Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди 30-сола барои ба худкушӣ расондани ҳамсараш дастгир шуд


Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғдро бо гумони ба худкушӣ расондани ҳамсараш боздошт кардаанд.

Мақомот рӯзи 13-уми октябр гуфтанд, ки ин марди 30-сола пайваста нисбат ба ҳамсараш “ҳаракатҳои бераҳмона намуда ва шарафи ӯро паст мезадааст”. Онҳо бовар доранд, ки чунин бархӯрди номуносиби гумонбар сабаб шудааст, то ҳамсараш худкушӣ кунад.

Аз гумонбар ва оилааш ном бурда намешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Қаблан Додгоҳи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) Зӯҳро Ҷӯрабекова, сокини 63-солаи ин ноҳияро барои ба худкушӣ расондани келинаш Фаризаи Хӯҷаназар гунаҳкор донист ва панҷуним сол зиндонӣ кард.

Дар Тоҷикистон соли гузашта садҳо зан худкушӣ ва ё қасди худкушӣ кардаанд ва ҳомиёни ҳуқуқи зан ва мақомот ҳам мегӯянд, зӯроварӣ дар хонавода яке аз сабабҳои аслии қасд ба ҷони худ кардани духтарону занон аст.

XS
SM
MD
LG