Саломе Зурабашвилӣ – вазири собиқи умури хориҷии Гурҷистон – дар даври дувуми интихоботи президентӣ дар он кишвар пирӯз шуд. Ӯ дар муқоиса ба рақибаш, номзади мухолифин, Григол Вашадзе тақрибан бист дарсад раъйи бештар ба даст овард.
- Саломе Зурабишвилӣ пас аз раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон Роза Отунбоева, дувумин зане шуд, ки дар қаламрави Шӯравии пешин ба ин мақоми баланд расид.
Зуробишвилӣ ва Вашадзе дар гузашта вазири умури хориҷии Гурҷистон буданд.
Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон, дар даври дувум 59,5 дар сади аҳолӣ аз Саломе Зурабишвилӣ ва тақрибан чиҳил дар сади дигар аз намояндаи Ҳаракати иттиҳоди миллӣ Григол Вашадзе тарафдорӣ кардаанд. Комиссияи марказии интихобот мегӯяд, Зурабишвилӣ тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги ин кишвар, аз ҷумла Тифлис, Кутаисӣ, Потӣ, Батумӣ, Зугдидӣ ва Горӣ аксари раъйи мардумро ба даст овардааст. Даври дувуми интихоботи президентӣ дар Гурҷистон рӯзи 28-уми ноябр баргузор шуд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Қаблан муассисаи "Gallup" тахмин зада буд, ки дар ин интихобот Зурабишвилӣ 58 дар сад ва Вашадзе 42 дар сади раъйи мардумро соҳиб хоҳанд шуд. Як назарсанҷии дигар аз сӯи муассисаи амрикоии "Edison Research" нишон дода буд, ки Саломе Зурабишвилӣ 55 дар сад ва Вашадзе 45 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро касб мекунанд.
Қадрдонии Зурабишвилӣ аз раъйдиҳандагон
Зурабишвилӣ рӯзи гузашта пас аз анҷоми интихобот иддаои пирӯзӣ намуд ва аз раъйдиҳандагон барои "интихоби дуруст" қардонӣ намуд.
Ӯ гуфт, "мо, билохира, гузаштаи худро қотеъона рад кардем, ки монеи устувории ҷомеа, пешрафт ва наҷоти кишвар мешуд. Интихоби мо Гурҷистони амн, як кишвари озод аст, ки шаҳрвандон дар он ҳуқуқи баробар доранд. Интихоби мо муколама бо онҳоест, ки имрӯз ба тарафдорӣ аз ман раъй надоданд."
Зурабишвилӣ ба ҳайси номзади мустақил вориди интихоботи президентӣ шуд. Аммо ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" аз ӯ пуштибонӣ кард.
Ба фарқ аз рақибаш, ки дидгоҳи ғарбгароёна дорад, Саломе Зурабишвилӣ тарафдори тақвияти ҳамкорӣ бо Маскав аст.
Григол Вашадзе бо вуҷуди шикаст дар интихобот, афсурдаву нигарон нест. Вай мегӯяд, "натиҷа муҳим нест. Мо ба ҳадафҳои асосии худ, аз ҷумла муттаҳид кардани нерӯҳои мухолифин расидем. Мо тӯлонӣ боқӣ хоҳем монд, ҳамааш тоза шуруъ шуд."
Даври дувуми интихоботи президентӣ дар Гурҷистон бе ҷанҷол набуд. Дар ин давр намояндагони мухолифин ҳукуматро барои таъқиби фаъолон муттаҳам карданд ва нозирон аз қонуншиканиҳо дар қитъаҳои раъйдиҳӣ гуфтанд.
Григол Вашадзе гуфт, "ин шармандагист. Мо шоҳиди беобрӯии ба ном ҳукумат шудем. Мутаассифона, онҳо боқимондаи машруъиятеро, ки доштанд, аз даст доданд."
Зурабишвилӣ ва Вашадзе дар гузашта вазири умури хориҷии Гурҷистон буданд. Нуқтаи асосии барномаи пешазинтихоботии Зурабишвилӣ шомил шудани Гурҷистон ба НАТО ва иттиҳоди сулҳомези кишвар аст. Номзадии Вашадзеро эътилофи мухолифин ба раҳбарии "Ҳаракати иттиҳоди миллӣ"-и президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ пешниҳод карда буд.
Ҷанҷоли интихоботӣ дар Гурҷистон
Дар даври аввали интихобот низ Зурабишвилӣ баранда эълон шуд, вале мухолифон ҳукуматро ба кӯшиши сохтакорӣ айбдор карданд. Дар даври аввали интихобот, ки 28-уми октябр барпо шуд, ҳеҷ кадом аз 25 номзад бештар аз 50 дар сади раъйи мардумро ба даст наоварда буд. Он замон Зурабишвилӣ 38,6 ва Вашадзе 36,7 овоз гирифтанд ва ба даври дувум роҳ ёфтанд.
Ба иттилои мақомот, 3 миллиону 528 ҳазору 658 шаҳрванд дар ин интихобот ҳаққи раъй доштанд. Рӯзи интихобот -- 28-уми ноябр дар Гурҷистон истироҳат эълон шуда буд.
1300 нозири байналмилалӣ, наздики 17 ҳазор намояндаи субъектҳои интихоботӣ ва бештар аз 48 ҳазор нозири маҳаллӣ интихоботро назорат карданд. Маросими савганди президентии хонум Зурабишвилӣ 16-уми декабр баргузор хоҳад шуд.
Президенти Гурҷистон барои шаш сол интихоб мешавад. Ин охирин раъйдиҳӣ аст, ки президент мустақим аз тарафи мардум интихоб мешавад. Аз соли 2023 роҳбари Гурҷистон аъзои порлумон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ (иборат аз сесад нафар) муайян хоҳанд кард.