Ҷасади Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишастаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва дар гузашта аз муовинони генерал Сӯҳроб Қосимов, баъд аз ҳудуди 25 рӯз, аз дарёи Вахш пайдо шудааст.
Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадро рӯзи гузашта об берун бароварда, моҳигирон онро дар соҳил мушоҳида намуданд ва пулисро огоҳ карданд. "Ҷасад якуним ҳазор метр поинтар аз ҷои ҳодиса аз об берун баромадааст",-афзуд Умеда Юсуфова.
Холмуродови 56-сола қаблан дар қисми низомии "35-02"-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт ва солҳои охир бознишаста буд.
Як масъул дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара рӯзи 7-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади "Саъдӣ Командир" пас аз ташхис ба наздиконаш супурда шуд. Наздикони Саъдӣ Холмуродов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоми дирӯз онҳо аз ёфт шудани ҷасад огоҳ шуда ва онро барои хоксупорӣ ба Сангтӯда бурдаанд.
Тафтиши ин ҳодисаро додистонии ноҳияи Данғара пеш мебарад. Раҳимзода Мирзоалӣ, як масъули Додситонии ноҳияи Данғара дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бадани Саъдӣ Холмуродов ҳеҷ нишоне аз марги маҷбурӣ ё шиканҷаву зӯроварӣ мушоҳида нашуд. Манбаъ афзуд, барои боз ҳам дақиқ шудани осори марги Саъдӣ Холмуродов, мунтазири натиҷаҳои ташхисанд. "Пас аз як ҳафта натиҷаи ташхис маълум хоҳад шуд",-гуфт вай.
Сулҳия Холмуродова, ҳамсари Саъдӣ Холмуродов ҳам рӯзи 7-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бадани ҳамсараш ҳеҷ аломати марги маҷбуриро мушоҳида накарданд. "Чизе набуд, маълум аст, ки вай худаш афтида будааст",-афзуд вай
Сулҳия Холмуродова дар идома гуф, маросими намози ҷанозаи Саъдӣ Холмуродов субҳи имрӯз, соати 9:30 дар маҳаллаи Сангтӯдаи Данғара баргузор шуд ва ӯро дар мазори ҳамин маҳалла дафн карданд.
Қаблан наздикони Саъдӣ Холмуродов ба фарзияи ғарқ шудани ӯ шакк доштанд ва гуфта буданд, ки маъмурони милиса аз маҳалли эҳтимолии ғарқ шудани ӯ сангҳои хунолуд ёфтаанд ва ин шубҳаи онҳоро дар мавриди худ ба худ ба дарё афтодани ӯ бештар кард.
"То ҳол ташхис накардаанд, ки хуни рехта ба хуни Саъдӣ мутобиқат мекунад, ё не. Дар ҷое, ки сангҳои хунолуд истодаанд, аробаи боркашониро ёфтаанд. Вай бо ин ароба дар замин кор мекард", - гуфта буд ҳамсари Саъдӣ Холмуродов.
Ба гуфтаи наздиконаш, Саъдӣ Холмуродов дар наздикии нерӯгоҳи Бойғозӣ як замин дошт ва дар нерӯгоҳ низ кор мекард. Саъдӣ Холмуродови 56-сола қаблан дар қисми низомии “35-02”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт ва солҳои охир бознишаста буд.