Додситонии кулли Тоҷикистон аз бахши тандурустии кишвар ба шиддат интиқод карда гуфтааст, фасодкорӣ ва азхудкунии маблағҳои будҷа дар ин соҳа, мояи нигаронии ҷиддӣ аст.
Нигаронии масъулини Додситонии кулл рӯзи 3-юми декабр тайи як ҷаласа дар Душанбе садо дод ва мақомоти Вазорати тандурустӣ низ ба интиқодҳои додситонӣ посух додаанд.
"Фасод, тамаъҷӯӣ ва СПИД: Се интиқоди Додситонӣ"
Зимнан тандурустӣ яке аз се соҳаи аз ҳама зиёд фасодзадаи Тоҷикистон мебошад.
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти як ҷаласа барои баррасии вазъи иҷрои қонунҳо дар бахши тандурустиро нашр кард. Ба қавли манбаъ, дар ин ҷаласа мақомоти Додситонии кулл аз истифодаи "ғайримақсаднок" ва азхудкуниву исрофкории маблағҳои будҷа, тамаъҷӯӣ ва фасод дар бахши тандурустӣ сахт интиқод карда, онро боиси ташвишу нигаронӣ хондаанд.
Интиқоди дигари Додситонии кулл аз шароити санитарӣ дар бемористонҳои кишвар будааст, ки ба бовари масъулин, боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ шудааст. "Сатҳи пасти корҳои пешгирикунанда ва муҳайё накардани шароити аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ муносиб боиси пайдо ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ гардидааст",-гуфтаанд масъулини Додситонии кулл.
Аз ҷума мақомоти додситонӣ, паҳншавии бемории СПИД дар кишварро ташвишовар хонда, чораҳои андешидаи мақомоти тандурустӣ дар ин самтро нокифоя арзёбӣ кардаанд. Дар Додситонии кулл мегӯянд, барои чунин камбудиҳо то ҳол 92 нафар муҷозот шуда, 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар ин гузориши Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ниҳодҳои давлатии тандурустӣ дар бисёр мавридҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешавад.
Масъулини Додситонии кулл дар иттилоияи худ ҷузъиёти аз ин бештар надодаанд. Аммо як иштирокдори ҷаласа бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҷаласа миёни мақомоти Додситонии кулл ва Вазорати тандурустӣ раддубалҳое сурат гирифт.
"Бо фасод на танҳо мо бояд ҳама мубориза барем"
Аз ҷумла масъулини Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, барои ҷой доштани фасодкорӣ дар ин соҳа, танҳо онҳо гунаҳкор нестанд ва бояд ҳама сохторҳо дар якҷоягӣ бо ин мубориза мебурданд.
"Вазорати тандурустиро сахт танқид карданд, ки чаро ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳа бештар шудааст. Аммо онҳо ҳам посух доданд, ки тибқи нақша, бояд Вазорати тандурустӣ, Додситонии кулл ва ВКД дар якҷоягӣ бо ҳолатҳои коррупсионӣ мубориза мебурданд. Аммо мутаассифона на танҳо Вазорати тандурустӣ, балки дигар сохторҳо ҳам дар ин бора беаҳамиятӣ кардаанд",-гуфт ҳамсӯҳбати мо, ки дар ҷаласа ширкат дошт.
Зимнан тандурустӣ яке аз се соҳаи аз ҳама зиёд фасодзадаи Тоҷикистон мебошад. Дар раддабандии имсола, Вазорати тандурустӣ ниҳоди аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон эълон шудааст. Мақомоти Оҷонсии зиддифасод мегӯянд, дар шаш моҳи аввали имсол дар бахши тандурустӣ 66 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба дигар бахшҳо аз ҳама зиёд аст.