Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обид Асомов даргузашт


Обид Асомов
Обид Асомов

Обид Асомов, ҳунарпешаи маъруфи Узбекистон, ки солҳои охир дар барномаҳои ҳаҷвии телевизионҳои Русия ширкат мекард ва дар Тоҷикистон ҳам аз маҳбубият бархӯрдор буд, даргузаштааст.

  • Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва Вазорати фарҳанги Узбекистон хабари марги ӯро тасдиқ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.
Вақте хостам дар бораи саҳначаи ҳаҷвии худам бо номи “Ҷенталмен” ба ӯ нақл кунам, аллакай огоҳ буд.

Баъзе аз расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки ӯ рӯзи 14-уми декабр дар бемористони шаҳри Тошканд ҷон додааст. Асомов 55 сол дошт ва се рӯз қабл бар асари сактаи қалбӣ ба бемористон интиқол ёфта буд.

Обид Асомов аз ангуштшумор ҳунармандони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки дар шоу-бизнеси Русия ҷойи по ёфтааст. Саҳнаҳои ҳаҷвии Асомов солҳои тӯлонист, ки тариқи барномаи “Аншлаг” ва "Оинаи каҷнамо"-и телевизиони Русия намоиш дода мешавад.

Аммо пахши ҳаҷвияҳои Обид Асомов дар телевизионҳои Узбекистон дастикам даҳ сол ва дар замони ҳукумати Ислом Каримов бо дастури нонавишта манъ буд. Асомов гуфта буд, ки эҳтимол тасвири муҳоҷирони узбек дар барномаи “Оинаи каҷнамо”-и телеизиони Русия сабаби чунин дастур шудааст.

Пас аз тағйири ҳукумат дар Узбекистон дар соли 2016 Обид Асомов ба ватан ва ҳамин тавр ба экрани телевизионҳои кишвараш баргашт.

Овозхон ва продюсери мусиқӣ Беҳрӯз Зеваров, ки рӯзи 14-уми декабр дар Тошканд буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи хабари даргузашти ҳунарпешаи маъруфи узбек Обид Асомов зоҳиран на ҳама хабар доранд. Ӯ гуфт, охирин хабар дар бораи ба бемористон афтодани ӯ буд, ки ҳамватанонашро ошуфта кард.

Обид Асомов бо Юлдуз Усмонова
Обид Асомов бо Юлдуз Усмонова

“Даргузашти Обид Асомов на танҳо барои Узбекистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ як талафот аст. Ман ҳам бо ӯ шахсан ду сол пеш шинос шудам. Он замон ӯ барои иштирок дар барномаи телевизионии “Шоми Душанбе”, ки дар “Кохи Малика” сабт мешуд, ба Душанбе рафта буд. Дар ҳамон ҷо ҳунарнамоии ӯро аз наздик дидам. Бисёр афсӯс, ки дар синни хеле ҷавон ин дунёро тарк кард”, - гуфт Беҳрӯз Зеваров.

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманди тоҷик, гуфт, ки бори охир Обид Асомовро дар барномаи ҳунарии Юлдуз Усмонова дидааст.

Вай гуфт, “Асомов аз нигоҳи ҳунарӣ ва иҷрои саҳнаҳо ва барномаҳои ҳаҷвӣ дастболо буд. Вақте хостам дар бораи саҳначаи ҳаҷвии худам бо номи “Ҷенталмен” ба ӯ нақл кунам, аллакай огоҳ буд. Шунидани ин хабар бароям ногаҳонӣ ва боварнакарданӣ аст. Беҳад ғамгин шудам”.

Обид Асомов соли 1963 дар шаҳри Тошканд зода шуда, дар Омӯзишгоҳи ҳунарӣ ва Донишкадаи театрии пойтахти Узбекистон таҳсил кардааст.

Ӯ дар филмҳои "Шералӣ ва Ойбарчин" (1989), "Марди оҳанӣ" (1991), "Қонуни ҷангал" (1991) ва дигарон нақш бозидааст. Моҳи майи имсол сардори студияи таҳияи мултфилмҳо таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG