Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадсафар -- устоди донишгоҳ ва репсаро. ВИДЕО


Омӯзгориву рэпсароӣ аз назари аввал ду машғулияти комилан мухталиф ҳастанд. Вале барои Муҳаммадасафар Зокиров, омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия миёни ин ду ҳунар тафовути зиёд вуҷуд надорад.

Омӯзгори 24-солаи фанни бисёр ҷиддии иқтисод дар донишгоҳ баъди кор инсони дигар мешавад: либоси расмии костюму галстукдорро бо сарутани озод ва то ҷое хиёбонӣ табдил мекунад ва дар жанри реп мехонад.

"Профессор М" бо тоҷикӣ рэп месарояд

Муҳаммадсафар Зокиров дар маҳфили репсароҳои тоҷик шахсияти шинохта аст, вале дар ин муҳит ӯро бо исми дигар мешиносанд: "Профессор М". Дар батл ё рақобати репсароҳо, ки зимнан ба забони тоҷикӣ мегузарад, “Профессор М” аз ҳар мавзӯъ - зиндагиву мушкилот, тафаккуру андеша, бепуливу бекорӣ, торикии фитрӣ ва дигар масоил мехонад, ки ба гуфтааш, наздик ба зеҳни ҷавонон ва ҳамсолони худаш аст.

Рэпро дар Тоҷикистон ҳанӯз ба шакли як жанри мусиқӣ ва ҷиддӣ қабул намекунанд. Назари бисёриҳо ба ин жанр манфӣ ҳам ҳаст.

Муҳаммадсафар мегӯяд, ки репсароиро аз курси аввали донишгоҳ таҷриба мекунад ва то ҳол аз ин машғулияташ даст накашидааст. Матну оҳангашро ҳам худаш менависад ва иқрор мешавад, ки дар қиёс бо таҷрибаҳои солҳои аввал, ҳоло матну андешаҳояш мувофиқ бо таҷрибаи зиндагӣ дигар мешавад:

"Ба рэп ман аз курси як шавқ пайдо кардам. Дар донишгоҳ бо баҳои хубу аъло мехондам, дар донишгоҳ ва дӯстонам маро ҳамеша "ботаник" ном мебурданд (ишора ба ҷавони донишманду моил ба хондану омӯхтан). Ман ҳам фикр кардам, ки ҳар як "ботаник" дар оянда профессор мешавад ва тахаллуси "Профессор"-ро интихоб кардам. Ин орзуро ҳам доштам, ки ман бояд кор кунам ва соҳиби унвони илмӣ шавам."

Муҳаммадсафар дар мавзӯъҳои мухталиф месарояд

Мегӯяд, дар баробари мавзӯъҳои сабук, инчунин дар бораи он масоиле андеша мекунад, ки дар зеҳни ҷавонҳо мечархад – ин ҳам бекорӣ, беадолатии иҷтимоӣ, муносибати шахсӣ ё шаҳрвандӣ ба ватан ва арзишҳои дигар.

Бо ин, ки дар эҷодаш аз ҳазл истифода мекунад ва дар оғоз ҳатто бо ниқоб ва либоси қаҳрамонҳои филмҳои маъруф ҳунарнамоӣ мекард, пайғоми таронаҳояш бисёр ҷиддӣ аст. Эътироф мекунад, ки як ҳадафи муколамаи ӯ бо ҷавонони шунавандааш – тарбия, ҷой кардани ҳикмате дар зеҳни онҳо ва ба андеша водор кардан аст:

Кӣ босавод, кӣ бесавод?

Ку, канӣ?

Кӣ ба мо медиҳад ҷавоб?

Мондем савол нашунида ҷавоб.

Мммм… бориши борон…

Дар и аҳвол надавидем

Баҳри шумо пешниҳоди мавод,

Фаҳмиданаш амри маҳол

Маълум мешавад, вақти гирифтани баҳо,

Баҳри гирифтани ақли комил,

Бояд хонд китобу асари бузургора.

Аммо мешавад, ақли мо ним,

Гӯш карда рэпи ҳар гуна бузургора…

Гапи қабеҳ бар зиди дӯст - ин бесаводист.

Дӯст мисли ойинаи туст.

Аз рӯйи ҳадис, дӯстам, корат хатост,

Ист, ист, ист!

Накун хато, остановись,

Ин бесаводист.

"Ҷавонон насиҳатро хуш надорад"

Муҳаммадасафар Зокиров мегӯяд, мутобиқ ба жанри реп бо лаҳни хиёбонии ҷавонона ва либоси ғайрирасмӣ, бовар дорад, ки ҳарфи дилашро ба ҳамсолону ҷавонтарҳо мерасонад. Бовар дорад, ки агар бо ҷавон бо забони худаш сӯҳбат кунӣ, таъсираш бештар аст: "Мавзӯъҳои ҳаррӯзае, ки дар ҷамъият мебинем, дар Инстаграм шиштан, дар кӯча рафтори ноҷо карданро бо мисолҳои мушаххас нишон медодам. Ҷавонон маъмулан насиҳатро хуш надоранд, аммо мушкилашонро дар оина бубинанд ислоҳ мешаванд."

Муҳаммадсафар -- устоди донишгоҳ ва репсаро
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:23 0:00

Муҳаммадсафар мегӯяд, дар муомила бо донишҷӯён, ки зимнан дар бораи ҳунари репсароии ӯ хабар доранд, самимӣ аст. Яъне, онҳо медонанд, ки машғулияти баъдидарсии омӯзгор дар саҳна мегузарад, вале боз ҳам, ба гуфтааш, қоидаву муқаррароти дарс меъёрҳои худро дорад:

"Барояшон дарсро бо мисолҳои соддаву ба онҳо ошно мефаҳмонам ва хуш қабул мекунанд. Аммо бе сиёсат ҳам намешавад. Аз таҷрибаи худ медонам, ки агар баҳоро муфт бидиҳӣ, донишҷӯ чизе намеомӯзад ва ҳатто дар дарс иштирок намекунад. Бинобар ин медонам, ки агар бо онҳо мисли як ҳамсолашон рафтор кунам, эҳтиром мекунанд, аммо гӯш намекунанд”.

Мавзӯи бисёр таронаҳои ӯро ҳам ҳамин донишҷӯҳо ва муошират бо онҳо медиҳад:

Ҷавонон - ояндаи миллат,

Мо мебинем аҳвола, аз кӣ гирем ибрат?

Тағаи ту имрӯз ҳаст, неки пага на.

Муҳтоҷи касе набошу парвоз кун ба қанат.

Манфиати шахсӣ даркорай ҳамада,

Вақте, ки аз хориҷ паст мекнан номи ватан,

Мечака гиряам дар замин чак-чак.

Дар ин аҳвол мо ҳама мешавем пачақ.

Ин беҳтар аст апа, нав гуш кардам пурра.

Ин ки муаллифи иқтисодшинос Муҳаммадсафар Зокиров репсароӣ мекунад, ҳамкорони омӯзгораш ҳам хабар доранд. Бархе ин машғулиятҳои эҷодии ӯро дастгирӣ мекунанд, бархе ҳам ҳастанд, ки мегӯянд ин жанру ҳунарро қабул надоранд. Ҳамингуна шогирдони муаллим ҳам назари мухталиф доранд.

Шаҳбоз Нозимов, донишҷӯйи бахши молияи Донишгоҳи славянӣ мегӯяд, ба шуғли баъд аз кори муаллим кор надорад. "Муҳим ин ки муаллим метавонад дар ҳама ҳолат донишҷӯро дарк кунад, дар кори худ ҷиддӣ аст ва этикаи касбиро риоя мекунад. Дар донишгоҳ устодони зиёди таҷрибадор дорем, аммо аз онҳо на ҳама чиро пурсидан имкон дорад. Устоди ҷавон тамоман дигар аст",-мегӯяд Шаҳбоз Нозимов.

Устоди рэпсаро дар донишгоҳ

Худи омӯзгори рэпсаро талош мекунад, дар донишгоҳ мавзӯи рэпсароияш матраҳ набошад. Ба суолҳои шогирдон ҳам дар бораи ин шуғлаш фақат берун аз дарс ҳозир аст посух бигӯяд. "Мешуд баъзе ҳолатҳое, ки намедонанд омӯзгорам, омада мегуфтанд "акаи профессор, чӣ хел ҳастед?" Бархе аз донишӯёне ҳам ҳастанд, ки бо мо наздиканд ва чун дӯст маро мешиносанд, аммо вақте рафтори маро дар донишгоҳ мебинанд, нороҳат мешаванд ва мегӯянд "ака худатро гирифтӣ". Ман мегӯям, дар ин ҷо ман омӯзгорам ва вазифаи ман таълим додан аст."

Муҳаммадсафар, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бо он ки на ҳама ҳамсолони ӯ мехоҳанд омӯзгор шаванд, ӯ бо дипломи сурхи донишгоҳ ба як озмуни Донишгоҳи славянӣ ҳуҷҷат супурд ва омӯзгор шуд. Волидонро ин тасмими писари рэпсарояшон хушҳол кард ва фикр мекарданд билохира ӯ тарки рэп мекунад. Аммо дар баробари кор дар донишгоҳ ин омӯзгори ҷавон ба чорабиниҳои бузургтари кишвар роҳ ёфт.

Муҳаммадсафар дар ин бора мегӯяд, "онҳо аз аввал зидди рэпсароии ман буданд. Ва мегуфтанд ин як шуғли кӯдакӣ буд, ту калон шудӣ. Вале вақте соли 2017 бо як тарона барои ширкат дар ҷашни истиқлолият назди президент даъват шудем, баъди барнома падарам ба ман бори аввал офарин гуфт. Ифтихор кардам, ки билохира ин шуғли маро эътироф мекунанд."

Рэпсароӣ дар Тоҷикистон

Рэпро дар Тоҷикистон ҳанӯз ба шакли як жанри мусиқӣ ва ҷиддӣ қабул намекунанд. Назари бисёриҳо ба ин жанр манфӣ ҳам ҳаст. Аммо худи рэпсароёни тоҷик мегӯянд, дар ду соли ахир дар Тоҷикистон назари ҷомеа ҳам каме тағйир ёфтааст. Акнун онҳо ҳам ба чорабиниҳио муҳими давлатӣ даъват мешаванд ва аз онҳо ҳам даъват мешавад бо рэп ҷавононро тарбия кунанд.

Бахтиёр Қаландаршоев, маъруф бо тахаллусти Бахтӣ масъули студияи "Зион рекордс" аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло миёни рэпсароён афроде зиёданд, ки мисли Маҳмадсафар ба кору пешаҳои муҳиму ҷиддӣ машғуланд. "Ҳастанд муаллимоне, дар мактаби байналмиллалӣ кор мекунад ё дар Кумитаи андоз аст, халабон дорем, ки дар вақти холиаш рэп месарояд. Соҳиби зиндагӣ ва кору бор ҳастанд. Ин ҳунар аст ва баъд аз кор ё вақти холӣ меоянду месароянд".

Ба қавли Бахтиёр, рэпи ин гурӯҳи ҷавонон аз дигарон тафовут дорад ва бемантиқ нест. Онҳо дар худ ҳадафу паёме дорад. Ҳадафи омӯзгори рэпсаро Маҳмадсафар Зокиров ҳам додани ғизои маънавӣ ба шунавандааш аст. Ин педагоги ҷавон бовар дорад, ки дар рисолти худ роҳи дурустро интихоб кардааст.

XS
SM
MD
LG