Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯ задани мушкилоти сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Нусхаи корти шиносоӣ (ID card) дар Тоҷикистон
Нусхаи корти шиносоӣ (ID card) дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҷараёни сабти дубораи симкортҳо ва танҳо бо шиносномаи дохилии пластикӣ (ID card) аз ҳоло мушкил пеш овардааст ва муштариёни баъзе аз ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, ки саргардон шудаанд.

Баъзеҳо бояд паспорти нав бигиранд, дигарон мегӯянд, бояд симкортеро, ки солҳо боз ба номашон буд, аз нав сабт намоянд. Барои чунин кор ҳукумат то моҳи августи имсол муҳлат додааст.​

Дар қарор муҳлат шаш моҳ муқаррар шудааст. Тибқи ҳамин қарор то 6 моҳ рақами ҳеч кас хомӯш карда намешавад
Сухангӯи ширкати "Бабилон"

"Ҳудуди се миллион нафар ба корти пластикӣ ниёз доранд"

Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Дастгоҳи иҷроияи президент хостааст, ки қарорро бозбинӣ ва ҷараёни сабти дубораи симкортҳоро бо шиносномаи пластикӣ ҳадди ақал то як сол, яъне моҳи феврали соли 2020, дароз кунад.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ, рӯзи 28-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бино ба таҳлилҳо, тақрибан то 3 миллион нафар аз аҳолии кишвар ба корти пластикӣ ниёз доранд. Фурсат даркор аст, ки ҳамаи онҳо корти шиносоӣ гиранд ва симкортҳоро ба номи худ сабт намоянд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нороҳатии муштариён аз низоми нави сабти симкортҳои телефонҳои мобилӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

​Ӯ мегӯяд, дар сурати дароз нашудани муҳлати сабти дубораи симкортҳо, дар идораҳои шиносномадиҳӣ ва марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ ҳарҷу марҷи зиёде эҷод хоҳад шуд. "Дар инҷо масъалаи молии сокинонро ҳам бояд ба назар гирифт", - афзуд Эркаев.

Корти нави пластикӣ дар Тоҷикистон аз соли 2014 ба ҷойи шиносномаи дохилӣ дода мешавад. Арзиши он беш аз 90 сомонӣ, муодили 10 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

ЧАРО БО ШИНОСНОМАИ ПЛАСТИКӢ? НАЗАРИ МАҚОМОТРО ДАР ИНҶО ХОНЕД

Шиносномаи дохилии Тоҷикистон
Шиносномаи дохилии Тоҷикистон

"Ҷабре ба мардум"

Тоҷикистон солҳои охир чанд дафъа шиносномаи дохилиро иваз карда, шиносномаи одии хориҷиро низ ба биометрӣ табдил намудааст. Сокинон мегӯянд, маошу даромади онҳо дар кишвар хеле кам аст ва сари чанд вақт пардохтҳои иловагие ба монанди пули паспорти нав ва ё шумораи ҷадиди мошинҳо барояшон гаронӣ мекунад. Бар иловаи пули барқу об ва хадамоти коммуналиву андози хона, ки ба қавли онҳо, ҳар сол рӯ ба болоравӣ дорад.

Ҷамшед Бобоев, як сокини Душанбе ҳам гуфт, "ба фикрам, ин ҷабре барои мардум аст. Беҳтар мебуд, ҳар касе бо шиносномаи коғазии дохилӣ симкорт дошт, иваз намекард."

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз муштариёни ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, ҳарчанд зарбулаҷали ҳукумат то моҳи августи имсол таъйин шудааст, симкорти онҳоро аз ҳоло хомӯш кардаанд ё барояшон ду рӯз муҳлат додаанд, ки дар марказҳои хидматрасонии баъзе ширкатҳои мобилӣ ҳозир шаванд.

"Симкортамро хомӯш карданд"

Аҳлиддин Ҳикматов
Аҳлиддин Ҳикматов

Аҳлиддин Ҳикматовро аз кор мондани симкорти телефонаш маҷбур кард, ки рӯзи 28 уми феврал аз ноҳияи дурдасти Нуробод ба Душанбе биёяд. Ӯ муштарии ширкати "Бабилон" аст ва ду рӯз пеш ҳушдор гирифтааст, ки ба намояндагиҳои ширкат ҳозир шавад.

"Рости гап, вазъи роҳ хуб набуд ва наомадам. Ҳамин субҳ фаъолияти симкортро қатъ карданд ва маҷбур омадам. Симкортро дубора ба номи худ сабт намудам”, - нақл кард ин сокини ноҳияи Нуробод.

Ҳикматов мегӯяд, чанде пеш шиносномаи пластикӣ гирифта буд ва бо истифода аз он симкорташро зуд фаъол кард, вагарна маҷбур буд то омода шудани санади нав бе симкорт гардад.

Аммо намояндагони "Бабилон" гуфтанд, ширкат худсарона ҳаққи қатъ кардани симкорти муштариёнро надорад. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкат, мегӯяд, "хомӯш кардани симкорти мавриди назар ҳеҷ рабте ба қарори нави бақайдгирии симкортҳо надорад. Агар соҳиби симкорт муроҷиат кунад, сабаб омӯхта, ба ӯ шарҳ дода мешавад".

Ба суду ба зарари кӣ?

Бинои ширкати "Бабилон"
Бинои ширкати "Бабилон"

Интизор меравад, ширкатҳои мухобиротӣ рӯзҳои наздик тавассути паёмак муштариҳои худро барои сабти дубора расман огоҳ кунанд.

Ҳоло дақиқ нест, қарори сабти дубора бо шиносномаи пластикӣ ва иҷозаи ду симкорт барои як нафар ба кори ширкатҳо чӣ таъсир хоҳад гузошт. Аммо коршиносон тахмин мезананд, ки ширкатҳо эҳтимол то 50 дар сади даромади худро аз даст бидиҳанд.

Як сол пеш мақомоти Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки ба сабабҳои амниятӣ, нархи як симкорт 250 сомонӣ таъйин карда шавад. Пешниҳод мавҷи вокунишҳоро ба бор овард ва пеш аз иҷро боздошта шуд.

Ин тасмим рӯзи 9-уми феврали имсол бо сабти дубораи симкортҳо танҳо бо шиносномаи пластикӣ иваз карда шуд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар ҳарду сурат “тир” ба ҷайби сокинон зада шудааст, ки барои харидани ё симкорти 250 сомонӣ ва ё гирифтани шиносномаи пластикӣ маҷбуранд пул харҷ кунанд.

XS
SM
MD
LG