Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент: Таърифу ситоишҳои барзиёд ба суди давлату ҳукумат нест


Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, рӯзи 24 октябр дар маросими ифтитоҳи студияи нави телевизион ва радиои вилояти Суғд иштирок кард. Зимни суҳбат дар ин маросим президент ба рӯзноманигорон ҳам муроҷиат кард ва онҳоро ба таҳияи матлабҳои таҳлиливу интиқодӣ дар ҳама мавзӯъ, ба хусус иқтисод ва саноат, кишоварзӣ даъват кард. Ӯ гуфт, таърифу ситоишҳои барзиёд тавассути телевизион ва радиоҳои кишвар бар суди давлату ҳукумат нест ва ба пешрафти он мусоидат намекунад.

Ӯ рӯзноманигоронро «чашму гӯши давлат» номид ва афзуд, рӯзноманигорон бояд бо матлабҳои таҳлиливу интиқодӣ бо забони содаву фаҳмо ба ҳалли мушкилоти ҷомеа ва ҳамин тавр рушди кишвар саҳм бигиранд. Ҳамчунин, даъват кард, ки бо матолиби худ «табиати диданӣ ва ҳавою обу чашмаҳои шифобахш ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён, сайёҳону ҷаҳонгардон» муарифӣ кунанд.

Таъкиди президент дар ҳолест, ки мунаққидони матбуотӣ мегӯянд, дар шароити маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон, матбуоти тоҷик ҳарчи бештар аз баррасии масоили дардноки сиёсиву иҷтимоӣ парҳез мекунад ва дар барномаҳои телевизионҳои давлатӣ танҳо аз пешрафту дастовардҳои кишвар сӯҳбат мешавад.

XS
SM
MD
LG