Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Захираҳои "ҳангуфт" барои рушд равона мешавад


Раиси ҷумҳури Русия имрӯз, 20-уми феврал суханронии солонаи худро дар ҳоле ироа мекунад, ки тибқи назарсанҷиҳо, маҳбубияти ӯ дар афкори умумӣ ба поинтарин сатҳ тайи 13 соли гузашта расидааст.

Президенти Русия ваъда дод, ки барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад. Ин изҳороти Путин дар ҳоле садо дод, ки мизони маҳбубияти Путин дар сатҳи поинтарин қарор дорад ва мояи аслии норизоияти мардум дар коҳиши даромадҳои молӣ мебошад. Дар паёми солонааш рӯзи 20 феврал ба парлумон Путин гуфт, ки кишвар қодир аст, ки захираҳои “ҳангуфт”-ро ба рушд ва кор андохтани пулҳо бо ҳадафи “даромад, на қарзгирӣ” равона созад. Путин ваъда дод, ки шароити мардумро дар давоми соли ҷорӣ беҳтар мекунад. Путин гуфт:

“Таъкид карданиам, ки ба шарофати заҳматҳои дастаҷамъӣ ва натиҷаи хуб, ҳоло мо қодир ҳастем, ки пулҳои ҳангуфт, ҳадди аққал барои кишвари мо ҳангуфтро ба барномаҳои рушд равона созем. Ин пулро касе ба мо тақдим накардааст, касе ба мо ин пулҳоро қарз надодааст, ин маблағҳоро миллонҳо шаҳрвандони мо кор кардаанд. Ин пулҳоро бояд ба хотири афзоиш ва шукуфоии оилаҳо дар Русия равона кунем”.

Тамаркуз дар масоили дохилӣ

Владимир Путни суханронии солонаи худро, ки "Вазъияти кишвар" ном дорад, дар Шӯрои федералии Русия ироа мекунад. Дар оғози сӯҳбаташ Владимир Путин гуфт, ки тамаркузи ӯ бештар сари масоили дохилӣ хоҳад буд.

Путин аз соли 1999 ба ин тараф чӣ дар мақоми президент ва чӣ дар мақоми нахуствазир, қудратро дар даст дорад.

Ӯ ки 66-сола мебошад, дар интихоботи соли 2018 бори дигар ба мақоми президентӣ расид. Давраи президентӣ дар Русия шаш сол аст. Мунтақидон мегӯянд, Владимир Путин бо фишор, саркӯб ва ба ҳошия рондани мухолифони сиёсии худ, тақрибан қудратро дар қабзаи худ нигаҳ доштааст.

Суханронии рӯзи 20-уми феврал, 15-умин суханронии Путин аст, ки дар порлумони он кишвар ироа мешавад ва дар он вакилони ҳар ду палатаи порлумони Русия, додрасҳои Додгоҳи олӣ, ҳайати ҳукумат, мақомҳои баландпояи ҳукумати марказиву минтақаҳои Русия ва дигар сиёсатмадорон, иштирок мекунанд.

Аммо суханронии имсол дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи назарсанҷиҳои умумӣ, маҳбубияти раиси ҷумҳури Русия ба шакли бесобиқа коҳиш ёфта ва ба поинтарин сатҳ тайи 13 соли ахир расидааст.

Натиҷаҳои назарсанҷии "Маркази таҳқиқоти афкори умумӣ", ки 17-уми январ (як моҳ пеш) мунташир шуд, нишон медиҳад, эътимоди умумӣ ба Путин ба 33,4 дарсад коҳиш ёфтааст, ки поинтарин мизон аз соли 2006 ба ин тараф аст. Соле пеш як маркази мустақили назарсанҷӣ, маҳбубияти Путинро ҳудуди 39 дарсад гуфта буд. Дар соли 2017 ин рақам 59 дарсад буд.

Ҳамзамон натиҷаи таҳқиқоти муассисаи вобаста ба раёсати ҷумҳури Русия нишон медиҳад, ки аз панҷ як нафар шаҳрванди Русия дар фақр зиндагӣ мекунад ва ба назар мерасад бо афзоиши фақр ва мушкилоти иқтисодӣ, маҳбубияти Путин низ рӯ ба коҳиш гузоштааст.

Соли гузашта Русия саҳнаи тазоҳурот ва эътирозҳои мухолифон низ буд. Ҳазорон тан аз шаҳрвандон дар эътироз ба ислоҳоти низоми маош ва тарҳи нафақа аз сӯи ҳукумат, борҳо дар шаҳрҳои мухталиф гирдиҳамоӣ карда ва садҳо нафар дар эътирозҳо ба интихоботи президентӣ ва дар ҳимоят аз таҳрими он, боздошт шуданд.

Ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи Русия ба хотири бӯҳрон дар нимҷазираи Қрим ва пуштибонӣ аз ниманизомиёни мухолифи ҳукумати Киев дар шарқи Украина, таҳримҳо ҷорӣ кард. Дар даргириҳои шарқи Украина аз соли 2014 то ба ҳол беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудааст.

Владимир Путин дар ҷараёни суханронии соли гузаштаи худ бештар роҷеъ ба тағйирот ва пешрафтҳои низомии кишвараш сӯҳбат карда буд. Ӯ аз ҷумла аз сохти ҷангафзорҳои атомии "ғайри қобили раҳгирӣ", сухан гуфт.

Мақомҳои ҳукумати Русия гуфтаанд, дар суханронии соли ҷорӣ, масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ нақши дараҷаи дувум хоҳад дошт. Интизор меравад Путин беш аз ҳар чиз, роҷеъ ба мушкилоти маъмулие, ки кишвараш бо онҳо рӯбарӯ аст, сухан бигӯяд.

XS
SM
MD
LG