Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Бритониё тарҳи Тереза Мэй барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупоро рад кард


Намояндагони порлумони Бритониё рӯзи сешанбеи 15-уми январ тарҳи нахуствазири ин кишвар барои хуруҷи Лондон аз Иттиҳодияи Аврупоро радд карданд.

432 тан аз вакилон алайҳи ин тарҳ раъй дода ва 201 тани дигар аз он пуштибонӣ карданд. Ҳукумати Бритониё танҳо то рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда фурсат дорад тарҳи "алтернатив" ё "ҷойгузин"-ро пешниҳод кунад.

Муовини садри аъзами Олмон шикасти тарҳи "Брекзит"-и нахуствазир Тереза Мей дар порлумони Бритониёро, "рӯзи талхе" барои Аврупо хонд.

Тавофуқ бар сари "Брекзит" дар моҳи ноябр ба даст омад ва ҳадаф аз он, хуруҷи ороми Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзи 29-уми март буд. Иттиҳодияи Аврупо гуфта буд, ки ин беҳтарин ва танҳо тавофуқи мумкин барои хуруҷи Бритониё аз ин иттиҳодия аст.

Ин тарҳ дар ҳоле радд шуд, ки порлумони Бритониё дар панҷ рӯзи гузашта машғули баҳсу баррасии он буд. Бо шикасти ин тарҳ, ҳоло эҳтимоли талошҳо барои раъйдиҳии дубора, канор рафтани нахуствазир ва эъломи интихоботи пеш аз мӯҳлат, таъхир дар раванди "Брекзит" ва шояд такрори ҳамапурсӣ, матраҳ шавад.

Вокуниши Аврупо

Радди тарҳи Тереза Мэй барои хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо дар порлумони Бритониё, вокунишҳои густурдае дар байни кишварҳои аврупоӣ доштааст.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар ин бора гуфтааст, агар Бритониё бидуни тавофуқе бо Иттиҳодияи Аврупо аз ин иттиҳодия хориҷ шавад, бузургтарин бозанда хоҳад буд. Эммануел Макрон гуфтааст "ин барои ҳама ваҳшатнок аст. Аввалин бозанда ин Бритониё хоҳад буд".

Доналд Туск, раиси Иттиҳодияи Аврупо бо Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё. Акс аз бойгонӣ.
Доналд Туск, раиси Иттиҳодияи Аврупо бо Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳамин замина, Доналд Туск, раиси Иттиҳодияи Аврупо пас аз эълони натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар порлумони Бритония гуфтааст, аъзои ин Иттиҳодия ҳамчунин мавзеи якпорча дар баробари Брекзит доранд.

Сухангӯи Доналд Туск гуфтааст, "мо аз натиҷаи раъйгирӣ дар порлумони Бритониё мутаассифем ва аз ҳукумати Бритониё мехоҳем, ки ҳарчӣ зудтар мавзеи худро дар бораи гомҳои баъдӣ мушаххас кунад".

Доналд Туск қаблан дар "Твиттер" навишта буд, "агар тавофуқ номумкин аст, пас дар ниҳоят чӣ касе шуҷоати онро дорад, ки бигӯяд, танҳо роҳи ҳалли мусбат чист?

"Рӯзи талх" барои Аврупо

Муовини садри аъзами Олмон низ гуфтааст, шикасти тарҳи "Брекзит"-и нахуствазир Тереза Мей дар порлумони Бритониё, "рӯзи талхе" барои Аврупо буд.

Давлати Ирландия низ гуфтааст, мушаххас аст, ки бо вуҷуди шикасти тарҳи Тереза Мэй, Иттиҳодияи Аврупо ҳозир ба музокираи дигарбора дар ин бора нест. Ҳукумати Ирландия ҳамчунин гуфтааст, ки "Брекзити ошуфта", барои ҳама тарафҳои ин созиш натиҷаи баде дорад.

XS
SM
MD
LG