Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз пиразанҳо то духтарони маълул. Таҷовузи ҷинсӣ дар Қирғизистон афзудааст


Хабарнигори Настояшее Время ҳангоми суҳбат бо зани осебдида.
Хабарнигори Настояшее Время ҳангоми суҳбат бо зани осебдида.

Дар Қирғизистон мақомоти расмӣ парвандаи таҷовузи ҷинсӣ ба як духтари фалаҷ ва пиразани 71-соларо таҳқиқ мекунанд, вале хешовандонашон мегӯянд, муфаттишон зимни тафтиш ба саҳлангорӣ мекунанд.

Духтари 17-солаи фалаҷ ва маъюби гуруҳи якум аст ва ба қавли модараш чанд моҳ пеш се ҷавон талош карданд духтари ӯро таҷовуз кунанд. На модараш ва на духтараш нахостанд, номашон ошкор шавад. "Ҳодиса 1-уми июн рух дод. Ман ҳамроҳи писари хурдсолам ба бозор рафтам. Духтарам дар хона танҳо буд",- мегӯяд, модари духтар.

Духтари озордидаи ин зан солимақл аст ва хондану навишта метавонад, вале забонаш лакнат дорад. Аз талоши дастдарозии се ҷавон аввал ба апааш нақл кард.

"Бегоҳи ҳамон рӯз, ба апааш паёмак навиштааст, ки 3 ҷавон ӯро аз хона берун бароварданд, ба мошин савор кардаву ба канори шаҳр бурданд ва дар он ҷо таҷовуз карданд",-мегӯяд модараш.

Духтараки маъюб мегуяд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо яке аз ин ҷавонон ошно шудааст ва маҳз ҳамин ҷавон аз роҳи фиреб ӯро аз хона ба берун бароварда бо ду нафари дигар бурдааст. Рафторе, ки бо ӯ кардаанд, ба гуфтаи модар ваҳшатнок аст.

Дар гулӯи духтарам корд монда, даҳонашро бо қоғаз пур кардаанд. Таҳдид кардаанд, ки агар дод занад, мекушанд.

"Дар гулӯи духтарам корд монда, даҳонашро бо қоғаз пур кардаанд. Таҳдид кардаанд, ки агар дод занад, мекушанд. Баъдан либоси духтарамро кашида, таҷовуз кардаанд. Ташхиси тиббӣ нишон дод, ки пардаи бакорати духтарам осеб надидааст. Аммо дар хулосаи ташхис омадааст, ки эҳтимоли алоқаи ҷинсӣ бидуни осеби пардаи бакорат вуҷуд дорад. Ҳоло шахси муттаҳам дар озодист",- мегӯяд, модари духтар.

Мақомоти интизомӣ дар робита бо иттиҳоми талоши таҷовуз ба номус парванда боз кардаанд. Модар шикоят дорад, ки тафтишот беш аз 5 моҳ аст, идома дорад ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду ҷавони дигари муттаҳам ба ҷиноятро ҷустуҷӯ накарданд. Дар ин муддат вазъи сиҳатии духтараш бад шудааст ва равоншиносон гуфтаанд, ки сабаб фишори равонӣ аст.

Парвандаи дигаре, ки дар дасти мақомоти интизомии Қирғизистон аст, парвандаи талоши таҷовузи ҷинсии пиразане аз шаҳри Бишкек аст. Зани солхӯрда ва 71-сола дар канораи пойтахти Қирғизистон зиндагӣ мекунад.

Ҳодисаеро, ки бо ӯ рух дод, чунин нақл кард: "Хоб будам, ки садои дарро шунидам. Дарро кушодам, марди ҳамсояро дидам. Ӯ якбора аз муйҳои сарам дошт, ман беҳуш шудам. Вақте ба худ омадам, маро буғӣ мекард, аз тарс пурсидам, ки чӣ мехоҳад. Гумон кардам, ки барои куштан омадааст, аммо гуфт, ҳамхоба мешавем ва маро ба сӯи рахти хоб кашид. Ва ҳар коре хост, анҷом дод."

Пиразан, ки сахт тарсида буд, субҳ кормандони пулис ва пайвандонашро даъват кард. Пизишкон ӯро ташхис карданд, вале гуфтанд, хулосаи тиббиро дертар медиҳанд. Пиразан ҳам аз амалкарди мақомоти интизомӣ розӣ нест.

"Дар шӯъбаи корҳои дохилӣ мехостанд, парвандаро бубанданд. Ҳатто барои он, ки ман аризаамро бозпас бигирам, бароям пул пешниҳод карданд. Аммо ман мегуфтам, агар бо модари шумо чунин корро мекарданд чӣ?" мегӯяд, ин зан.

Пиразани қирғиз мегӯяд, барои исботи он, ки воқеан ӯро таҷовуз кардаанд, ду сол мубориза бурд. Ба хотири он, ки тафтишот ба истилоҳ ҷон бигирад, пиразан ба журналистон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ муроҷиат кард. Танҳо баъди ин ариза то ба додгоҳ расид. Додгоҳ собит кард, таҷовуз ба номус сурат гирифтааст ва ҷинояткорро ба се соли зиндони шартӣ маҳкум кард.

Бибисоро Рисқулова
Бибисоро Рисқулова

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон мегӯяд, чун ин ҳодисаҳо дар кишвар кам нест. "Дар кишвари мо духтарону занон осебпазиранд. Онҳо аз зӯроварӣ ва хушунат ранҷ мекашанд. Мушкилоти қочоқи занон, бисёрзанӣ, истисмори кориву шаҳвонӣ вуҷуд дорад",- мегӯяд, Бибисоро Рисқулова, мудири маркази "Сезим", ки ба занони осебдида кӯмак мекунад.

Бино ба омори расмӣ, дар як соли ахир дар Қирғизистон таҷовуз ба номус ва талоши таҷовуз 10 дар сад зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ 170 маврид сабт шудааст ва дар ин миён 30 кӯдак ҳам мавриди озору азияти ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ мегӯянд, ин оморӣ расмӣ баёнгари миқёси воқеии мушкилот дар Қирғизистон нест.

XS
SM
MD
LG