Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон сахттар шуд. ВИДЕО


Порлумони Тоҷикистон ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳоро сахттар кард. Бино ба тағйироти нав дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, касе, ки бори дувум бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир мешавад, аз панҷ то ҳашт сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд. Тағйирот рӯзи 28-уми ноябр аз тарафи вакилони Маҷлиси Намояндагон қабул шуда ва баъди ризоияти Маҷлиси Миллӣ ва имзои президент ба ҳукми иҷро мегирад.

  • Дар ҳоли ҳозир моддаи 239-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “ташкили фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ” ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда (аз 50 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ) ё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.
Танфурӯшон манзилҳои иҷораро тавассути одамони наздики худ пайдо мекунанд. Ба хотири дастгир нашудан, ҳар моҳ ҷои худро иваз менамоянд

Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тағйироти нав нисбат ба онҳое иҷро хоҳад шуд, ки бори дувум ваё гуруҳӣ фоҳишахона ташкил кардаанд.

“Моддаи муҷозот барои ташкили фоҳишахонаҳо танҳо аз як қисм иборат асту муҷозоташ сабуктар. Имрӯз қисми дувуми он илова шуд. Онҳое, ки такрорӣ ва муташаккилона ба чунин кор даст мезананд, ҷазои сахттар мегиранд. Чунин таҷриба дар аксар кишварҳои ҷаҳон ҳаст”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон сахттар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

“Сахтгирӣ роҳи пулёбии танфурӯшонро дигар мекунад”

Ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳо дар ҳоле пурзӯр мешавад, ки бархе мегӯянд, бо сахтгирии мақомот танфурӯшон роҳҳои фаъолияти худро дигар мекунанд. Нигора, исми мустаори қаҳрамони мост, ки як дафъа барои ташкили фоҳишахона ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ӯ мегӯяд, танфурӯшон ҳоло талош мекунанд аз ҷамъ шудан дар канори хиёбонҳо худдорӣ кунанд ва бо усули дигар муштариёнро ҷалб кунанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Душанбе танфурӯшон 5-6 нафарӣ манзилеро ба иҷора гирифта ва маҳз дар онҷо ба муштариҳо хидмат мерасонанд. “Ин манзилҳои иҷораро танфурӯшон тавассути одамони наздики худ пайдо мекунанд. Ба хотири дастгир нашудан ҳар моҳ ё 15 рӯз ин манзилҳоро иваз мекунанд”, - гуфт Нигора.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, муштариёни танфурӯшон намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳастанд ва фоҳишаҳоро низ вобаста ба имконияти худ интихоб мекунанд.

“Аввал ақди никоҳ, баъд хонаи иҷора”

Муборизаи мақомот бо бадахлоқӣ аз ҷумла ташкили фоҳишахонаҳо дар солҳои ахир бамаротиб сахттар шудааст. Ҳоло вуруди занону мардон бидуни шаҳодатномаи ақди никоҳ ба меҳмонхонаҳо, ҳаммомҳои ҷамъиятӣ манъ аст. Масъулини меҳмонхона ва ҳаммомҳо тарс доранд, ки мақомот онҳоро барои ташкили фоҳишахона ба ҷавобгарӣ накашанд.

Тақрибан ҳар ҳафта Вазорати умури дохилӣ аз боздошти нафаре бо иттиҳоми фоҳишагӣ ва ё ташкили фоҳишахона хабар медиҳанд. Танҳо як ҷустуҷӯ дар вебсайти расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кофист, ки феҳристи хабарҳои марбут ба "ташкили фоҳишахона"-ро пайдо бикунед.

Сахтгирии мақомот дар ин кор сокинонро низ эҳтиёткор кардааст. Ҳамакнун соҳибони манзилҳое, ки барои чанд рӯз хонаашонро ба иҷора медиҳанд, аз муштарӣ хатти никоҳ мепурсанд.

Рӯзи 28-уми ноябр мо ба тариқи санҷиш ба чанд соҳиби манзилҳо дар Душанбе занг задем. Ҳамаи онҳо гуфтанд, ки агар писару духтар бошед, бояд аввал нусхаи шаҳодатномаи никоҳ пешниҳод кунед. Чун, ба гуфтаи соҳибони манзилҳо, дар акси ҳолат манзилашонро ба иҷора намедиҳанд, чун метавонад барояшон дардисарсоз шавад. Бархе соҳибони хонаҳо ҳатто дар эълонҳояшон навиштаҳоеро ба монанди “илтимос фоҳишаҳо занг назанед” ё “барои зинокорон нест” ҷой додаанд.

“Дар ҳама ҳолат бояд қонун риоя шавад”

Муборизаи мақомот алайҳи фоҳишагӣ дар ҳоле сахт мешавад, ки ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар ҷараёни ин маърака баъзан қонун нақз мешавад. Саттор Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, бе шаҳодатномаи ақди никоҳ роҳ надодани писару духтар ба меҳмонхона ё ҳаммомҳои умумӣ аз рӯи қонун дуруст нест. Ба қавли Ҷӯраев, Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст ва Кодекси ҷиноӣ алоқаи ҷинсӣ танҳо бо шахси ба синни 16 нарасидаро манъ кардааст.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, баъд аз ин ва ба балоғат расидан ҳар нафар ҳақ дорад бо шахси дилхоҳаш робита намояд.

Ин занро барои ташкили фоҳишахона ҷазо доданд. Толори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Ин занро барои ташкили фоҳишахона ҷазо доданд. Толори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Дар гузашта ​Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини Душанберо барои ташкили фоҳишахона дар манзили зисташ ду сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Додгоҳ гуфт, ин нафар дар ивази 50 ва 60 сомонӣ барои иртиботи ҷинсии шаҳрвандон дар манзилаш шароит фароҳам кардааст.

Аз ин пеш, дар соли 2014, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як занро бо ҷурми ташкили фоҳишахона 40 000 сомонӣ ҷарима баста, аммо бар асоси қонуни афв аз толори додгоҳ ҷавоб дода буд.

XS
SM
MD
LG