Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи панҷшанбеи 7-уми феврал аз кишварҳои аврупоӣ интиқод кард, ки дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар робита ба созиши ҳастаӣ миёни Теҳрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, кӯтоҳӣ карданд.
Муҳаммадҷавод Зариф дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии "Russia Today" бори дигар ба пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ таъкид кард ва аз Аврупо низ хост, ки ба ҳама ӯҳдадориҳои худ дар ин бора пойбанд бимонад. Вай изҳор дошт, "намехоҳам бигӯям аз ӯҳдадориҳои худ дар робита ба созишномаи ҳастаӣ шона холӣ карданд ё онро зери по гузоштанд, аммо дар иҷрои он кӯтоҳӣ карданд".
Оқои Зариф иҷрои ин ӯҳдадориҳоро на танҳо барои ҳифзи манфиатҳои Эрон муҳим донист, балки онро барои аврупоиҳо низ боаҳамият хонд.
Аврупо, ки мухолифи тасмими Амрико барои лағви созиши ҳастаӣ будааст, барномаи вижаеро барои тиҷорат бо Эрон тарҳрезӣ кардааст, ки аз ширкатҳои аврупоӣ дар баробари таҳримҳои Амрико ҳимоят мекунад. Ин барнома бо номи "Абзори ҳимоят аз мубодилаҳои тиҷоратӣ" ҳафтаи гузашта ба таври расмӣ сабт шуд, аммо то ҳанӯз ба ҳолати иҷро надаромадааст.
Муҳаммадҷавод Зариф бо ситоиш аз ин барнома гуфт, "ин барнома метавонад шеваи ҳушмандона барои дур кардани таҳримҳо бошад ва хасорати Эрон дар натиҷаи таҳримҳоро ҷуброн кунад". Вазири умури хориҷии Эрон сипас ваъда дод, ки барномаи "Абзори ҳимоят аз мубодилаҳои тиҷоратӣ" густариш хоҳад ёфт ва талош хоҳанд кард кишварҳои дигар аз беруни ин иттиҳодия низ ба он шомил шаванд.
Се кишвари аврупоӣ -- Олмон, Фаронса ва Бритониё дар баёнияе, ки аз сабти расмии "Абзори ҳимоят аз мубодилаҳои тиҷоратӣ" хабар доданд, эълом карда буданд, ки тамаркузи ин барнома бар колоҳои муҳим аз қабили дору, таҳҷизоти пизишкӣ ва маводи ғизоӣ хоҳад буд.
Аммо Муҳаммадҷавод Зариф мегӯяд, ки Аврупо бояд аз ин фаротар биравад ва ба дигар ӯҳдадориҳои худ худ низ амал кунад. Оқои Зариф иҷрои ин ӯҳдадориҳоро на танҳо барои ҳифзи манфиатҳои Эрон муҳим донист, балки онро барои аврупоиҳо низ боаҳамият хонд.