Боз шудани роҳҳо ба тарафи Узбекистон ва фароҳам омадани имконияти парвоз тариқи ширкати ҳавопаймоии ин кишвар, фурудгоҳҳои Тоҷикистонро водор кардааст, ки то 30 дар сади арзиши хидматрасониро поён бубаранд.
- Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон яке аз иллатҳои гарон будани арзиши билетро ба хидматрасонии фурудгоҳҳо рабт медиҳанд.
Ширкатҳои Тоҷикистон бинобар гаронии нархи сӯзишворӣ ва ҳамчунон тариқи шартномаҳои лизингии гарон дастрас кардани ҳавопаймоҳо имкон надоранд, нархро арзон кунанд
"Арзонӣ пеш аз ҳама ба ширкатҳои худӣ дахл дорад"
Тасмими то 30 дар сад поин бурдани нархи хидматрасонӣ бо пешниҳоди худи фурудугоҳҳои шаҳри Хуҷанду Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб сурат гирифтааст. Абдурозиқ Олимшоев, як масъули Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, рӯзи 30-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "тасмим гирифта шуд, ки нархи хидматрасонии фурудгоҳҳои кишвар 30 дар сад поин оварда шавад."
Ин масъули Оҷонсии авиатсияи гражданӣ мегӯяд, тахфифи 30-дар садӣ аввал ба ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ дода мешавад. Тоҷикистон ҳоло ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки яке "Тоҷик Эйр" ва дигаре "Сомон Эйр" аст.
Видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Дар маъмурияти ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфтанд, дар сурати то 30 дар сад арзон шудани нархи хадамоти фурудгоҳҳо нархи билетро арзонтар мекунанд. Аммо дар ҳарду ширкат гуфтанд, ки феълан то чӣ андоза кам шудани арзиши билетҳо барои онҳо маълум нест.
"Аз ҳар парвоз то 8 ҳазор доллар зарар"?
Дар гузашта дар мавриди гарон будани қимати хадамоти фурудгоҳҳо, аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, намояндагони ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йуллари" ҳам шикоят карда буданд. Ин ширкат, ки айни замон миёни шаҳрҳои Душанбеву Тошканд ва Душанбеву Самарқанд парвозҳо анҷом медиҳад, гуфта буд, "нархи хидматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барояшон хеле гарон аст ва аз ҳар парвоз аз 5 то 8 ҳазор доллар зарар мебинанд."
Дар ҳамин ҳол, дар Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфтанд, ки пас аз муроҷиати ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" нархи хидматрасонӣ ба ин ширкатро дар фурудгоҳи Душанбе 20 дар сад поин оварданд.
Соҳиб Ҷумъаев, молики як ширкати хурди фурӯши билет, рӯзи 30-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз он ки моҳи марти имсол марзҳо бо Узбекистон боз ва режими виза содда карда шуд, бисёриҳо ширкатҳои ҳавопаймоии Узбекистонро барои рафтан ба Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд. Ӯ гуфт, "нархи билети парвоз аз шаҳрҳои Узбекистон ба Русия ва Туркия арзонтар аст. Барои ҳамин, фурӯши чиптаҳо аз фурдугоҳҳои Тоҷикистон хеле кам шуд."
Эҳтимоли поин рафтани нархи билетҳо вуҷуд дорад?
Ҷумъаев гуфт, то кунун ҳам бархе тавассути фурудгоҳҳои Қирғизистон ба Русия мерафтанд ва акнун Узбекистон бо нархҳои нисбатан арзон барои ширкатҳое, ки ба Тоҷикистон мусофир мекашонанд, рақобати сахтеро эҷод кард. "Ҳоло боз хатти мустақими мусофирбарҳо ба самти Русия боз шудааст, ки нархаш хеле арзонтар аст", - гуфт Ҷумъаев.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, бинобар мушоҳидаҳои ӯ харидорони билети ҳавопаймо аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон тақрибан 30 дар сад камтар шуд ва аз ин рӯ онҳо водор шуданд, нархи хидматрасониро поён баранд.
Иброҳим Собиров, собиқадори соҳаи авиатсия мегӯяд, танҳо бо поин рафтани нархи хидматрасонии фурудгоҳ аз ширкатҳо арзон шудани чиптаҳоро мунтазир шудан мумкин нест. Ӯ гуфт, "ширкатҳои Тоҷикистон бештар бинобар гаронии сӯзишворӣ ва ҳамчунон тариқи шартномаҳои лизингии гарон дастрас кардани ҳавопаймоҳо имкон надоранд, нархро арзон кунанд."
"Мумкин аст, нархи билет то даҳ дар сад арзон шавад"
Аммо, бо ин вуҷуд, ҳамсуҳбати мо гуфт, бо 30 дар сад коҳиш ёфтани нархи хадамоти фурудгоҳҳо аз панҷ то даҳ дар сад арзон шудани нархи чиптаи ҳавопаймоҳоро интизор шудан мумкин аст, на бештар аз он.
Нархи билети ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна гаронтарин ба шумор меравад ва ин як мояи интиқоди муҳоҷирони корӣ - мусофирони асосоии ширктаҳои ҳавопаймоӣ - аст.