Бо қарори Додгоҳи иқтисодии Суғд ду бинои калисои "Сонмин Сунбогим" дар Хуҷанд ба ихтиёри кӯдакистон бозгардонида мешавад. Қарори додгоҳ ҳоло ба ҳолати иҷро даромадааст. Гуфта мешавад, созмони "Сонмин Сунбогим" ҳудуди 200 пайрав дорад.
Ин биноҳо соли 1995 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба мӯҳлати 38 сол ба калисо ба иҷора дода шуда буд ва мақомоти маориф он қарорро нодуруст номида, чор сол боз бо роҳи додгоҳӣ талош доштанд онро бекор кунанд. Вале соли 2014 ва соли гузашта додгоҳ даъворо ба нафъи созмони динии "Сонмин Сунбогим" ҳал карда буд.
Калисои "Сонмин Сунбогим" аз солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабули қонуни нави дин дар соли 2009, бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ фаъолият дошт.
Раҳмоналӣ Исмоилзода, муовини раиси Додгоҳи иқтисодии Суғд, ки ин парвандаро баррасӣ кардааст, рӯзи 26-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар маҷлиси судӣ қарори раиси собиқи шаҳри Хуҷанд нодуруст ва беэътибор дониста шуд. Ҳалномаро Додгоҳи Олии иқтисодӣ низ бозбинӣ намуда бетағйир гузошт. Тибқи он, ду бинои калисои "Сонмин Сунбогим" ба ихтиёри давлат, вазорати маориф ва илм баргардонида мешавад". Ба гуфтаи ӯ, ҳалномаи Додгоҳи иқтисодӣ охири моҳи августи соли 2018 содир гардид, сипас дар охири соли гузашта Додгоҳи олии иқтисодӣ баъд аз бозбинӣ онро бетағйир гузошт.
Раҳмоналӣ Исмоилзода ҳамчунин гуфт, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ аз Додгоҳи иқтисодии Суғд дархост кардааст, ки варақаи иҷрои ҳалномаи худро дар мавриди бозгардонидани биноҳои "Сонмин" ба онҳо пешниҳод намояд. Ин маъниии онро дорад, ки ҳарчанд ҳалномаи додгоҳ дар бораи бозгардонидани биноҳову замини калисои "Сонмин Сунбогим" вазорати маориф ва илм кайҳо нерӯи қонунӣ гирифтааст, вале ҳанӯз иҷро нашудааст.
"Сонмин" мегӯяд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нест
Рӯзи 26-уми феврал посбони калисои "Сонмин Сунбогим" дар маҳаллаи 12-и шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ибодатгоҳ боз аст ва ҳанӯз касе онҳоро ба холӣ кардани он дастур надодааст. Илёс Икромов, раҳбари маркази ҳуқуқии "Ҳақиқат", ки аз манофеи созмони "Сонмин Сунбогим" дар додгоҳ ҳимоят мекунад, гуфт, ҳалномаи Додгоҳи иқтисодиро дар бораи бекор намудани қарори раиси шаҳри Хуҷанд ва дар ихтиёри давлати Тоҷикистон гузоштани ҷои калисо, қабул надоранд.
Ӯ афзуд "мо ба зинаи назоратии додгоҳӣ шикоят бурдем ва бозбинии парванда, ба манфиати ҷониби мо ҳал кардани онро талаб кардем. Дар дасти мо ҳоло қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳаст, ки қарори раиси шаҳрро дар бораи ба иҷораи додани замин ба созмони "Сонмин" дуруст медонад".
Ба қавли ӯ, шаҳрдории Хуҷанд соли 1995 на ба мӯҳлати 38, балки 49 сол барои истифода дар ихтиёри ин созмон дода шудааст ва ҳоло бекор кардани ин қарор ва барҳам додани калисо дар он ҷо дуруст ва қонунӣ нест. Ӯ ҳамчунин гуфт, ин созмон барои бозсозии ин макон маблағ сарф карда ва дар сурати бекор шудани қарор, зарари молӣ хоҳад дид.
Кӯдакистон ба ҷои бинои калисо
Дар биноҳои ҳоло калисои "Сонмин Сунбогим", соли 1995 шаҳрдорӣ факултаи навтаъсиси тиббии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ҷой дод. Баъди барҳам хӯрдани ин факулта, як қисми он ва қисмате аз кӯдакистони канораш низ дар ихтиёри созмони масеҳии "Сонмин Сунбогим" ва қисми дигараш дар ихтиёри мактаби туркӣ гузошта шуд. Чанд сол пеш мактаби туркиро барҳам ва ба "Мактаби бачаҳои болаёқат" табдил доданд. Созмони "Сонмин Сунбогим" қисмати худро калисо сохт.
Ҳоло мақомоти маорифи Хуҷанд мегӯянд, дар ҷойи калисо дубора боғчаи бачагона фаъол мешавад. Муҳаббат Нозимова, як масъули шӯъбаи маорифи Хуҷанд мегӯяд, дар маҳаллаи 12-уми шаҳр, ки калисои "Сонмин" ҷойгир аст, талабот ва навбат ба боғчаи бачагона хеле зиёд мебошад. Ба ин хотир ба гуфтаи хонум Нозимова, онҳо аз додгоҳ талаб карданд, ки бинои калисо дубора ба тавозуни бахши маориф баргардонда шавад, то онҳо дар онҷо дубора боғча ҷойгир кунанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ бо роҳи додгоҳӣ барои ба ихтиёри худ бозгардонидани ҷои калисо талош дошт, вале мурофиаҳоро бохта буд.
Баҳси "Сонмин Сунбогим", ки аз он маркази миссионерӣ ном бурда мешавад, бо вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зоҳиран моҷарои молӣ ба назар мерасад. Вале ҳабси роҳиби ин созмон Баҳром Холматов ба 3 соли зиндон дар соли 2017 бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати динӣ", баҳсҳоеро ҳам ба дунбол овардааст. Бархе афроди наздик ба созмон бар онанд, ки мақомот бо ин роҳ талош доранд ин созмони таблиғотии диниро аз ҷои пой маҳрум ва фаъолияташро маҳдуд кунанд.
Бархе дигар қазияро ба таври дигар шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, мақомот имрӯз барои ба асли худ баргардонидани кӯдакистонҳо талош доранд. Дар солҳои 90-уми асри гузашта бидуни барпо кардани ауксионҳову зоҳиран бар ивази ришва бархе муассисаҳои иҷтимоӣ, ба хусус кӯдакистонҳоро афроди мансабдор ва сармоядор аз худ карданд.
29 соли фаъолияти "Сонмин Сунбогим" дар Тоҷикистон
Калисои "Сонмин Сунбогим" аз солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабули қонуни нави дин дар соли 2009, бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ ё мубаллиғӣ фаъолият дошт. Маркази байналмилалии "Сонмин Сунбогим" дар Сеул бо номи "Йоидо Сунбогим" фаъолият мебарад. Соли 1992 таҳти ин ном намояндагии ин марказ дар шаҳри Ваҳдат ва соле баъд дар Душанбе бо номи "Грейс Сонмин" боз гардид.
Соли 1994 шаҳрванди он вақт 60-солаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷон Бун намояндагии маркази ин созмони масеҳӣ дар Хуҷандро ифтитоҳ кард. Хонум Бун соли 2000 дар шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) Маркази хусусии тиббӣ таъсис дод ва соҳибмулки мактаби хусусии "Файз" ва меҳмонхонаи "Херсон" дар Хуҷанд аст, ки ҳоло низ фаъоланд.
Мақомоти тоҷик ин раҳбари маркази "Сонмин Сунбогим" дар Хуҷандро ду бор ба иттиҳомоти "сӯистифода аз ному вазифа", "тақаллуби асноди расмӣ" ва "додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ", ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Ба қавли мақомот, қаблан дар муассисаҳои раҳбари созмони мазкур дар масъалаи андоз қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Моҳи январи соли 2014 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилое пахш кард, ки Ли Ҷон Бун ҷиҳати рӯйпӯш кардани камбудиҳои корхонааш вақти додани пора ба як корманди раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд ба маблағи 20 ҳазор доллар аз сӯи кормандони раёсати амният ва додситонии Хуҷанд боздошт гардид.
Пас аз ин мақомот ба тафтиши фаъолияти созмони "Сонмин сунбогим" пардохтанд ва дар ниҳоят раҳбари калисои ин созмон Баҳром Холматов бо ҷурми “барангехтани кинаву адовати динӣ", барои 3 сол паси панҷара рафт.