Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон: "БМ пешниҳоди поин бурдани фоизи қарзҳои бонкиро ба инобат нагирифт"


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз амалкарди Бонки Миллӣ шикоят карданд, ки пешниҳоди онҳоро дар мавриди поин бурдани фоиз ваё баҳраи қарзҳои бонкӣ ба инобат нагирифтааст.

"Муваффақ шудани соҳибкорон маҳол аст"

Мизони миёнаи баҳраи қарзии бонкҳои Тоҷикистон айни замон 28 дар сад бо пули миллии сомонӣ аст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, худи тиҷорат дар Тоҷикистон ҳудуди 30 дар сад боздеҳ дорад ва бо ин фоизҳои бонкӣ муваффақ шудани соҳибкорон амри маҳол аст.

Пойфишории вакилон ҷиҳати поин бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ зоҳиран беҳуда нест, чун соҳибкорон мегӯянд, қарзҳои бонкӣ то ҳадде баланданд, ки барои бозгардони он маҷбуранд аксарияти фоидае, ки аз корашон ба даст меоранд, ба бонк супоранд.

Рустам Қудратов, доктори улуми иқтисодӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон рӯзи 26-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вакилон ба унвонии Бонки Миллӣ чанд пешниҳод ироа карда буданд, ки яке аз онҳо поин бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ буд.

"Кумитаи мо ба Бонки миллӣ пешниҳод карда буд, ки баҳраи қарзӣ тадриҷан то 16-18 дар сад камтар карда шавад. Аммо дар ҳисоботи Бонки Миллӣ мебинем, ки меъёри миёнаи қарзи бонкҳо бо асъори миллӣ 28,5 дар сад аст. Магар соҳибкорони мо бо ҳамин меъёр қарз гирифта ва онро баргардонида метавонанд? Ҳол онки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 соҳибкорӣ як бахши асоси рушди кишвар муайян шудааст", - афзуд ӯ.

Рустам Қудратов, вакили порлумони Тоҷикистон.
Рустам Қудратов, вакили порлумони Тоҷикистон.

​Қудратов гуфт, дар дурнамои Бонки Миллӣ ҷое дар мавриди то 16-18 дар сад поин овардани дар сади қарзҳои бонкҳо чизе гуфта нашудааст.

Ҳол он ки, ба таъкиди ӯ, дар Стратегияи рушди Тоҷикистон то соли 2030 соҳибкории хурду миёна як такягоҳи асосии рушди кишвар интихоб шудааст. Бар асоси ин ҳуҷҷат, бояд дар Тоҷикистон ҳар сол на камтар аз 100 ҳазор ҷойи кории нав бо маоши шоиста таъсис дода шавад ва умеди давлат ҳам дар иҷрои ин барнома соҳибкорон аст.

Қудратов мегӯяд, бо фоизҳои 28-30 дарсадии бонкӣ ояндаи рӯшани соҳибкориро интизор будан мушкил аст. Вакилон дар робита ба баланд боқӣ мондани дар сади қарзҳои бонкӣ аз раиси Бонки Миллӣ шарҳ хостанд.

Раиси БМ: "Бонкҳо наметавонанд бар зарари худ кор кунанд"

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ дар робита ба ин эроди вакилон дар порлумон гуфт, бонкҳои Тоҷикистон бо фоизҳои баланд амонат ва сармояҳои хориҷиро ҷалб кардаанд ва аз ин рӯ наметавонанд бо фоизҳои паст қарз бидиҳанд.

Ӯ гуфт, "10-15 сол пеш ҷалб кардани сармоя хеле душвор буд. Бинобар ин, бонкҳо бо фоизҳои баланд депозитҳоро ҷалб карданд. Ҳоло дар сандуқи қарзии бонкҳо ва созмонҳои қарзӣ аз 60 то 70 дар сад ҳамон маблағҳое ҳастанд, ки бо фоизҳои баланд ҷалб шудаанд. Якбора кам кардани фоизи бонкӣ ғайриимкон аст. Чунки созмонҳо бо 20 фоизи солона амонат ҷалб кардаанд. Бар замми ин, хароҷоти худи бонк ва андозҳо ҳаст. Онҳо наметавонанд, бо фоизҳои пасттар аз ин қарз бидиҳанд", - иброз дошт ӯ.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ.

Бо зикри ин омилҳо, Нурмуҳаммадзода боз гуфт, дар ду соли охир мизони баҳраи бонкҳо то ҳадде поён омад ва барои ба қадри қобили мулоҳиза поин омадани онҳо вақт зарур аст.

Аммо Рустам Қудратов мегӯяд, поин бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ имконпазир аст ва дар Бонки Миллӣ ҳам мутахассисоне ҳастанд, ки роҳҳои онро медонанд.

Пойфишории вакилон ҷиҳати пойин бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ зоҳиран беҳуда нест. Соҳибкорон ҳам мегӯянд, қарзҳои бонкӣ то ҳадде баланд аст, ки барои бозгардони он маҷбуранд аксарияти фоидаеро, ки аз корашон ба даст меоранд, ба бонк супоранд.

Тоҷирон дар миёни "болғаву сандон"

Субҳон Ҳакимов, тоҷир аз шаҳри Истаравшан, ки ба тиҷорати мева машғул аст, гуфт, кораш мавсимист ва дар авҷи расидани мева ба пули бештар ниёз пайдо мекунад ва маҷбур аст аз бонк қарз бигирад.

"Ҳоло ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ қарз гирифтем бо 32 фоизи солона. Як илоҷ карда қарзу фоизҳои бонкро супорида истодаем, фикр мекунам дар давоми ду сол ба пуррагӣ месупорем",-гуфт Ҳакимов.

Ин соҳибкори тоҷик мегӯяд, кораш риски зиёд дорад ва дар сурати якбора талаф шудани мева ва ё сармо задан, миёни "болғаву сандон" мемонад. Ин тоҷир мегӯяд, хуб мебуд агар давлат барои наҷоти ширкат ва ё соҳибкороне ки бинобар пеш омадани ҳолати "форс мажор" дар лобалои касодшавӣ қарор гирифтаанд, таввасути фонди махсусе қарзҳои имтизёдор ҷудо мекард. Дар ин ҳолат соҳибкорон бо назардошти чунин такягоҳе барои ташкили корхонаҳи нав риск мекарданд.

Бинобар арқоми пешниҳодкардаи Оҷонсии омор, соли 2017 дар Тоҷикистон 1810 адад ширкатҳо барҳам хӯрдаанд. Дар 5 моҳи соли 2018 бошад дар миқёси ҷумҳурӣ 12036 субъекти соҳибкорӣ муфлис шуда барҳам хурдаанд.

XS
SM
MD
LG