Додгоҳи маркази вилояти Суғд шаш корманди зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷандро, ки шаби 7-уми ноябр шоҳиди ошӯби хунин шуда буд, ба ҳабс гирифт. Дар миёни онҳо Фарҳод Садиров, сардори шуъбаи низоми зиндон низ ҳаст.
Аз ин пеш Файзулло Сафарзода, сардори зиндон дастгир ва бо қарори додгоҳ барои ду моҳи оянда ба боздоштгоҳи мувақатӣ интиқол ёфт. Сафарзода 15-уми ноябр аз вазифа барканор ва билофосила бо "санксия"-и додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Ба иттилои додгоҳ, алайҳи Файзулло Сафарзода, Фарҳод Садиров ва 5 ҳамкори онҳо бар асоси моддаи 322, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "Хунукназарӣ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст", парванда боз шудааст. Ин модда дар сурати исботи гуноҳ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ солро дар назар дорад.
Қаблан аз Додситонии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҳодисаи ошӯб дар маҳбаси Хуҷандро як гурӯҳи тафтишотӣ аз Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.
Дар ин ошӯб, ба иттилои мақомот, 23 маҳбус ва ва 2 корманди зиндон кушта шуданд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ аз ҳалокати дастикам панҷоҳ нафар дар ин ҳодиса хабар медиҳанд.