Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Навори қатли Хошуқҷӣ ваҳшатнок аст"


Раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, навори садоии марбут ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ дар ихтиёри ӯ низ қарор гирифтааст ва он ниҳоят "ваҳшатнок", "дардовар" ва "хушунатбор" аст.

Навори "ҳавлнок"

Чанд рӯз пеш Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия эълом кард, ки навори садоии марбут ба лаҳзаи кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул, дар ихтиёри мақомҳои Амрико, Арабистони Саудӣ, Бритониё, Фаронса ва Олмон қарор гирифтааст.

Ахиран додситонии кулли Арабистони Саудӣ гуфт, ки ҷасади Хошуқҷӣ пора-пора карда шудааст. То ба ҳол сарнавишти ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ маълум нест.

Доналд Трамп рӯзи якшанбеи 18-уми ноябр дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Fox News гуфт, ба далели он, ки ин навор "дардовар, ваҳшатнок, ҷонфарсо ва дорои хушунат аст", майл надорад онро бишнавад, аммо аз ҷузъиёти он огоҳ шудааст. Қабл аз ин, Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфта буд, ки ин навори савтӣ "ҳавлнок" аст ва ҳатто як афсари Саудӣ, ки ин наворро шунид, "шок" шуд.

Ҳукумати Туркия ба таври ошкор номе аз Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар робита ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ набурдааст ва танҳо гуфтааст, ки тасмими ин қатл дар "сатҳи болоии ҳукумати Арабистони Саудӣ" гирифта шудааст. Бо ин ҳол, шуморе аз аъзои Сенат ва Маҷлиси Намояндагони Амрико ва ҳамчунин теъдоде аз расонаҳои байналмилалӣ Муҳаммад бин Салмонро амркунандаи ин қатл медонанд.

"Гузориши комил то ду рӯзи оянда омода мешавад"

Аммо Доналд Трамп рӯзи шанбеи 17-уми ноябр дар Калифорния ба хабарнигороне, ки аз ӯ дар бораи нақши валиаҳди Саудӣ дар ин қатл пурсиданд, гуфт, ки гузориши комил дар ин бора давоми ду рӯзи оянда омода хоҳад шуд. "Washington post" -- рӯзномае, ки Ҷамол Хошуқҷӣ барои он мақола менавишт, рӯзи ҷумъа дар гузорише иддао кард, ки Созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA ба ин натиҷа расидааст, ки дастури ин қатлро Муҳаммад бин Салмон содир кардааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи шанбе ин гузоришро "ғайри дақиқ" хонд ва ҳамзамон раиси CIA бо ҳузур дар ҳавопаймои ҳомили Трамп ба сӯи Калифорния, охирин маълумот ва натиҷагириҳо дар ин парвандаро ба иттилои ӯ расонд. Оқои Трамп пеш аз ин парвоз гуфта буд, ки тибқи гузоришҳои қаблӣ, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон дар ин моҷаро даст надорад. Ӯ афзуда буд, ки дар ин робита изҳороти раиси CIA-ро хоҳад шунид.

Доналд Трамп дар мусоҳибаи рӯзи якшанбе бо Fox News дар посух ба ин пурсиш, ки "оё Муҳаммад бин Салмон моҳи гузашта ба ӯ дурӯғ гуфта буд, ки ҳеҷ маълумоте дар бораи ҳодисаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ надоштааст", гуфт, "ман намедонам воқеан чӣ касе метавонад, ин мавзӯъро бидонад."

Интиқодҳо аз Трамп

Доналд Трамп айни ҳол бори дигар ба аҳамияти робита бо Арабистони Саудӣ таъкид кард ва гуфт, ки майл дорад "муттаҳидеро, ки дар бисёр ҷанбаҳо хеле хуб будааст", нигоҳ дорад.

Доналд Трамп ва Муҳаммад бин Салмон.
Доналд Трамп ва Муҳаммад бин Салмон.

Дар ҳамин ҳол, ҳимояти Доналд Трамп аз ҳукумати Арабистони Саудӣ ва ба хусус валиаҳд Муҳаммад бин Салмон, ба интиқодҳое дар Конгресси Амрико рӯбарӯ шудааст. Сенатор Линдсей Граҳам, ки аз наздикони Трамп дар Конгресс ба шумор меравад, рӯзи якшанбе гуфт, дар робитаи Амрико ва Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бин Салмон нақше вайронгар дошт.

Оқои Граҳам ба шабакаи хабарии NBC гуфт, "нафрат дорад, ки инро мегӯям, чун умеди зиёде ба ӯ барои анҷоми ислоҳоти мавриди ниёз дар Арабистони Саудӣ баста будем". Вале то ҷое, ки Граҳам хабар дод, "он киштӣ ғарқ шуд."

Чанд ривояти як куштор

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки рӯзи 2-юми октябр ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул барои дарёфти санадҳо издивоҷ рафта буд, нопадид шуд. Арабистони Саудӣ то ду ҳафтаи пас аз ин ҳодиса, аз он бехабарӣ мекард. Аммо баъдан ривояти худро тағйир дод ва ибтидо иддао кард, ки вай дар як "даргирӣ бо мушт" дар дохили консулгарӣ кушта шуд. Сипас таъйид кард, ки қатли ӯ "қасдан" сурат гирифтааст.

Ва ахиран додситонии кулли ин кишвар гуфт, ки ҷасади Хошуқҷӣ пора-пора карда шудааст. То ба ҳол сарнавишти ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ маълум нест. Арабистони Саудӣ дар робита ба ин ҳодиса 21 нафарро боздошт кардааст. Додситонии он кишвар ахиран барои 5 нафари онҳо ҳукми қатл талаб кард.

XS
SM
MD
LG