бо умеди он, ки ояндаи духтаронашон "насӯзад" ва ҳам обрӯи худи онҳо наравад, ҷое шикоят намебаранд ва талош мекунанд бо баъзе роҳҳо ин корро хомӯш кунанд. Оиладор шудан бо ҷавони таҷовузгар дар бархе ҳолатҳо ҳамчун роҳи мусолиҳаи байни хонаводаҳо истифода мешавад.

Мадина Низомова.
Мадина Низомова.

​Мадина Низомова, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъияти "Ғамхорӣ", ки бо занон кор мебарад, мегӯяд, "бо вуҷуди он, ки ин ҷинояти вазнин аст, вале дар бисёр ҳолат волидону наздикони чунин духтарон намехоҳанд кор то ба додгоҳ биравад. Инро бо ҳар баҳона байни худ ҳал мекунанд. Ва чунин парвандаҳо ҳам бисёр овоза ва калон карда намешаванд".

Вале чунин бархӯрд бояд тағйир дода шавад, мегӯянд фаъолони ҳуқуқ. СММ дар чандин даъватҳояш таҷрибаи пинҳон кардани ҳодисаи таҷовуз ва ба марди озордиҳанда оиладор кардани қурбониро маҳкум карда гуфтааст, ки бо ин амал зани осеби ҷисмониву равонидида тамоми умр азият мешавад. Бархе фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ба ҷавобгарӣ кашидан ва муҷозот кардани ҷинояткор пеши роҳи ҷиноятҳои дигарро мегирад ва барои дигарон ҳам ибрат мешавад, ки даст ба чунин амал назананд.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус ҷинояти сангин ҳисоб меравад ва барои таҷовузи ноболиғи то 14-сола аз 12 то 25 сол ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG