Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон охири ҳафтаи гузашта як сарбози нерӯҳои марзбониро бо ҷурми куштани ҳамхидматаш ба зиндон маҳкум кард.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, Сафармаҳмад Боқизодаи 20-сола барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш, ки боис ба марги ӯ шудааст, як солро паси панҷара хоҳад гузаронд.
Як манба дар додгоҳи ҳарбии Хатлон гуфт, алайҳи Сафармаҳмад Боқизода бар асоси моддаи 387, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ ё "вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ" парванда боз шуда буд. Қонунгузории Тоҷикистон барои ин иттиҳом то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Аммо додраси парванда мегӯяд, додгоҳ ҳолати аз беэҳтиётӣ содир шудани ҷиноятро ба инобат гирифт ва нисбат ба сарбози нерӯҳои марзбонӣ як соли зиндон муқаррар намуд. Наздикони Сафармаҳмад Боқизода то ҳол аз рӯи қарори додгоҳ шикоят набурдаанд.
Ҳодисаи ҳалокати Алӣ Мирзоеви 26-сола аз тири Сафармаҳмад Боқизода охири моҳи сентябр рух дод. Марҳум сокини ноҳияи Деваштич ва гумонбар сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд будаанд. Қарор буд Боқизода дар тирамоҳ ва Алӣ Мирзоев соли оянда аз хидмати ҳарбӣ рухсат шаванд.
Қаблан як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти парванда огоҳ аст, гуфта буд, "сарбози муттаҳам дар даст силоҳ доштааст. Ҳангоме ки Алӣ Мирзоев ба чӣ коре банд будааст, ӯ бо яроқ бозӣ мекунад ва ногаҳон тир холӣ мекунад. Он тир ба Алӣ Мирзоев мерасад ва ӯ дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад."
Моҳи июни имсол додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Муҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 сол зиндон маҳкум кард. Дар аксар хабарҳое, ки дар бораи маргу мири сарбозон дар артиш нашр мешавад, гоҳо мушкили латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад.
Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.