Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ аз ширкатҳои хориҷӣ хост, ки ғизои мусофиронашонро аз Тоҷикистон бихаранд


Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ирсоли нома аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки ба ин кишвар парвозҳо анҷом медиҳанд, хостааст, ки барои мусофиронашон, аз Тоҷикистон хӯрок харидорӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон то кунун танҳо як ширкат - "Tajik catering service" ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ хӯрок таҳия мекунад.

"Танҳо аз ширкатҳои боваринок хӯрок мехарем"

Ҳусейн Усмонов, намояндаи ширкати ҳавопаймоии русии "Ютейр" дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ба ин мазмун нома дарёфт карданд ва ӯ ҳамчун намояндаи ширкат ин дархости ҷониби Тоҷикистонро ба маъмурияти асосии ширкат ба Русия фиристодааст.

Бисёре аз мусофирон мегӯянд, хӯрокҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, хусусан ширкатҳои русӣ ба мусофирон аз Тоҷикистон пешкаш мекунанд, бесифат ва камғизо ҳастанд.

Ӯ гуфт, "ман намояндаи ширкат ҳастам, мактубе, ки аз оҷонсӣ омад, ба роҳбарияти ширкат равон кардам, ҳоло ягон ҷавобе нест. Ширкат аз Тоҷикистон хӯрок намехарад, ҳама хӯрокро аз Русия мегирад. Чунки инҷо масъалаи амният аст. Дар ҷазираи Синой ҳавопаймо маҳз аз роҳи қуттии хӯрокворӣ таркид. Бинобар ин, ширкат танҳо аз ширкати бовариноки худ хӯрокворӣ мехарад".

Бо ин ҳам, Усмонов гуфт, ҳанӯз роҳбарияти ширкат дар ин бора ба мактуби оҷонсӣ посухе надодааст ва ҳанӯз маълум нест, ки дар ин бора чӣ тасмим мегирад.

"Касе маҷбур карда наметавонад"

Дар чанде аз ширкатҳои дигари ҳавопаймоӣ низ вуҷуди чунин як дархостро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, Тоҷикистон наметавонад онҳоро ба хариди хӯрок маҳз аз ширкати тоҷикистонӣ муваззаф кунад ва онҳо дар интихоби ширкати таъминкунандаи хӯрок соҳибихтиёр ҳастанд.

Умедҷон Лолаев, намояндаи "Уралские авиалинии” - ширкати дигари ҳавопаймоии Русия, ки ба шаҳрҳои Тоҷикистон парвоз мекунад, гуфт, ин ширкат як қисме аз хӯроквориашро аз Тоҷикистон мехарад. Аммо ин маҷбурӣ нест ва ҳар ширкат шарики худро барои хариди хӯрокворӣ дорад ва "намешавад ширкатро маҷбур кард, ки маҳз аз ҳамин ҷо хӯрок мехарӣ. Ин аз ширкат вобаста аст, ширкат аз куҷое хост, аз ҳамон ҷо хӯрок мегирад, маҷбур карда наметавонанд".

Дархости Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати хариди хӯрок аз ширкати тоҷикистонӣ дар ҳолест, ки муштарии асосии хӯрокҳои ягона ширкати таҳияи ғизо барои мусофирони ҳавпаймо дар Тоҷикистон Tajik catering service - "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр" аст. Ҳоло "Тоҷик эйр" низ аз фаъолият бозмонд ва гуфта мешавад аз ин ширкати таҳияи ғизо қарздор аст.

Дар пасманзари камбуди муштарӣ, Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ширкатҳои хориҷиро низ даъват дорад, то аз ғизоҳои Tajik catering service харидорӣ кунанд.

Шикоят аз хӯрокҳои бесифат ва камғизои ширкатҳои русӣ

Зимнан, мусофирон мегӯянд, хӯрокҳое ки ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, хусусан ширкатҳои русӣ ба мусофирон аз Тоҷикистон пешкаш мекунанд, бесифат ва камғизо ҳастанд.

Насрулло Тӯйчизода, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик, ки бо ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ ва ҳам туркӣ парвоз кардааст, мегӯяд, ширкатҳои русӣ ҳар мусофиреро аз Тоҷикистон муҳоҷири корӣ мепиндоранд ва муносибати сардеро бо онҳо раво мебинанд.

Насрулло Тӯйчизода.
Насрулло Тӯйчизода.

​Ӯ гуфт, "масалан, тариқи ширкати Ютейр ба Маскав парвоз карда будам, тӯли роҳ қариб панҷ соат аст, аммо пешхизматҳо ба мусофирон ҳамагӣ як сендвич ва чою қаҳва доданд. Ҳол он, ки мувофиқи қоида дар парвозҳое ба ин тӯл, ба мусофирон хӯроки гармӣ нисфирӯзӣ дода шавад".

Тӯйчизода гуфт, борҳо шоҳиди муносибати сард ва дағалии пешхизматҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ шудааст, ки ҳар мусофири самти Тоҷикистонро "муҳоҷири бесавод" мепиндоранд.

"Ба ман низ боре онҳо чунин дағалиро раво диданд, аммо ман зуд вокуниш нишон додам, ки ин кори ӯ дуруст нест. Пешхизмат зоҳиран чунин вокунишро интизор набуд ва лаҳзае ҳайрон шуда, зуд аз ман узр пурсид",-гуфт Тӯйчизода.

Ин ҳамсӯҳбати мо, ки бинобар зарурати корӣ зуд-зуд меҳмони ҳавопаймоҳои ширкатҳои дохиливу хориҷӣ мешавад, гуфт, миёни ҳама ширкатҳое, ки ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад, танҳо сифати хӯрокҳои ширкати "Turkish airlines" ва хидматрасонии пешхизматҳо, ӯро қонеъ мекунад.

XS
SM
MD
LG