Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 30% ба ҳузури ҳамсарони худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифанд. ВИДЕО


Ҳар нафари севум дар Тоҷикистон аз ҳузури зан ё шавҳари худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозӣ будааст. Ба андешаи муҳаққиқоне, ки масоили пойдории оиларо омӯхтаанд, ҳузури ҳамсарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари аз ҳам пошидани хонаводаҳоро дар пай дорад.

Ҷанҷолҳо дар пайи истифода аз шабакаҳо

Пурсиши афкори умум, ки онро Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи охири соли 2018 дар миёни беш аз ду ҳазор сокини Душанбеву Кӯлоб ва ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ анҷом додааст, назари сокинонро ба масоили оилаву оиладорӣ ба намоиш мегузорад.

Дар як сӯҳбати сарироҳӣ, ки хабарнигорони РО баъди пахши ин пажӯҳиш анҷом додаанд, аксари мардҳо истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби ҳамсарҳои худ барои зиндагии якҷояашон "хатарнок" гуфтанд.

Шоҳзод Раҳимзода, як масъули Кумитаи ҷавонон, рӯзи 23-юми январ ҳангоми муаррифии натиҷаҳои пурсиш гуфт, беш аз 24 дарсад ё тахминан чоряки пурсидашудаҳо дарк мекунанд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби зану шавҳар "як талаби замон" аст.

Ба иттилои масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар 11 моҳи соли 2018 дар кишвар беш аз 71 ҳазор нафар оила бунёд кард, беш аз 10 ҳазор хонавода аз ҳам ҷудо шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш, пошхӯрии оилаҳо тахминан 8 дар сад зиёд аст.

Маълум нест, ки чӣ теъдоде аз ин даҳ ҳазорро онҳое ташкил медиҳанд, ки дар пайи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳам ҷудо шудаанд. Аммо дар гузашта Радиои Озодӣ мавридҳоеро дар мавриди ҷанҷоли хонаводагӣ дар пайи истифодаи замимаҳое ба мисли Viber ва Whatsapp нашр карда буд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Истифодаи ҷуфтҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ - "хатарнок" ё "талаби замон"?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Рӯҳониён чӣ мегӯянд?

Рӯҳониёни тоҷик, ки дар муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот иштирок доштанд, мегӯянд, мавридҳои муроҷиати сокинон аз эҷоди мушкил дар муносибати занушавҳарӣ зиёд мешавад ва дар ин ҳодисаҳо нақши фанновариҳои нав ҳам кам нест. Дар мавриди ҳамсӯҳбат шудан тариқи телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ бо мард ё зани дигар, ки баъзан боиси ба миён омадани рашк ва ҷудошавии хонаводаҳои тоҷик мегардад, қаблан хабарҳое дар расонаҳо нашр шуда буд.​

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гуфт, дар сурати ошкор шудани сӯҳбатҳои шаҳвонӣ, гоҳе ҷавонон ба хотири пош нахӯрдани оила ва дуруст ба воя расонидани кӯдакон бояд якдигарро бахшанд. Ӯ аз таҷрибаи машвараташ ба як ҷавон ёдовар шуд, ки аз суҳбати маҳрамонаи ҳамсараш бо марди бегона хабардор шудааст.

"Рӯзе баъди намози ҷумъа як ҷавон ба наздам омад ва гуфт, "ҳазрат, сӯҳбатҳои шаҳвонии занамро бо марде қапидам, талоқаш диҳам гунаҳкор намешавам?" Гуфтам, гунаҳкор мешавӣ. Дар масҷид ҳастем, рӯ ба рӯи қибла ҳастем. Ку, бигӯ, бо ягон зани номаҳрам суҳбатҳои шаҳвонӣ намекунед? Гуфт, "хайр, акнун, ҷавонӣ аст..." Гуфтам: Он зан ҳам ҷавон аст. Шумо кардед - бегуноҳ ва ӯ кард - гуноҳкор-а? Шумо бояд гузашт кунед ва гӯед, "ин дафъа гузашт мекунам ва дигар такрор нашавад". Ӯ низ Шуморо мефаҳмад".

Абдулқодирзода гуфт, таҳлилҳои бархе кишварҳои хориҷа нишон медиҳад, ки 90 дар сади хушбахтии инсон аз ҳамсар ва оила вобастагӣ дорад ва 10 дар сад - аз омилҳои берунӣ. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон иброз дошт, ки зиндагӣ бе камбуд намешавад ва оилаҳои ҷавон бо пайдо шудани мушкиле миёнашон, зуд аз ҳам пош нахӯранд ва "гузашт карда, якдигарро бахшанд беҳтар аст".

"Иҷозат медиҳам, ба шарте, ки рафтораш шаффоф бошад"

Дар як сӯҳбати сарироҳӣ, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ баъди пахши ин пажӯҳиш анҷом додаанд, аксари мардҳо истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби ҳамсарҳои худ барои зиндагии якҷояашон "хатарнок" гуфтанд. Яке аз ин ҳамсӯҳбатҳо гуфт, ба ҳузури занаш дар "Фейсбук" иҷозат медиҳад, ба шарте ки ҳамсараш дар рафтораш шаффоф бошад ва бо талаби шавҳар саҳифаро боз карда, онро ба шавҳараш нишон диҳад.

Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз афзоиши омори талоқҳо изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, пошхӯрии хонаводаҳо ба афзоиши бекорӣ ва пайдо шудани занҳои бадахлоқ сабаб мешавад.

XS
SM
MD
LG