Як марди қазоқтабор аз Чин гуфт, ки падари 80-солаи ӯ дар як урдугоҳи вилояти шимолуғарби Шинҷон даргузашт. Омирбек Бекалӣ рӯзи 22 октябр гуфт, ки падараш Иброҳим ҳанӯз моҳе пеш даргузаштааст, вале ӯ дар ин бора тоза хабардор шуд. Дафтари ҳуқуқи башари СММ гуфт, ки моҳи августи соли ҷорӣ ҳудудан 1 миллион мусалмон дар Чин ба «марказҳои зиддитеррористӣ» ҷой дода шуданд ва ба таври маҷбурӣ бо омӯзиши барномаи таълимии аз ҷониби давлат тасдиқшуда пардохтанд. Бекалӣ яке аз чанд нафар буд, ки аз Қазоқистон истода масъалаи урдугоҳҳои Шинҷонро дар матбуот матраҳ кард. Ӯ гуфт, ки соли 2017 вақте барои дидани наздиконаш ба Шинҷон рафт, боздошт ва маҷбур шуд беш аз 7 моҳ дар чунин як маркази таълимӣ дарс хонад.