Пас аз як ҳафтаи ҷарроҳӣ вазъи саломатии Маҳшед Ҳомидӣ, ҳамсари 53-солаи Эбӣ, ҳунарманди маъруфи эронии муқими Амрико, мӯътадил аст. Ӯ рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд рӯз боз мустақилона роҳ мегардад. Маҳшед Ҳомидӣ ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҷарроҳии пайванди гурдаро паси сар кард.
Дар даҳ моҳи имсол дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Тоҷикистон 25 хориҷиро пайванди гурда кардаанд.
Бемор ва меҳмон
Маҳшед Ҳомидиро дар бемористони Душанбе на танҳо ба сифати бемор, балки ҳамчун меҳмон пазируфтанд ва ҳар лаҳза сиҳатии ӯро назорат мекунанд.
Табибони тоҷик рӯзи 10-уми октябр дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ҷарроҳии табдили гурдаи Маҳшед Ҳомидиро анҷом доданд. Он рӯз худи ҳунарманд Эбӣ ҳамроҳ бо писараш Фаршед Ҳомидӣ аз Сан-Франсискои Амрико ба Душанбе омада, Маҳшедро ҳамроҳӣ мекарданд.
Худи Маҳшед Ҳомидӣ пас аз як ҳафтаи ҷарроҳӣ рӯзи 16-уми октябр дар як суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ бо ситоиш аз кори табибони тоҷик гуфт, амалиёти пайвандсозиаш муваффақона буд ва аз он хушҳол аст, ки дар интихоби бемористон иштибоҳ накард. "Табибон дар ин бемористон бидуни кадом фаргузорӣ миёни беморон кори худро хеле ҳирфаӣ анҷом медиҳанд. Муҳимтар аз ин, ман аз меҳрубонии онҳо хушам омад. Хушҳолам, ки маро маҳз дар ҳаминҷо ҷарроҳӣ карданд", - афзуд ӯ.
"Аз меҳрубонии тоҷикҳо шигифтзада шудам"
Ҳамсари Эбӣ мегӯяд, ҳарчанд бори аввал ба Тоҷикистон омад, дар бораи мардуми ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг зиёд шунида буд. "Он чӣ маро бештар ҳайратзада кард, меҳрубонии аз ҳад зиёди мардуми тоҷик аст", - мегӯяд ӯ.
Маҳшед Ҳомидӣ, ки бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар бемористон сӯҳбат мекард, гуфт, шавҳараш барои анҷоми як барномаи ҳунарӣ ба Амрико баргаштааст ва аз вазъи сиҳатии ӯ ҳар лаҳза огаҳ мешавад. Маҳшед мегӯяд, аз Эбӣ хостааст, ки зиёд нигарон ва саргардон нашавад ва ҳар ҳафта дар роҳи тӯлонии Амрико ва Тоҷикистон вақти худро сарф накунад.
"Тақрибан 20 соат парвоз аст, ҳар дафъа, ки омада меравад, хаста мешавад. Ҳоло чанд барномаи консертиро бояд дар шаҳрҳои гуногуни Амрико анҷом диҳад. Яъне, ба ҳамин хотир хоҳиш кардам, ки наояд. Як зарра истироҳат кунад",- афзуд ӯ.
Ҳамсари як овозхони маъруф будан
Маҳшед бо Эбӣ 27 соли қабл дар Амрико издивоҷ кард. Бо онки Маҳшед хатмкардаи риштаи саноати кимиё аст, пас аз издивоҷ бо шавҳараш кор мекунад, дар таҳияи барномаҳои ҳунарӣ ва клипҳои шаҳвараш бо ӯ ҳамкорӣ дорад. Машварат бо шоирону оҳангсозон барои таҳияи клипҳои Эбӣ ҳам масъулияти Маҳшед аст.
Ӯ гуфт, вақте шавҳараш тамоми оҳангҳои ошиқонаро барои ӯ мехонад, ӯ низ ошиқи шавҳараш аст. Тавре худи Маҳшед Ҳомидӣ гуфт, "қариб бист сол корҳои идориро ба ӯҳда доштам, то замоне ки писарам Фаршед мактабро хатм кард ва инро аз дӯши ман бардошт. Вале ҳамзамон корҳои студия ва видео кори ман аст".
Маҳшед мегӯяд, агарчи зиндагӣ бо як овозхони машҳуре, ки ҳазорон мухлис дорад, кори осон нест, паҳлӯҳои мусбате ҳам дорад, ки мешавад аз он ифтихор кард. Ӯ гуфт ишқу муҳаббати ҳаводорони Эбӣ барои арзиши бештар дорад.
Худи Эбӣ овозхони маъруфи 69-сола ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳамсараш чанд соли ахир аз дарди гурда ранҷ мекашид ва ниҳоят дӯстони табибаш тавсия доданд, ки ҷарроҳии пайвандсозиро дар Тоҷикистон зери назари тими ҷарроҳони муштараки тоҷику эронӣ анҷом диҳад.
Тоҷикистон ва пайвандсозии гурда
Ҳамсари Эбӣ нахустин шаҳрванди Амрико аст, ки дар Тоҷикистон аз амалиёти пайвандсозӣ мегузарад. Аз кишварҳои ғарби қаблан як шаҳрванди Испания низ дар ин марказ ҷарроҳии пайвандсозии гурдаро пушти сар кардааст. Ҷарроҳии пайвандсозии узв дар ин муассисаи тиббии Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигар арзонтар буда, солҳои ахир сифати кори онҳо низ мавриди таваҷҷӯҳи корафтодаҳо аз кишварҳои хориҷӣ шудааст.
Саидмаҳмуд Исмоилзода, раҳбари Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Тоҷикистон 16-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳатии Маҳшед Ҳомидӣ хуб аст ва онҳо метавонанд бо дили пур ӯро аз бемористон рухсат диҳанд. Ба гуфтаи Исмоилзода Маҳшед Ҳомидӣ пас аз як рӯзи ҷарроҳӣ аллакай метавонист озодона роҳ равад ва донори ӯ ҳам яке аз пайвандонаш буд, аз сиҳатияш шикояте надорад.
Табибон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Тоҷикистон 25 бемор аз хориҷи кишварро аз амалиёти пайвандсозии гурда гузарониданд. Дар маҷмӯъ, дар ин марказ соли ҷорӣ 150 нафар аз амалиёти пайвандсозии гурда ва ҷигар гузаштанд ва ба гуфтаи масъулони марказ, ҳамааш муваффақиятомез буд.
Эбӣ ният дорад, дар Тоҷикистон консерт доир кунад
Маҳшеди Ҳомидӣ ҳам, ки зоҳиран аз бемористони интихобкардааш барои ҷарроҳӣ розӣ буд гуфт қарор аст, пас аз чанде аз бемористон мураххас шуда, муддате дар меҳмонхона монад ва агар табибон барои парвози ӯ иҷозат диҳанд, ба Амрико хоҳад рафт.
Иброҳим Ҳомидӣ ё Эбӣ, хонандаи саршиноси попи эронӣ баъди инқилоби исломӣ дар Эрон кишварро тарк кард. Мегӯяд, солҳост дар Амрикову Испания зиндагӣ ва аз он ҷо истода таронаву консертҳои худро барпо мекунад.
Аз ҷумла, таронаҳои охири ӯ - "Носталжӣ", ки бо Гугуш иҷро кардааст ва "Ҷони ҷавонӣ" дар миёни ҳаводорони тоҷикаш ҳам хеле маъруф шудаанд. Эбӣ гуфт, ки қарор кард дар арафаи иди Наврӯзи соли оянда дар Тоҷикистон як консерти худро баргузор кунад