Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мома, мома"- охирин ҳарфи Муҳаммадҷони 4-сола дар ҳавопаймо


"Мома, мома" -- охирин ҳарфе, ки Муҳаммадҷони чаҳорсола пеш аз марг дар дохили ҳавопаймо ба забон овард. Ин тифли тоҷик дар дохили ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе ҷон дод. Падару модари Муҳаммадҷон дар ҳаққи писари ягонаашон мотам гирифтаанд.

Ҳодисаи ҳалокати Муҳаммадҷон Ализода шаби 23-юми октябр дар дохили ҳавопаймои ширкати Utair иттифоқ афтод. Масъулони намояндагии ширкати Utair дар Душанбе рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди баланд шудани ҳавопаймо аз шаҳри Маскав, вазъи саломатии кӯдак бад шуд.

Масъулони ҷамъияти тоҷикистониёни вилояти Оренбург бо номи "Ваҳдат" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки давоми ду рӯзи оянда ҷасади тифли тоҷикро ба ватан мефиристанд.

Ба қавли манбаъ, ҳавопаймо маҷбур шуд ба Фурудгоҳи шаҳри Оренбург нишасти изтирорӣ анҷом диҳад. Аммо ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, кӯдак аллакай ҷон дода буд.

Илҳомиддин Ализода, амаки Муҳаммадҷон охирин нафарест, ки тифлро зинда дида ба гуфтааш, фарзанди бародараш рӯи дастони ӯ ҷон дод. Илҳомиддин, ки аз шаҳри Оренбург ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, фарзанди бародараш 20 рӯзи пеш ба назди падару модараш ба Маскав омада буд. Ба гуфтаи амаки Муҳаммадҷон, саломатии тифл рӯзҳои аввали аз Тоҷикистон омадан хуб буд ва танҳо даҳ рӯзи пеш вазъаш бад шуд.

"Рӯзҳои аввал ҳамроҳамон бозӣ мекард, аммо яке сармояш зад ва бемор шуд. Вақте ӯро ба назди духтурон бурдем, гуфтанд, ки меъдааш бемор аст ва барояш даво навиштанд. Доруҳои гуфтаи духтуронро гирифтем ва то рӯзи парвоз аз рӯи реҷа онҳоро барояш медодем. Пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо дар як бокал чой гирифта, дарунаш дору (ношпа) андохтанд, то агар дардаш хуруҷ кунад, барояш диҳам, ором шавад",- гуфт амаки Муҳаммадҷон.

"Нолиш кард ва мома гуфта ҷон дод"

Илҳомиддин мегӯяд, дарди меъдаи писари чаҳорсолаи бародараш дар ҳавопаймо хуруҷ кард ва ӯ нахуст об хост. Амаки Муҳаммадҷон, ки бо гиря сӯҳбат мекард, афзуд, "барояш вақте чой додам, як қулт нӯшида дигар нахӯрд. Дар оғӯшам буд, аммо нолиш мекард. Як вақт нолишаш бас шуд, фикр кардам хобаш бурдааст. Хабар гирифтам, ки дилаш кор мекунад ва нафас мекашад. Ҷунбондамаш, камтар ҷунбид, баъд ду бор "мома" гуфта, ҷон дод".

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, баъди ин ҳолат дарҳол ба масъулини ҳавопаймо барои кӯмак муроҷиат кард. Ҳайати парвози ҳавопаймои Utair ба қавли Илҳомиддин, тариқи баландгӯяк эълон кардаанд, ки агар дар миёни мусофирон ягон табиб бошад, ба кӯдаки чаҳорсола кӯмак кунанд. Амаки Муҳаммадҷон гуфт, табибе аз байни мусофирон ба назди кӯдак омад, аммо маҳз ӯ аввал шуда гуфт, ки кӯдак аллакай ҷон додааст ва ҳама кор бефоида аст.

"Ҷасадро то ду рӯзи оянда ба Тоҷикистон мефиристем"

Наздикони Муҳаммадҷон Ализода дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод зиндагӣ мекунанд. Падари ӯ Маҳмадӣ Ализода бо ҳамсараш ҳамчун муҳоҷир дар вилояти Маскав кор мекунанд. Муҳаммадҷон ягона писари онҳо буд. Волидайнаш ӯро барои табобат ба Тоҷикистон фиристодаанд. Ҷасади ин тифли тоҷик феълан дар як сардхонаи шаҳри Оренбург аст ва наздиконаш талош доранд ӯро ба Тоҷикистон биёранд.

Ноҳияи Файзобод. Акс аз бойгонӣ.
Ноҳияи Файзобод. Акс аз бойгонӣ.

Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Оренбург мегӯяд, дар канори наздикони тифли ғурамарг ҳастанд. Дилшод Раҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикистониёни вилояти Оренбург бо номи "Ваҳдат" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми ду рӯзи оянда ҷасади тифли тоҷикро ба ватан мефиристанд.

Ба қавли ҷаноби Раҳимов, муҳоҷирони тоҷики шаҳри Оренбург барои харҷи интиқоли ҷасад кӯмаки пулӣ кардаанд. Танҳо ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, баъзе корҳои ҳуҷҷатгузорӣ мондааст, ки ба зудӣ ҳал мешаванд. Дар назар аст, ки ҷасади Муҳаммадҷон тариқи хатсайри Самара-Душанбе ба Тоҷикистон фиристода шавад.

Муҳаммадҷон Ализода ягона нафаре нест, ки дар дохили ҳавопаймои хатсайри Русия-Тоҷикистон ҷон медиҳад. Пеш аз ин моҳи феврали соли равон як муҳоҷири тоҷик дар парвози хатсайри Маскав-Хуҷанд ҷон дода буд. Далели ҳалокати ин муҳоҷир сактаи қалб унвон шуда буд. Он вақт низ ҳавопаймо баъди ҳалокати ин муҳоҷир маҷбур шуда буд дар шаҳри Оренбург нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

Ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс чандин парвозҳо анҷом мешавад. Русия макони аслии дарёфти рӯзӣ барои беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG