Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти АNOC аз мақомаш даст кашид


Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ
Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ

Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АNOC), аз вазифааш даст кашид. Вазифаи президенти ANOC муваққатан бар дӯши раҳбари Ассотсиатсияи кумитаҳои олимпии Уқёнус Робин Митчелл аз Фиҷи гузошта шуд.

Ин тасмим дар Ассамблеяи XXIII кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АNOC), ки рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Токиои Ҷопон ба кори худ шуруъ кард, гирифта шуд. Дар ҷаласаи дурӯзаи ассамблея, масъалаҳои муҳим, монанди омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, муаррифии кишварҳои муддаии мизбони Олимпиадаи зимистонаи соли 2026 ва ғайра баррасӣ мешавад.

Инчунин дар доираи ассамблея гузаронидани интихоботи президенти ANOC ба нақша гирифта шуда буд. Ба иттилои Insidethegames ягона номзад ба ин вазифа раҳбари феълии ин созмон шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ буд, вале ӯ номзадиашро бозхонд кард. Бинобар ин интихоботи президенти ANOC мавқуф гузошта шуд.

Робин Митчелл, ки дар ин ассамблея ба вазифаи ноиби президенти ANOC интихоб гардид, ҳамзамон вазифаи президенти ин ташкилотро муваққатан бар дӯш мегирад. Бояд гуфт, ки чанде пеш додситонии Швейтсария ба шайхи 55-солаи кувайтӣ барои видеороликҳои қалбакӣ ҷиҳати суиқасд муқобили мансабдорони ҳукумати Кувайт ҳамчун гумонбар айбнома эълон карда буд.

Бинобар ин шайх Аҳмад муваққатан вазифаи раиси комиссиюни Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба ҳамраъйии олимпиро тарк намуд ва узвиятро дар КБО то анҷоми таҳқиқот қатъ кард. Президенти КБО Томас Бах пештар шахсан ба Шайх Аҳмад муроҷиат карда, аз ӯ хоҳиш намуда буд, ки аз вазифааш истеъфо диҳад.

Ҳамин тариқ, Шайх Аҳмад аз 28-уми ноябр муваққатан аз вазифаи президенти ANOC озод карда шуд. Зимнан, ӯ аз соли 2012 раҳбари ин ташкилоти байналмилалӣ буд, ҳамчунин аз соли 1991 то ҳоло президенти Шӯрои олимпии Осиё мебошад.

Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ соли 1979 таъсис ёфтааст. АNOC 206 кумитаи миллии олимпиро, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф намудааст, муттаҳид месозад.

XS
SM
MD
LG