Ҳамасола беш аз 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 8 маркази амрикоӣ дар ин кишвар забони англисӣ ва донишҳои худро тақвият медиҳанд. Гуфта мешавад, ки дар агар кишварҳои дигар Амрико 4 маркази амрикоӣ дошта бошад, феълан дар Тоҷикистон 8 чунин марказ фаъол будааст.
Орзу наҳваи ихтироъкориро бо англисӣ меомӯзад
Орзу Ҳафизов, донишҷӯи курси аввали Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ҳамарӯза ба Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе омада, наҳваи ихтироъкорӣ дар бахши фанновариро меомӯзад. Рӯзи 6-уми декабр Орзуро ҳангоми таҳияи роботе пайдо кардем, ки тавассути телефони мобилӣ идора мешавад.
Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шароити маркази амрикоӣ имкон медиҳад, ки ройгон тавассути интернет аз маҳзанҳои амрикоӣ барои ихтирооти худ иттилоъ ва машваратҳои фаннӣ дарёфт кунад.
Ба иттилои масъулони сафоарти Амрико дар Душанбе, ҳамасола аз марказҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар дидан мекунанд.
Орзу афзуд, ки аз наврасӣ ба ихтироъкорӣ машғул мебошад, вале имкон надошт, ки фаровон аз интернет истифода карда, донишҳоямро сайқал диҳам. Ҳоло ӯ ҳамарӯза бо маркази амрикоӣ омада, бо ҳамтоёнаш дар Амрико дар тамос мешавад ва бо мусоидати онҳо ҳоло машғули ихтирооти нав ҳаст. Ҳамзамон дар ин марказ сатҳи дониши забони англисиро сайқал медиҳад ва дар оянда умед дорад бо истифода аз донишҳои гирифтааш барномаву фанновариҳои ҷиддитарро дар бахши компютерӣ ихтироъ кунад.
Рақобат барои донистани забони англисӣ
Рӯзи 6-уми декабр дар Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе бахше аз озмуни байналмиллалии "Ҳарф ба ҳарф" шурӯъ шуд ва ширкаткунандаҳо дар маҳорати донистани забони англисӣ рақобат карданд. Ба гуфтаи Шароф Давлатов, раиси Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе, ин даври аввали озмун аст ва даври ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Давлатов, ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ба марҳилаи минтақавии сабқат ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон мераванд.
Шароф Давлатов афзуд, ки дар Тоҷикистон 8 маркази амрикоӣ доранд - дар Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Хуҷанд ва Исфара ва аъолияти онҳо комилан ройгон аст. "Дар ин марказҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ройгон ба забономӯзӣ ва донишомӯзӣ машғуланд",-афзуд вай.
Истифодаи ройгон аз марказҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон
Ҷефф Райденауер, як масъули сафорати Амрико дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳадафи фаъол кардани марказҳои амрикоӣ дар ин кишвар, тақвияти ҳамкориҳои мардуми тоҷик ва Амрико мебошад. Вай афзуд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад аз зарфиятҳои ин марказҳо ройгон истифода кунад.
"Мо ба алоқамандон комютерҳо ва интернети ройгон фароҳам мекунем. Вобаста ба синну соли шаҳрвандон машғулиятҳои забономӯзиву ихтироъкорӣ, банду басти мошинолот ва ҳатто барои бонувон ҳунари дизайнериро меомӯзонем. Дар машғулиятҳои ин марказ пайваста донишмандону мутахассисон ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Амрико ширкат мекунанд. Ҳоло дар ин марказҳо ҳатто машғулиятҳои хабарнигорӣ доир мешаванд. Ин ҳама ройгон аст", афзуд ин дипломати амрикоӣ.
Ба иттилои Ҷефф Райденауер, ҳамасола аз марказҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар дидан мекунанд.
Таваҷҷуҳ ба англисӣ бештар шудааст
Ҷомеашиносон мегӯянд, ки таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони англисӣ, талоши таҳсил дар мактабҳои олии ин кишвар ва ҳам ошноӣ бо зиндагӣ дар ғарб баъди пошхӯрии шӯравиву аз байн рафтани деворҳои баланди марз бештар шуд.
Агар дар солҳои шӯравӣ забони русӣ гарави зиндагиву кори хуб дониста мешуд, ҳоло дигар бо забони русӣ маҳдуд намешаванд. Забони англисӣ ва дигар забонҳои хориҷаи дур барои бисёр тоҷикон билети зиндагии озод дар Ғарбу Аврупо шудааст.
Абдумалик Қодиров, як таҳлилгари тоҷик мегӯяд: "Мо бояд эътироф кунем, ки забони русӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи қаблии худро аз даст додааст. Ҷавонони тоҷик дарк кардаанд, ки бояд забони англисиро биомӯзанд. Зеро, дигар онҳо наметавонанд интизор бошанд, ки русҳо чӣ замоне дастовардҳои фанновариҳои ҷаҳониро аз англисӣ ба русӣ тарҷума мекунанд. Ҷавонони тоҷик дарк мекунанд, ки танҳо тавассути омӯзиши забони англисӣ метавонанд донишҳои муосирро азхуд кунанд. Ҷониби Амрико ҳам чунин талошҳои ҷавонони тоҷикро дарк карда, барои фаъолияти гӯшаҳои худ дар Тоҷикистон маблағҳои зиёдеро сармоягузорӣ мекунад".
Аз сӯи дигар, дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон гӯшаҳои ба истилоҳ "Русский мир" фаъол ҳастанд. Вале мушоҳида нишон медиҳанд, ки ба ин марказҳои русӣ теъдоди бамаротиб камтари ҷавонон ташриф меоваранд. Ҳамчунин дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон Эрон ва Чин низ марказҳои фарҳангии худро боз кардаанд, вале ба сабабҳои мухталиф ба ин марказҳо низ теъдоди андаки сокинон ташриф меоваранд.