Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: "Касе, ки мехост ШКД-ро тарконад, “дӯст”-и сардори пулис буд"


Мақомоти додситонӣ мегӯянд, нафаре, ки моҳе пеш бо иттиҳоми қасди таркондани бинои ШКД-и Фархор боздошт шуд, бо сардори пулиси ин ноҳия "робитаи дӯстӣ" дошт.

Аввали моҳи сентябр мақомот Баҳриддин Шарофиддинов, сокини 38-солаи деҳаи Гулшани ноҳияи Фархорро боздошт карда ва гуфтанд, ки ин шахс бо гумони омодагӣ ба тарконидани бинои ШКД дар рӯзи 9-уми сентябр боздошт шудааст.

Тарзи рафтору гуфтори ӯ ва риш гузоштану либоспӯшиаш аллакай шубҳаи дигар мақомотро ба вуҷуд оварда буд, вале сардори ШКД боре ба ӯ шубҳа накард

ВКД танбеҳ дод, додситонӣ таҳқиқ мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз ин ҳодиса ба Баҳром Шокирзода, сардори ШКД-и ноҳияи Фархор танбеҳ дод ва феълан робитаи ӯ бо Баҳриддин Шарофиддинов аз ҷониби додситонӣ таҳқиқ мешавад.

Як манбаъ дар мақомоти додситонӣ рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сардори ШКД-и Фархор аз нияти Баҳриддин Шарофиддинов хабар надошт, вале шубҳа накардан ба рафтори ӯ касбияти ин мақоми пулисро зери суол мебарад.

"Мақомоти дигар шубҳа карданд, сардори пулис - не"

Як намояндаи додситонӣ ба шарти набурдани номаш гуфт: "Ин нафар як сол пеш аз зиндони Русия озод шуд. Ба ватан баргашт ва хеле шубҳаовар буд. Бо ҳар баҳона бо сардори ШКД наздикӣ пайдо карда, ҳатто вориди утоқи ӯ мешуд. Тарзи рафтору гуфтори ӯ ва риш гузоштану либоспӯшиаш аллакай шубҳаи дигар мақомотро ба вуҷуд оварда буд, вале сардори ШКД боре ба ӯ шубҳа накард", - гуфт ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ба қавли мақомот, Баҳриддин Шарофиддинов аллакай дар Русия ақидаи гурӯҳи тундрави ДИИШ-ро пазируфта, моҳҳо боз дар Тоҷикистон дар пайи тахрибкорӣ буд.

«Моҳе пеш аз боздошташ бомбае сохт. Ҳангоми таркиш дастонаш осеб дида, як ангушташ бурида шуд», - гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

"Бо Баҳриддин сӯҳбат доштам, аммо дӯст набудам"

Полковник Баҳром Шокирзода, сардори ШКД-и ноҳияи Фархор рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин марди боздоштшуда сӯҳбат карда буд, вале бо ӯ робитаи дӯстӣ надошт. Ӯ гуфт: «Рафиқам набуд. Фақат барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ наздам омад. Мо тафтиш кардем, ки доғи судӣ дорад ва шиносномааш надодем. Дигар ягон гап набуд. Танбеҳ ба хотири зиёд шудани ҷинояткорӣ ва ба қайд нагирифтани як ҷиноят доданд».

Аммо, ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, гирифтани шиносномаи хориҷӣ танҳо як баҳона буд. Дар асл Баҳриддин Шарофиддинов бо маконе, ки амали тахрибкориашро бояд анҷом медод, шинос мешуд.

Модари Баҳриддин: "Бовар надорам, ки..."

Феълан, ин мард дар боздоштгоҳе дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва ҳанӯз тафтиши парвандааш ниҳоӣ нашудааст.

Ҷамолбӣ, модари Баҳриддин Шароифддинов дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ин иттиҳом, ки писараш бинои ШКД-ро тарконданӣ буд, бовар надорад. "Панҷ вақт намозашро мехонд, лекин ягон гапи зиёд намезад. Бовар надорам, ки писарам чунин карда бошад", - гуфт ӯ.

Рӯзи 11-уми сентябри имсол мақомот аз боздошти ин мард хабар дода буданд. Ба қавли мақомот, ин мард қасд дошт, бо маводи таркандаи худсохт шаби 9-уми сентябр, ҳангоми таҷлил аз ҷашни истиқлол, биноро мунфаҷир кунад.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон аз чанд кӯшиши ҳамла ё қасди таркондани бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар минтақаҳои кишвар хабар дода буданд. Моҳи майи соли гузашта мақомоти интизомӣ Толибҷон Юнусови 20-сола ва Усмон Бухориеви 18-соларо бо иттиҳоми талоши таркондани бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздошт карданд. Ҳангоми боздошт аз онҳо зарфҳои шишагии пур азсӯзишворӣ пайдо гардид.

Соли 2015 низ аз талоши тарафдорони гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" барои таркондани 12 идораи пулис дар Душанбе, Файзобод, Рашт ва Кӯлоб пешгирӣ шудааст.

Аз он пеш, дар соли 2013, мақомоти амниятӣ аз боздошти гуруҳи Маханов хабар дода буданд, ки нақш доштааст, ҳангоми баргузорииинтихоботи президентӣ чанд сохтмон, аз ҷумла бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро бикафонад.

XS
SM
MD
LG