Дар Тоҷикистон соли гузашта беш аз 4 ҳазор тонна асал тавлид карда ва ҳудуди 1 тоннаву 700 килои онро ба хориҷ фурухтааст. Масъулини соҳа дар андешаи ин ҳастанд, ки содироти бештари асали истеҳсоли Тоҷикистонро ба бозори ҷаҳонӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ таъмин кунанд.
Салим Салимов, занбӯрпарвар аз вилояти Суғд беш аз 40 сол ба ин кор машғул аст ва зиндагии хонаводааш аз ҳамин ҳисоб пеш меравад. Вай мегӯяд, ки имсол ба таври яклухт асалашро ба миёнаравҳо бо нархи 35 сомонӣ мефӯшад, вале дар ниҳоят дар бозорҳои кишвар нархи ин асал то 90 сомонӣ (муодили тақрибан 10 доллар) мерасад.
Салим Салимов мегӯяд, ки бо назардошти хароҷоти занбӯрпарварӣ, нархи ҳар як килограмм асал на камтар аз 3 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
"Нархи асал бояд аз 3 доллар камтар набошад. Вале тавони пардохти чунин нархро танҳо дар бозорҳои кишварҳои Аврупо доранд. Ҳоло бошад бо асали тавлиди Тоҷикистон ворид шудан ба бозорҳои ғарбӣ тақрибан ғайриимкон аст, зеро қоидаҳои воридоти асал дар Аврупо хеле сангин мебошад" -мегӯяд, ӯ
Харҷ зиёд, даромад кам
Ба гуфтаи занбӯрпарварон, имсол арзиши шакар дар Тоҷикистон тақрибан то як доллари амрикоӣ боло рафтааст. Шакар маҳсулоти аслӣ барои нигоҳубини занбӯр дониста мешавад.
Дар як ҳамоише дар Душанбе дар ҳафтаи гузашта, эҷоди роҳҳои ҷадиди содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои ғарбӣ баррасӣ шуд. Дар он гуфтанд, асалеро, ки дар он агар ҳатто заррае аз доруҳои кимиёвӣ ошкор шавад дар Аврупо иҷозаи фурӯш намедиҳанд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон солҳои ахир аз истифодаи доруҳои кимиёвӣ даст кашидаанд. Аммо, ба гуфтаи занбӯрпарварон, дар бархе ҳолат занбӯрҳо метавонанд аз мавзеъҳое шаҳд ҷамъоварӣ кунанд, ки мавриди коркарди кимиёвӣ қарор дода шудааст.
Людовика Гиззонӣ, як масъули сифат ва рақобатпазирии содирот аз мушовири Маркази тиҷорати байнулмилалӣ мегӯяд, ки танҳо дар 28 кишвари Иттиҳодияи Аврупо тақрибан 500 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва ин минтақа наметавонад худро бо асали истеҳсоли аврупоӣ таъмин кунад. Эҳтиёҷ ба ворид кардани асал ба бозори Аврупо баланд аст.
Мушкилӣ дар асал нест, мушкилӣ дар набуди шароит
“Ҳоло Иттиҳодияи Аврупо асалро аз Туркияву Эрон ва Русияву Чин харидорӣ мекунад. Ин бозори хеле бузург аст, вале асал аз Тоҷикисттон дар Аврупо дида намешавад. Муқаррароти воридоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Аврупо хеле сахт аст ва ба ин далел мо ҳадаф гузоштаем дар Тоҷикистон ташхисгоҳҳоеро таъсис бидиҳем, ки тавонанд сифати асали ин кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд” - гуфт, ӯ
Қосим Қурбонов, мушовири Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бояд ташхисгоҳҳое таъсис дода шаванд, ки хулосаҳои он дар кишварҳои ғарбӣ эътибор дошта бошанд. Яъне, баъд аз интиқоли асал он дубора ба Тоҷикистон барнагардад. Ҷаноби Қурбонов афзуд:
Ҳоло низ зимни содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон соҳибкорон хулосаҳои расмии озмоишгоҳҳои Тоҷикистонро бо худ мебаранд. Аммо дар кишварҳои аврупоӣ ин хулосаҳо эътибор надоранд.
“Ҳоло низ зимни содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон соҳибкорон хулосаҳои расмии озмоишгоҳҳои Тоҷикистонро бо худ мебаранд. Аммо дар кишварҳои аврупоӣ ин хулосаҳо эътибор надоранд. Озмоишгоҳҳои нав бояд бо таҷҳизоти муосир ва мутахассисони баландихтисос таъмин шаванд. Дар акси ҳол, боз ҳам Аврупо асали моро қабул нахоҳад кард.”
Занбӯрпарварон мегӯянд, асали истеҳсолшуда дар шароити Тоҷикистон хуштамъ аст, чун шаҳди гулҳояш ширину хушбу аст.
Мақомоти Вазорати кишварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз нисф зиёди асали истеҳсолшуда дар Тоҷикистон бештар дар бозори дохилӣ ба фурӯш меравад ва боқимондааш ба Русия ва бархе кишварҳои арабӣ содир мешавад.