Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳном - паҳлавоне, ки парчами ду кишварро ба китф меовезад


Дар шабу рӯзе, ки дар Тоҷикистон аз муҳорибаи байни Ҳабибу Конор мегуфтанду баҳс мекарданд, як навраси тоҷик қаҳрамони сабқати байналмилалӣ дар кишварҳои Скандинавия оид ба Грэпплинг шуд. Ин чиҳилумин медали тиллои Беҳном Раззоқӣ дар сабқатҳои ҷиу-ҷитсу аст.

Ӯро чун яке аз серҷоизатарин кӯдакон дар ин навъи варзиш дар дунё мешиносанд. Беҳном набераи ҳунарпешаи саршиноси тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов аст. Бо он, ки 13 сол дорад, тавонистааст майдонҳои муҳорибаи даҳҳо кишвари Аврупоро тасхир ва унвонҳои қаҳрамониро аз худ кунад.

Ҳоло Беҳном барои ширкат дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу, ки моҳи апрели соли оянда дар Абу-Дабӣ баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Худи Беҳном дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз сабқати ахираш дар Скандинавия тавсиф кард ва гуфт рақибони қавӣ ва муҳорибаи зебое дошт, аммо муҳимтарин сабқат дар зиндагиаш, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу- ҷитсу буд. Ӯ дар ин сабқат унвони қаҳрамони ҷаҳонро аз худ кард. "Дар он мусобиқа ҳам ман рақибони қавӣ аз бисёр кишварҳои ҷаҳон доштам. Ин мусобиқа як рӯз пеш аз зодрӯзи ман буд ва ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, лаҳзаҳои пирӯзиро. Мехоҳам як бори дигар такрор кунам ин корро",-мегӯяд Беҳном.

Беҳном, ки аз намудҳои варзиш ба ҷиу-ҷитсу дил баста буд, бори аввал дар сини 7-солагӣ тавони худро дар сабқате намоиш дод ва дар аввалин мусобиқааш қаҳрамон шуд. Имрӯз ин навраси тоҷик қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, қаҳрамони мутлақи Шведсия, чемпиони дукаратаи кишварҳои Скандинавия, қаҳрамони дукаратия Дания, Қаҳрамони Аврупо оид ба Граплинг, як навъи ҷиу-ҷитсу дар байни наврасон аст.

Ҷиу-ҷитсу як навъи муҳорибаи омехта аст, ки ҳам усулҳои гуштиро дорад ва ҳам усулҳои муштзаниву кикбоксингро. Ин навъи варзиш аз Бразил бархоста, ба тадриҷ дар саросари дунё густариш ёфтааст. Ҷиу-ҷитсу аз варзишгар пуртоқатӣ ва майлу заҳмати зиёдро талаб мекунад. Хислатҳое, ки мураббиҳои пуртаҷриба ба гуфтаи падари ин наврас, Малик Раззоқӣ, ҳанӯз дар синни 6-солагӣ дар Беҳном диданд.

Беҳном, ки дар Шведсия таваллуд шуда ва ба воя расидааст, мегӯяд, дар тамоми сабқатҳо парчами ду кишвар -- Тоҷикистон ва Шведсияро ба китф меовезад. Варзишгари ду кишвар, маъмулан таътилҳои тобистонаи худро дар Тоҷикистон мегузаронад. Аммо ин ҷо ҳам тамринро тарк намекунад. Мегӯяд, тамоми фасли сол серкор аст. Дарс мехонад, машқ мекунад ва ду баст ба кӯдакону калонсолон ҳам тамрин медиҳад. Сирри тамоми муваффақиятҳои худро ҳам Беҳном дар тамрини зиёд мебинад.

"Барои ин ҳама мақому дастовардҳо ман хеле зиёд машқ мекунам. Ин бароям осон нест албатта, аммо ман инро худам мехоҳам. Вақте зиёд машқ мекунам, худамро ҳам хеле хуб эҳсос мекунам ва ҳар тамрин барои ман як ғалаба аст",- мегӯяд Беҳном.

Беҳном фарзанди нахустин ва яке аз 4 фарзанди Малик Раззоқӣ ва ҳамсараш Таҳмина аст. Ба гуфтаи падараш Малик, Беҳном дар баробари шавқу дастовардҳои зиёдаш дар варзиш ба саҳнаи театру кино ҳам рағбат дорад ва мехоҳад ба пайроҳаи бобояш равад. "Як ҳафта пеш барои ширкат дар як филми шведӣ дар кастинг ширкат кард. Ҳоло натиҷааш маълум нест. Аз кӯдакӣ мехост ҳунарпеша бошад",-мегӯяд, Малик Раззоқӣ, падари Беҳном.

Беҳном мегӯяд, дар таътилҳояш дар Тоҷикистон ҳамеша бо бобояш Ҳабибулло Абдураззоқов дар бораи синамо ва варзиш баҳсу сӯҳбатҳо мекунад. Филмҳо бо ширкати бобояшро ин навраси варзишгар пайваста тамошо ва ифтихор мекардааст. Аммо филми дӯстдоштааш "Хиёнат" будааст, ки дар он нақши аслиро Ҳабибулло Абдураззоқов иҷро кардааст. "Дар ин филм бобоям хеле ҷавон аст ва мисли сарбозонӣ воқеӣ ба назар мерасад",- меафзояд Беҳном.

Дар маҷмӯъ дар Шведсия Беҳном ҳамеша наздиконаш ва табиати Тоҷикистонро ёд мекунад. "Табиати Тоҷикистонро дӯст медорам. Ҳар боре ба онҷо меравам, бисёр хурсанд мешавам ва фикр мекунам тамоми марзҳои дунё бароям боз шудааст. Дар Тоҷикистон маро мешиносанд ва дӯстони зиёд дорам. Дар Тоҷикистон ҳам рақибони хубе дорам. Ин ҳам бароям муҳим аст",-мегӯяд Беҳном.

Ҳоло Беҳном барои ширкат дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу- ҷитсу, ки моҳи апрел дар Абу-Дабӣ баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Ин сабқат барои ӯ ҳам бисёр муҳим аст ва ҳадаф дорад дигарбора унвони қаҳрамонии ҷаҳонро аз худ кунад.

XS
SM
MD
LG