Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи симкортҳо кай ниҳоӣ хоҳад шуд?


Гурӯҳи кории махсус барои баррасии нархномаи 250-сомонӣ баҳои симкорт, таҳти раёсати намояндагони Дастгоҳи ҳукумати ҷумҳурӣ бо кормандони ширкати Хадамоти зидди монополӣ, Хадамоти алоқа, намояндагони чаҳор ширкати мобилӣ -- "Мегафон", "Бабилон", "Тселл", "Билайн" ва ходимони Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи нахустини худро баргузор кард.

Ин ҷаласа тақрибан се соат идома кард ва дар он пешниҳодоти ширкатҳои мобилӣ, Хадамоти алоқа ва дигар намояндаҳои мақомоти қудратӣ шунида шуд, вале дар мавриди нархи 250-сомонии симкорт ба ҳеҷ натиҷа нарасиданд.

Мақомот бар ин боваранд, ки агар нархи симкорт 250 сомонӣ шавад, террористҳо имкони дарёфти онҳоро аз даст медиҳанд.

Як манбаъ аз Хадамоти алоқа рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишаст аз тарафи ширкатҳои мобилӣ ва дигар мақомоти интизомию хадамотҳо пешниҳодоти мухталиф ироа шуд, вале дар он ба натиҷае даст наёфтанд.

Ин манбаъ ба шарти набурдани номаш гуфт, дар ин ҷаласа Хадамоти зиддиинҳисорӣ низ нархи ягонаи симкортро таъин накард ва баррасии он ба вақти дигар гузошта шуд. Зеро аз тарафи ширкатҳои мобилӣ, Хадамоти алоқа, мақомоти интизомӣ ва Дастгоҳи президент пешниҳодҳо комилан мухталиф буданд.

"Дар инҷо пешниҳодоти чаҳор ширкатҳои мобилӣ шунида шуд ва онҳо тавре масъалагузорӣ мекарданд, ки ҷонибдори 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани симкорт нестанд ва онро асоснок менамуданд. Пешниҳоди намояндагони Дастгоҳи ҳукумати кишвар низ фарқ мекард ва ба сурати умум бинобар гуногун будани мавқеъҳо, ба натиҷаи ягона нарасиданд",- афзуд ин манбаъ.

"Мақомот масъалаи амниятиро пеш оварданд"

Як намояндаи яке аз ширкатҳои мобилӣ гуфт, дар ин ҷаласа бештар намояндаҳои Хадамоти алоқа ва Вазорати корҳои дохила талош доштанд, ки барои таъин намудани қимати 250-сомонии симкорт асосҳо ва заминаҳои воқеиро пешкаш кунанд ва яке аз далелҳо, масъалаи амниятӣ таъкид карда шуд.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, пешниҳодоти ширкатҳои мобилӣ ба эътибор гирифта хоҳанд шуд ё на, ҳанӯз маълум нест. Вай гуфт, бо назардошти пешниҳодоти ширкатҳои мобилӣ, ҳамаи хидматгузории ширкатҳо шурӯъ аз харидорӣ барои таъмини интернет, гуфтугӯҳо, паёмакрасонӣ, яъне ҷамъулҷамъ ба 250 сомонӣ баробар намешавад ва ин барои муштариҳо гарон хоҳад афтод.

Қарор аст масъалаи дастёфтан барои нархи ягонаи симкорт дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ, ки рӯзи 2-юми ноябр баргузор хоҳад шуд, баррасӣ шавад. Нархи ниҳоии симкортҳоро дар Тоҷикистон як гурӯҳи кории махсус маълум ва ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Ин гурӯҳи корӣ рӯзи 12-уми октябри имсол аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи президент ташкил шудааст.

Президент қарори мақомотро боздошт

Тобистони имсол бо як қарори вазири умури дохилӣ ва эълони ширкатҳои мобилӣ, нархи як симкорт ва, инчунин, аз як ном ба номи дигар гузарондани он 250 сомонӣ муқаррар шуд. Аммо рӯзи 30-юми август раиси ҷумҳур онро муваққатан то 1-уми январи соли 2019 боздошт. То анҷоми ин мӯҳлат каме беш аз ду моҳи дигар мондааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон ба чаҳор ширкати мобилӣ ва инчунин Анҷумани ширкатҳои мобилӣ нома фиристода ва талаб кардааст, ки дар зарфи се рӯзи оянда мавқеи худро дар мавриди 250 сомонӣ нархгузорӣ кардани симкортҳо ба таври хаттӣ баён доранд.

"Ҷавоб ба масъали нархи симкортҳо вақт мехоҳад"

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин номаро ширкатҳои "Мегафон", "Бабилон", "Тселл" ва "Билайн" дастрас кардаанд.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.
Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.

"Дар нома гуфта шудааст, ки дар масъалаи 250 сомонӣ шудани нархи симкорт назари худро маълум кунанд. Вале мо наметавонем бе назардошти вазъи иҷтимоии мардум, маоши ҳадди ақал ва даромади сокинон, назари худро пешниҳод кунем. Мо гуфтем, ки ҷавоб ба масъалаи нархи симкортҳо вақт мехоҳад",-афзуд Эркаев.

Мақомот бар ин боваранд, ки агар нархи симкорт 250 сомонӣ шавад, террористҳо имкони дарёфти онҳоро аз даст медиҳанд.

Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як тарҳ пешниҳод кардааст, нафароне, ки симкортҳои худро барои истифода ба дигарон додаанд ё нафари дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", то 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ваё аз 2 то 3 сол зиндонӣ шаванд.

Аммо ин қарор ба навбатпоии тӯлонӣ дар марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ сабаб шуд. Инчунин, ин қарор бо вокунишҳои мухталиф дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Бештари мардум чунин нархгузориро нодуруст шумурда ва аз мақомот хостанд, аз иҷрои ин тасмим даст бардоранд.

XS
SM
MD
LG