Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар талоши таъсиргузорӣ гунаҳкор кард. Ӯ рӯзи 16-уми ноябр дар як мусоҳибааш бо вебсайти 24.kg гуфт, Отамбоев бо истифода аз бархе афроди дигар мехост, ба ӯ "фишор биорад".
- Ҷеенбеков дар бораи Отамбоев гуфт: “Талоши ӯ барои истифодаи ман ба ҳайси як раҳбари лӯхтакмонанд аз тариқи шахсони сеюм ва кӯшиши раҳбарӣ бар амалҳои ман ӯро ҳамчун як шахсият ва собиқ президент ва ҳам узви ҳизбу як ҳамкор беобрӯ мекунад”.
Агар феҳристи одамон, маконҳои ҷуғрофӣ, ҳадафи хароҷотро бубинед, маълум мешавад, ки наздик ба ҳақиқат аст. Ин чӣ маъно дорад? Ин далели он аст, ки ситоди интихоботӣ назар ба гузоришҳои расмиаш хароҷоти хеле зиёд кардааст.
Харҷи зиёд дар интихобот?
Ҷеенбеков пеш аз омадан ба мақоми президентӣ нахуствазир буд ва моҳи октябри соли 2017 ба ҳайси вориси Алмосбек Отамбоев дар интихобот пирӯз шуд. Отамбоев бар асоси Конститутсия ҳақ дошт, танҳо як мӯҳлати шашсола дар мақоми президентӣ кор кунад ва аз ин хотир моҳи ноябри соли гузашта аз мақом рафт.
Вале дере нагузашта моҳи марти имсол ӯ дар ҷаласаи интихоби раиси ҳизби ҳокими сотсиал-демократи Қирғизистон, ки Ҷеенбеков ҳам узви он мебошад, дар чанд маврид аз президенти амалкунанда интиқод кард.
Матбуоти Қирғизистон ахиран хабар ёфт, ки дар суҳбат бо телевизиони маҳаллӣ президенти собиқ Отамбоев Ҷеенбековро дар истифодаи маблағи ғайриқонунӣ дар маъракаи интихоботӣ гунаҳкор кардааст. Ҳарчанд худи мусоҳиба қарор аст рӯзи 19-уми ноябр пахш шавад, берун рафтани хабарҳо пеш аз пахши барнома боис ба сару садои зиёд шуд.
“Мисли Отамбоев дилам аз Ҷеенбеков ҳам сард шуд”
Ниҳоят рӯзи 15-уми ноябр як фаъоли ҳуқуқи башар санадеро нашр кард, ки дар он гӯиё хароҷоти ситоди интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков дар марҳилаи пешазинтихоботӣ дарҷ шуда, дида мешавад, ин маблағ назар ба гузоришҳои расмии худи Ҷеенбеков хеле бештар аст.
Ҳуқуқшинос Нурбек Тоқтақунов дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, санадро аз як шахсе дастрас кардааст, ки баъди дидани ин хароҷот “мисли Отамбоев дилаш аз Ҷеенбеков ҳам сард шуд”.
Ӯ гуфт, "маълум аст, ки ин як санади воқеӣ аст. Инро санҷидан ҳеҷ мушкил надорад. Агар феҳристи одамон, маконҳои ҷуғрофӣ, ҳадафи хароҷотро бубинед, маълум мешавад, ки наздик ба ҳақиқат аст. Ин чӣ маъно дорад? Ин далели он аст, ки ситоди интихоботӣ назар ба гузоришҳои расмиаш хароҷоти хеле зиёд кардааст. Ин ба он маъност, ки онҳо интихоботи раёсатҷумҳуриро ғорат карданд”.
Кӣ чанд пул дод?
Нурбек Тоқтақунов гуфт, агар дар гузориши Комиссиюни марказии интихобот хароҷоти интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков 158 миллиону 96 ҳазору 175 сом навишта шуда бошад, дар асл, ба гуфтааш 1 миллиарду 170 миллиону 265 ҳазору 187 сом масраф шудааст. Нурбек Тоқтақунов гуфт, ин мавод метавонад барои даъвати импичмент ё радди салоҳияти президент шавад.
Ҳуқуқшинос иддао кардааст, ки ин маблағҳо ба ситоди интихоботӣ бо кумаки Икромҷон Илмиёнов ворид шудаанд, ки шахси боварбахши Алмосбек Отамбоев маҳсуб мешуд.
Дар феҳристи нашршуда исми афроди воқеӣ оварда шудааст. Масалан, афроде бо номи Туманов ва Примов 1 миллион сомӣ, Тоирбек Сарпашев ва Марат Амонқулов наздики 8 миллион сом пул додаанд. Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, дурустии санадро бояд мақомоти ҳифзи қонун мавриди санҷиш қарор диҳанд. Айни замон, дар феҳрист исми баъзе овозхонҳои маъруф ҳам оварда шудааст, ки барои таблиғи номзад ба президентӣ пул гирифтаанд.
Дастгоҳи президент: Ин хабар ҳақиқат надорад
Азбаски дар санади чопшуда имзои шахсон воқеӣ ва ҳам ҳеҷ мӯҳре вуҷуд надорад, тими президент Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ин хабар ҳақиқат надорад.
Толгонай Стамалиева, сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, ин мавод ҳатто арзиши шарҳ доданро надорад: “Мусаллам аст, ки ин як хабари дурӯғин аст. Мӯҳр надорад, имзо нест. Мо хабари дурӯғинро нашр намекунем. Тамоми маълумот дар бораи маблағгузории маъракаи интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков сари вақт ба комиссиюни интихоботӣ дода шуд ва ин мавод расман нашр шудааст”.
Айни замон, ӯ илова кард, ки масоили молиро ӯ неву Фарид Ниёзов идора мекард. Худи Ниёзов ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардааст. Намояндаи расмии ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Қундуз Жолдубаева гуфт, дар котибот ин санадро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва каме дертар мавқеи ҳизб нашр мешавад.
Вале то он замон бархе нафароне, ки исмашон дар феҳрист оварда шудааст, дурустии ин санадро рад карданд. Аз ҷумла, Ҷениш Молдакматов, ки номаш дар рӯйхат оварда шудааст, гуфт: "Аввал ин ки ҳама медонад, дар интихоботи президентӣ ман дар ситоди Сооронбой Ҷеенбеков кор мекардам. Инро рад намекунам. Вале санади нашршударо сохтакоришуда меҳисобам ва ҳеҷ шарҳе ҳам намедиҳам”.
Ду муттафиқ чаро зидди ҳам шуданд?
Айни замон, баъзе нафароне, ки исмашон дар феҳрист оварда шудааст, тасдиқ карданд, ки дар таърихи дар санад овардашуда пул гирифтаанд. Вале онҳо нахостанд, ки номашон ифшо шавад.
Нашри санад, ки боиси баҳсу баррасиҳои зиёд дар ҷомеаи Қирғизистон шуд, аз назари бисёриҳо ба обрӯи президент латма мезанад ва раиси ҷумҳур дар чунин шароит бояд ҳатман назари худро баён кунад.
Эмил Ҷӯраев, профессори Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ мегӯяд, ин ҳолат боиси эҷоди таниш дар фазои сиёсии кишвар мешавад, чунки зиддияти байни президенти амалкунанда ва раиси ҷумҳурии собиқ тоза шурӯъ шуда ва ин ду нафари дар гузашта муттафиқ зидди ҳам шояд маводи зиёди обрӯрезанда доранд.
Бархе дигар аз бӯҳрони навбатии қудрат дар Қирғизистон ҳарос доранд, ки метавонад дубора фазоро хароб кунад.
Ин моҷарои дуюми марбут ба маблағгузории маъракаи интихоботии Ҷеенбеков аст, ки ба матбуот роҳ меёбад. Аз ин пеш баъди боздошти Икромҷон Илмиёнов, котиботи ҳизби ҳоким дар шарҳи қазияи ин сиёсатмадор навишт, ки “Илмиёнов 150 ҳазор доллар гирифтааст”. Дар ин изҳорот бо такя ба як мукотиба гуфта мешавад, ин пул ба ҳайси кумаки сарпарастона дарёфт шуд ва инро бояд президент Ҷеенбеков шарҳ диҳад. Вале он замон Ҷеенбеков ин хабарро шарҳ надод.
Даъват карданд, ки фаъолияти Отамбоев санҷида шавад
Ҷеенбеков соли 2017 дар интихобот бо 54 дар сади овозҳо пирӯз шуд. Номзадии ӯро ба таври ошкоро президенти вақт Отамбоев пуштибонӣ кард. Дар Қирғизистон мегӯянд, ки равобити миёни ин ду нафар моҳи феврал бад шуд ва зиддияти байни онҳо бештар мешавад.
Дар чанд моҳи охир ду муттафиқи собиқи Отамбоев, аз ҷумла, нахуствазири собиқ Сафар Исҳоқов ва Ҷанторо Сотиболдиев бо иттиҳоми фасод боздошт шуданд.
Моҳи гузашта собиқ мушовири Отамбоев - Икромҷон Илмиёнов дар Русия боздошт ва баъди ба Қирғизистон истирдод шуданаш ба ҳабс гирифта шуд. Моҳи апрел Ҷеенбеков чанд муттафиқи Отамбоев, аз ҷумла додситони кулл Индира Ҷолдубаева ва собиқ раиси амният Абдил Сегизбоевро, ки барои саркӯби сиёсатмадорони мухолифин ва журналистони мустақил интиқод мешуданд, аз кор озод кард.
Бархе сиёсатмадорону вакилони маҷлис даъват кардаанд, ки фаъолиятҳои президенти собиқ Отамбоев дар давраи раёсатҷумҳуриаш санҷида шавад. Моҳи октябри соли ҷорӣ Додгоҳи олӣ қарор кард, ки президентони собиқ аз масуният озод шаванд.