Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба ихроҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон даъват карданд


Намояндагони Толибон ва ҳайате ба раҳбарии раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон Ҳомиди Карзай дар ҷараёни рӯзи дуюми музокирот дар шаҳри Маскав ба ихроҷи нирӯҳои хориҷӣ аз хоки ин кишвар даъват карданд. Ин музокирот бо вуҷуди ҳузур надоштани намояндагони ҳукумати Афғонистон аз ҷониби бархе ҳамчун “музокироти байнихудии” афғонҳо арзёбӣ шуд. Ин нишаст аз ҷониби дафтари президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ интиқод шуд.

Музокироти Маскав дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар шаҳри Доҳа, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 17-сола дар ин кишвар дар ҳоли анҷомёбӣ аст, бо ин вуҷуд, ки Толибон ҳамоно аз мулоқоти мустақим бо намояндагони ҳукумати Афғонистон худдорӣ мекунанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар ҷараёни суханрониаш дар Конгресс шоми 5 феврал ин музокиротро “созанда” номид ва дар робита бо хатми ҷанги тӯлонӣ мӯҳтотона изҳори назар кард. 6 феврал Толибон иддао карданд, ки Вашингтон дар ҷараёни музокирот дар Доҳа розӣ шуданд, ки то охири апрел нисфи нирӯҳои заминии худро аз хоки Афғонистон берун кашанд ва ин ҷараён гӯё шурӯъ шудааст. Абдулло Салом Ҳанафӣ, муовини раиси дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав гуфт, ки “амрикоиҳо розӣ шуданд, ки нисфи нирӯҳояшонро билофосила берун кашанд. Берункашӣ 1 феврал шурӯъ шуда то охири апрел идома меёбад”, гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG