Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардиҳо боиси болоравии нархи сабзавот дар Тоҷикистон шудааст. ВИДЕО


Барфрезии шадид ва баста шудани чанд ҷодаи аслии интиқоли молу коло дар чанд рӯзи пеш, сабаби болоравии қимати маҳсулот, ба хусус полезии воридотӣ дар бозорҳои Тоҷикистон шудааст.

Тоҷирон мегӯянд, ҳанӯз маҳсулоти полезии гармхонаии кишоварзони маҳаллӣ вориди бозор нашудааст, дар ҳоле, ки солҳои қабл дар поёни моҳи феврал полезиҳои гармхонаӣ дар бозор мавқеи маҳсулоти полезии воридотиро танг мекард.

Қиматҳои баланди маҳсулоти полезии воридотӣ аксари сокинонро маҷбур кардааст, ки аз истифодаи аксари ин маҳсулот худдорӣ кунанд.

Райҳон Бурҳонова, тоҷири маҳсулоти полезӣ дар бозори "Меҳргон"-и Душанбе мегӯяд, ки ҳамасола аз ҳама аввал маҳсулоти полезии водии Вахш ба бозор меомад. Аммо ӯ аз қавли деҳқонон мегӯяд, ки дар гармхонаҳои ин минтақа имсол беморие сироят карда ва бинобар ҳамин маҳсулоти полезӣ аз ин минтақа танҳо пас аз ду ҳафтаи дигар ба бозор ворид мешавад.

Таъхири чандҳафтаина дар вориди бозор шудани полезиҳои гармхонаии маҳаллӣ боиси тақрибан ҳар рӯз боло рафтани қиммати маҳсулоти воридотӣ дар бозорҳои Тоҷикистон шудааст.

Райҳон Буронова, тоҷири маҳсулоти полезӣ дар бозори "Меҳргон"-и Душанбе мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир як килограм помидор аз Самарқанд 25 сомонӣ, аз Чин 23 сомонӣ ва аз Қирғизистон 20 сомонӣ қимат дорад. Ба гуфтаи ӯ, нархи як килограм помидори истеҳсоли Тоҷикистон 18 сомонӣ нарх мебошад.

Сардиву барфи зиёд боиси болоравии нархи сабзавот дар Тоҷикистон шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Дар аксари бозорҳои Тоҷикистон ба ҷуз чанд навъи меваи маҳаллӣ, бештари меваву маҳсулоти полезӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Теъдоди кишварҳои воридкунандаи меваву маҳсулоти полезӣ ба бозорҳои Тоҷикистон ҳам дар ҳоли афзоиш аст:

Ба гуфтаи Гулрухсор Ҳайитова, тоҷири маҳсулоти полезӣ дар бозори Меҳргон”-и Душанбе, аз ҷумла қаланфури булғорӣ, бодиринг ва помидор аз Эрон, Покистон ва Узбекистон ворид мешаванд. Барои мисол, нархи як килограм қаланфури булғорӣ дар бозори "Меҳргон" ҳоло 45 сомонӣ ҳаст, дар ҳоле ки то чанд рӯзи пеш 35 сомонӣ буд.

Қиматҳои баланди полезии воридотӣ аксари сокинонро маҷбур кардааст, ки аз истифодаи аксари ин маҳсулот худдорӣ кунанд. Ва ё дар мавридҳои хеле хеле ҳам зарурӣ, ба таври маҳдуд онро харидорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки бар тибқи маълумоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли гузашта кишоварзони кишвар дар ҳудуди 70 гектар замин полезиҳои гармхонаи парвариш карда, 1619 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1113 тонна помидор, 292 тонна бодиринг ва 214 тонна дигар анвои сабзавот ба даст оварданд. Ин тавлидоти гармхонаи нисбат ба як соли қабл ҳудуди 200 тонна бештар будааст.

XS
SM
MD
LG