Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ ба қазияи сокини ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваи 70-сола низ дахл кард ва гуфт, ки дар рафтори кормандони милиса дар пайванд ба ин қазия, ҳеҷ амали ҷиноятӣ дида намешавад. Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабариаш ба суоли Радиои Озодӣ дар ин робита посух дод.
Ӯ дар шарҳи ин қазия гуфт, ки Истад Қурбонова қаблан се маротиба, аз ҷумла, барои "авбошӣ" ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд ва ин маротиба аз сӯи додситонии ноҳияи Айни алайҳи вай барои "ғасби намудани қитъаи замин" ва "қасдан нест намудани молу мулк" парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд ва ӯро ба ҳабс гирифтанд.
Ба гуфтаи вазир, Истад Қурбонова замони дар ҳабс будан кӯшиши сӯзонидани худро кард. "Мо барои сари вақти пеши роҳи инро нагирифтан, се корманди корҳои дохилиро ҷазои интизомӣ додем",-афзуд вай.
Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷикистон, ин зан се маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст ва ҳамчунин чор фарзанди ӯ ва се бародараш низ қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонида шуда буданд. Оқои Раҳимзода аз хонаводаи Истад Қурбонова бо ин сабабҳо, "оилаи ноустувор" ном бурд.
Сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд Истад Қурбонова рӯзи 2-юми январи имсол бо иттиҳоми ғасби замин дастгир шуд ва баъди даҳ рӯз ӯро бо бадани сӯхта ба бемористон бурданд. Ӯ ва наздиконаш иддао карданд, ки Қурбонова дар боздоштгоҳи пулис шиканҷа шудааст.
Худи ӯ рӯзи 30-юми январ дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки "ҳафт-ҳашт кас даромаданд. Онҳо табибро низ даъват карда ва гуфтанд, як "укол" кун, то баданаш карахт шавад". Истад Қурбонова мегӯяд, баъди ин давоми ҳодисаро дар ёд надорад, аммо замоне ки ба худ омад, "куртааш месӯхт".
Мақомот мегӯянд, ӯ барои сарпечӣ аз ҳозир шудан ба бозпурсӣ моҳи октябри соли гузашта таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифта ва аввали моҳи январ дастгир шудааст.
Дар ҳоли ҳозир се корманди ИВС ё боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ "барои хунукназарӣ ҳангоми адои вазифа, ки боис ба қасди худсӯзии Истад Қурбонова шуд”, аз кор ронда шудаанд. Таҳқиқи парвандаи Истад Қурбонова аз тарафи додситонӣ ҷараён дорад.
Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашидааст. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини ин корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас гирифта шавад.