Гулмуроди Саъдулло, довари 27-солаи FIFA аз Тоҷикистон, ки аз ҳамаи марҳилаи санҷишҳо бомуваффақият гузашт, ба ҳайати доварони мумтози Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар соли 2019 дохил шуд. Ба гуфтаи ин довари тоҷик, ӯ барои ба ҳайати доварони мумтози AFC ворид шудан чаҳор марҳилаи санҷишро пушти сар кардааст.
Гулмурод замоне футболбоз буд. Мехост дарвозабони моҳир шавад ва бар муқобили беҳтарин ҳамлагарони дунё бозӣ кунад. Вале ҷароҳати дасташ ин орзуи ӯро барбод дод. Ва муддати тӯлонӣ аз футбол дур шуд.
Гулмурод ҳамеша саргарми омӯзиши қоидаҳои нави футбол аст. Ӯ мегӯяд, барои як довари муваффақ шудан, бояд ҳамарӯза тавсияҳои FIFA ва АFС-ро пайгирӣ кунад.
Бо гузашти солҳо меҳри беандоза ба футбол ӯро дубора ба майдон овард. Аммо ин дафъа на ба ҳайси бозигар, балки довар шуд. Ӯ мегӯяд аз соли 2015 довариро нахуст дар бозӣ миёни дастаҳои наврасон шурӯъ кард ва баъдан ба Лигаи якум ва Лигаи олии футболи кишвар ба ҳайси довар таъйин гардид.
Гулмуроди Саъдулло дар ду соли фаъолияташ довари муваффақ гашт. Бозиҳои лигаи олии футболи Тоҷикистонро доварӣ мекунад. Ин довари 27-солаи FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) ба ҳайати ҳакамони мумтози Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дохил шуд.
Ӯ мегӯяд, барои ба ҳайати доварони мумтози AFC ворид шудан, чаҳор марҳилаи санҷишро пушти сар кардааст.
"Марҳилаи аввал, ки аз баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ, забони англисӣ ва омодагии ҷисмонӣ иборат буд, моҳи октябри соли гузашта дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур - доир гардид. Баъдан маро ба марҳилаи баъдӣ роҳ доданд. Ибтидои моҳи сентябри имсол дар давраҳои бозомӯзии ҳакамон «AFC Elite Referees Selection Course» дар Малайзия ширкат варзида, аз имтиҳони фитнес-тест бомуваффақият гузаштам»,-гуфт Гулмуроди Саъдулло.
Коршиносони футбол дар Тоҷикистон аз ин довари ҷавон умедҳои зиёд доранд. Доварии Гулмуроди Саъдулло аз ҷониби намояндагони AFC баҳои баланд гирифт. Анваршоҳ Мирзоев, корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, мегӯяд, имсол ба доварии Гулмуроди Саъдулло дар ду бозии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон намояндагони AFC баҳогузорӣ карданд.
“Доварии Гулмуроди Саъдулло дар муддати ду соли охир дар мусобиқоти дохили ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд буд. Бинобар ин, Федератсияи футболи Тоҷикистон номзадии ӯро барои дохил шудан ба рӯйхати доварони мумтози Конфедератсияи футболи Осиё пешниҳод намуд. Ӯ аз соли оянда дар мусобиқоти байналмилалӣ ба ҳайси сардовар ё довари эҳтиётӣ ифои вазифа менамояд”, - иброз дошт Анваршоҳ Мирзоев.
Гулмурод ҳамеша саргарми омӯзиши қоидаҳои нави футбол аст. Ӯ мегӯяд барои як довари муваффақ шудан бояд ҳамарӯза тавсияҳои FIFA ва АFС-ро пайгирӣ кунад. Ба таъкиди ин довари ҷавон дар интихоби ҳакам дар бозиҳои сатҳи байналмилалӣ, масъулини АFC аз маҳорати доварӣ дида, ба донистани забони англисӣ аҳамияти бештар медиҳанд. Ӯ ба ҷуз аз забони тоҷикӣ, забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад.
Гулмурод оиладор буда, соҳиби ду писар аст. Зиндагиашро аз ҳисоби даромаде, ки аз доварӣ мегирад, пеш мебарад. То ба ин сатҳи доварӣ расидан, дар баробари касбаш шуғли дигаре ҳам дошт, таъмиргари кондитсионер буд.
"Замоне, ки довариро шурӯъ кардам, ҳамзамон дар вақтҳои истироҳатам ба таъмири кондитсионер машғул будам. Ду сол аст пурра ба доварӣ гузаштам, вале агар дӯстонам хоҳиш кунанд, дар насби кондитсионер ба онҳо кӯмак мекунам", -афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Акнун орзуҳои Гулмурод баъди ҷароҳат тағйир кардаанд. Мехоҳад дар Ҷоми ҷаҳонӣ Тоҷикистону қораи Осиёро ҳамчун ҳакам намояндагӣ кунад.
Ҳамакнун ба рӯйхати доварони мумтози AFC ду довари FIFA аз Тоҷикистон -- Гулмуроди Саъдулло аз шаҳри Душанбе ва Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак дохиланд.