Як кило помидор – то 12 сомонӣ;
Як кило қаламфури булғорӣ – то 18 сомонӣ;
Як кило бодиринг – то 10 сомонӣ...
Сардии пеш аз муҳлати ҳаво дар Тоҷикистон нархи сабзиҷотро дар бозорҳои пойтахт як баробар боло бурдааст. Тоҷирон гуфтанд, ҳоло маҳсулоти гармхонҳо ва истеҳсоли кишварҳои ҳамсояро ба бозор баровардаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба харҷаш нархи гарон дорад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Лайло Салимова, тоҷири яке аз бозорҳои пойтахт, рӯзи 13-уми ноябр гуфт, “барф борид ва ҳаво пеш аз муҳлат сард шуд. Кор ба гармхонаҳо гузашт. Харҷи деҳқонҳо ҳам афзуд. Аз ҳамин ҳисоб, нархи маҳсулот қимматар аст. Соли гузашта хеле гарон шуда буд. Имсол ваъда доданд, ки арзонтар мекунанд.”
Асосан маҳсулоти кишоварзӣ ва полезие, ки аз хориҷи кишвар, хусусан Узбекистону Покистон ва Қирғизистон ворид мешавад, якбора боло рафтааст. Тоҷирон мегӯянд, коҳиши маҳсулоти кишоварзии дохилӣ, боиси бартарӣ пайдо кардани маҳсулоти ҳамсон аз кишварҳои ҳамсоя шудааст.
Холнисо Юсуфова, тоҷири дигар гуфт, “помидори Самарқандро ба 12 сомонӣ мефурӯшем. Бодиринги самарқандӣ 10 сомонӣ аст...”
Дар ду-се рӯзи пеш нархи як кило сабзӣ то 4 сомонӣ фурӯхта мешуд. Зеро маҳсулоти сабзии дохилӣ ҳанӯз вориди бозор нашуда буд. Дар баъзе бозорҳо ҳанӯз ҳам нарх ҳамон аст. Асосан бо ин қимат сабзии воридотӣ аз Қирғизистон фурӯхта мешуд.
Қиёмиддин Назаров, тоҷири маҳсулоти кишоварзӣ гуфт, “сабзӣ то 4 сомонӣ буд. Ҳоло сабзии истеҳсоли ноҳияи Ҷайҳун ба бозор баромад ва 2 сомониву 50 дирам аст. Сабзии қирғизиро дигар намехаранд ва барои ҳамин ҳам намеорем.”
Дар баробари гароншавии маҳсулоти полезии кишоварзии воридотӣ, нархи гандуму орди истеҳсоли Қазоқистон низ боло рафтааст. Тоҷирон мегӯянд, асосан орд дар бозорҳои Душанбе аз гандуми Қазоқистон аст, ки дар вилояти Суғд истеҳсол мешавад. Вале нархи орди тавлидоти худи Қазоқистон дар бозорҳои Тоҷикистон то 185 сомонӣ боло рафтааст.
“Нархи як халта орди истеҳсоли Тоҷикистон 160-165 сомонӣ аст. Пештар 145-150 сомонӣ буд”, - гуфт Исмоил Норов, тоҷири орд.
Гароншавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон маъмулан дар фасли зимистон ва аввали баҳор зиёд ба мушоҳида мерасад. Зеро тавлидоти гармхонаии маҳсулоти полезиро кишоварзон дар ин фаслҳои сол фурсати муносиб барои дарёфти даромади бештар унвон мекунанд.