Рӯзномаи "Ню-Йорк таймз" рӯзи панҷшанбеи 28-уми феврал аз қавли мақомоти пешин ва феълии амрикоӣ ва аврупоӣ навишт, ки нерӯҳои Амрико зарфи аз се то панҷ соли оянда аз Афғонистон берун хоҳанд шуд.
Ба навиштаи рӯзнома, ин яке аз тарҳҳое мебошад, ки дар музокироти Давҳа - пойтахти Қатар, миёни намояндагони Амрико ва гурӯҳи Толибон баҳсу баррасӣ шудааст.
Ин рӯзнома аз қавли манбаъҳои худ менависад, ки тарҳи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон аз сӯи Пентагон -- вазорати дифои ИМА таҳия шуда ва бар пояи он, ҳама нерӯҳои хориҷӣ якҷо бо нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун хоҳанд шуд. Рӯзнома менависад, ки ин тарҳ аллакай бо шарикони аврупоии Амрико баррасӣ шудааст.
Дар ҷанги 18-солаи Афғонистон садҳо тан аз сарбозони хориҷӣ кушта шуданд.
Хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, бахше аз ваъдаҳои интихоботии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико буд. Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботи президентии соли 2016 ваъда дода буд, ки дар сурати пирӯзӣ, нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон берун мекунад.
Тасмими хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ниҳоӣ нашудааст ва қарор аст музокирот миёни ҳайати Амрико бо раҳбарии намояндаи вижаи он кишвар дар умури Афғонистон Залмай Халилзод ва намояндагони Толибон пас аз ду рӯзи таваққуф, рӯзи шанбеи дувуми март дар Давҳа -- пойтахти Қатар, идома кунад.
Залмай Халилзод рӯзи панҷшанбе дар "Твиттер"-и худ навишт, ки музокироти серӯза бо Толибон "босамар" будааст. Ӯ гуфтааст, ки "барои расидан ба якдигарфаҳмӣ ва дар ниҳоят сулҳ, гомҳои оҳиста ва устувор бармедорем".
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин даври музокирот чаҳор мавзӯи муҳим -- хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ҳамкории Толибон дар мубориза бо Ал-Қоида ва ДИИШ, оташбас ва музокироти рӯ ба рӯ бо ҳукумати Афғонистон, мавриди баҳс қарор мегирад.
Ҳудуди 170 ҳазор нерӯи хориҷӣ бо раҳбарии Амрико дар тирамоҳи соли 2001 ва дар пайи суқути режими Толибон вориди Афғонистон шуданд ва дар канори нерӯҳои интизомии афғон, масъулияти таъмини амният дар ин кишварро ба ӯҳда гирифтанд. То охирҳои соли 2016 шумораи бузурги ин нерӯҳо Афғонистонро тарк карданд. Дар ҳоли ҳозир Амрико мегӯяд, ки ҳудуди 14 ҳазор сарбози ин кишвар дар Афғонистон ҳузур дорад. Дар ҷанги 18-солаи Афғонистон дар баробари ҳазорон нерӯи афғон, садҳо тан аз сарбозони хориҷӣ низ кушта шуданд.
Рӯзномаи "Ню-Йорк таймз" навиштааст, бар асоси тарҳи пешниҳодшудаи феълӣ, Амрико ниме аз нерӯҳои худро дар чанд моҳи оянда аз Афғонистон берун мебарад ва наздик ба 8600 нерӯи байналмилалӣ тамрину омӯзиши нерӯҳои амниятии Афғонистонро ба ӯҳда хоҳанд гирифт. Бар ин асос, нерӯҳои боқимондаи амрикоӣ танҳо дар амалиётҳои зиддитеррористӣ нақш иҷро хоҳанд кард.