Раҷабалӣ Ғафуров, сокини 25-солаи деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор баъд аз ду рӯзи расман аз ҳамсараш ҷудо шудан, даст ба худкушӣ зад. Ҷасади овехтаи ӯро бародараш субҳи барвақти 7-уми феврал аз ошхонаи манзилашон пайдо кард.
Искандар Ғафуров, бародари Раҷабалӣ Ғафуров дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки соатҳои тақрибан шаш ба шашуним субҳ вақте аз хоб бедор шуд ва хост барои чой обро дар бухорӣ бигузорад, дид ки бародараш дар ресмон овезон аст. Мегӯяд, ки бандро аз гардани Раҷабалӣ кушод ва рафту аҳли хонаводаро аз ҷараён огоҳ кард.
Дар соли 2018 дар Тоҷикистон бештар аз 400 нафар даст ба худкушӣ даст задаанд, ки бештари онҳо занону ноболиғон ҳастанд. Дар ин миён шуморе аз мардон ҳам мебошанд.
Раҷабалӣ Ғафуров 6 сол қабл хонадор шуда буд ва се фарзанд дошт. Зиндагии фақирона доштанд ва саломатии худаш низ чандон хуб набуд. Пас аз як ҷанҷоли миёни зану шавҳар дар моҳи октябри соли гузашта, ҳамсари Раҷабалӣ фарзандонашро бо худ ба хонаи модар бурд.
Соатой Гулова, модари Раҷабалӣ Ғафуров радд намекунад, ки дар хонавода ҷанҷол вуҷуд дошт. Ӯ иддао мекунад, ки аз келинаш дашному ҳақоратҳое шунид, аммо замини онҳоро ҷудо кард ва ба зиндагии фарзандаш дигар дахолат накард.
Ҳамсари марҳум Раҷабалӣ ба ҳамин барои ҷудо шудан ба додгоҳ муроҷиат кард. Додгоҳ пас аз чаҳор моҳ онҳоро аз ҳам ҷудо кард ва барои фарзандон ба Раҷабалӣ пардохти алимент таъин намуд.
Соатой Гулова, модари Раҷабалӣ Ғафуров мегӯяд, "додгоҳ ба писари ман 110 сомонӣ барои ҳар як кӯдакаш алимент таъйин кард . Вақте аз додгоҳ баромадем, гуфт, ки очаҷон, ман дардмандам, алимент дода наметавонам, алимент барои ман зӯрӣ мекунад, ман на хам шуда метавонам, на рост шудан. Пойҳоям месӯзад очаҷон. Ман гуфтамаш, модарат намурдааст, кор мекунад ва алиментро медиҳад. Он субҳ ман ба кор баромадам, соати 6-и саҳар занг заданд, ки писарат даст ба худкушӣ задааст".
Дар мавриди сабабҳои худкушии Раҷабалӣ Ғафуров ҷониби ҳамсараш ҳанӯз чизе нагуфтааст. Аммо тафтиши қазияи худкушии Раҷабалии 25- сола аз сӯи мақомоти интизомии ноҳияи Ҳисор шурӯъ шуда ва идома дорад.
Ин ҳодиса аз шумори худкушиҳои ахири мардон дар Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи равоншинос, марбут ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, дониши нокофии динӣ, адами дастрасӣ ба иттилооти равонӣ то маризиҳои равонӣ аст.
Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншинос тоҷик мегӯяд, "тарафи дигар, ин эҳсоси қабул кардани зиндагӣ аст. Аксари мардум ҳаётро ба эҳсос, эмотсия қабул мекунанд. Онро шарҳ додан, таҳлил кардан наметавонанд, баъд ба худкушӣ даст мезананд. Яке аз сабабҳои дигаре, ки ба худкушӣ даст мезананд, худкушии эътирозӣ аст. Эътироз мекунанд ба ин ё он омилҳое, ки ба онҳо асар мерасонад".
Дар соли гузаштаи 2018 дар Тоҷикистон бештар аз 400 нафар даст ба худкушӣ даст задаанд, ки бештари онҳо занону ноболиғон ҳастанд. Дар ин миён шуморе аз мардон ҳам даст ба худкушӣ задаанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, аксари ин афрод бино ба мушкили хонаводагӣ, бемории равонӣ ва вазъи бади иҷтимоӣ, ба зиндагии худ хотима додаанд.