Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори тунди мақомот ба гурӯҳҳои силоҳдор дар Бадахшон


Мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфтанд, ки алайҳи сокинони осоишта дар шаҳри Хоруғи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳеч амалиёт сурат нахоҳад гирифт. Аммо мақомот дар як изҳороти расмӣ гуфтанд, агар «гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ» ва афроди алоҳида силоҳҳои худро то 15-уми октябр насупоранд, аз "чораҳои бетаъхир" кор мегиранд.

Дар Хоруғ дигар яроқ намонд. Агар яроқ мебуд, тирпаронӣ мешуд ва ягон касро мекуштанд. Ҷанҷолу воҳима даркор нест, халқ худаш тарсидааст.

“Гуруҳҳо бояд силоҳро супоранд"

Дар изҳороти Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшон, ки рӯзи 12-уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, "то ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида теъдоди зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ин оқибати ногувор дорад”. Ин изҳорот, ҳамчунин, аз сӯи Рустам Мирзомуродзода, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон дар як навори 11-дақиқаӣ қироат шуд.

Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ қотеона талаб намудааст, ки дар мӯҳлати муайянгардида тамоми силоҳу аслиҳа супорида шавад. "Сокинони шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ, бояд дақиқ як нуқтаро донанд, ки аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят ва ҷумҳурӣ дар ягон кӯча, деҳа, маҳалла нисбат ба сокинони осоишта амалиёт гузаронида намешавад", - омадааст дар изҳорот.

Мақомоти қудратӣ ваъда додаанд, ки "дар сурати аз тарафи саркардагону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ, нисбат ба онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ карда мешаванд."

Дар изҳороти мақомоти қудратӣ дар хитоб ба аҳолии шаҳри Хоруғ гуфта шудааст, онҳо бояд бовар дошта бошанд, ки амнияташон таъмин мешавад. Дар айни замон мақомот ҳушдор додаанд, ки дар сурати аз тарафи саркардагону аъзои «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ» ва «шахсони алоҳида» то ба охир насупоридани силоҳу муҳимоти ҷангӣ, нисбат ба онҳо тибқи қонун, "чораҳои бетаъхир" амалӣ карда мешаванд.

Ҳушдори сахти мақомот чанд соат пас аз он нашр шуд, ки бархе намояндагони мухолифин дар хориҷи кишвар аз омодагии мақомоти қудратӣ барои гузаронидани амалиёти низомӣ дар Бадахшон навиштанд.

"Баъд... пушаймонӣ фоида надорад"

Пас аз интиқоди президенти Тоҷикистон дар 15-уми сентябри имсол бори аввал аст, ки мақомоти қудратӣ аз натиҷаи кори худ дар вилояти Бадахшон хабар медиҳанд. Дар изҳороти мақомот гуфта мешавад, ки то имрӯз аз 21 шахси дар кофтукоб буда, 11 нафари онҳо ихтиёрӣ ба ниҳодҳои интизомӣ ҳозир шуданд.

Инҳо:

Акимбек Акимбеков,

Комрон Бозоров,

Фирӯз Мирзоев,

Пӯлод Шейхов,

Рустамбек Каримбеков,

Шертан Некқадамов,

Шоҳғариб Болиев,

Некрӯз Худоназаров,

Ҳамиди Ташриф ва

Музаффар Давлатқадамов будаанд.

Ниҳодҳои интизомӣ ба дигар ашхоси таҳти ҷустуҷӯ расман ҳушдор додаанд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, вагарна "баъди ба охир расидани мӯҳлати муайянгардида пушаймонӣ фоида надорад."

Дар изҳороти мақомоти қудратӣ аз амалиёти кӯшиши интиқоли силоҳ ва маводи мухаддир дар ноҳияи Шуғнон ёд шуда, зикр мешавад, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ" дар ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ айни замон кӯшиши аз Афғонистон ва дигар минтақаҳо ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд.

Мақомоти қудратӣ дар изҳороти худ ҳамчунин гуфтаанд, аз саркардагони гурӯҳҳо ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ, 136 силоҳ мусодира шудааст.

  • Аз ҷумла, 57 автомати "Калашников", 2 "Пулемёт", 2 гулӯлаандоз (Гранатомёт), 1 комплекси зенитӣ, 27 "Таппонча", 8 Карабин, 29 силоҳи суфтамили "ТОЗ", 1 силоҳи истеҳсоли хориҷӣ ва беш аз 2600 лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 грамм маводи тарканда мусодира шудааст.

Айёмбеков: «Агар яроқ мебуд, куштор сар мезад»

Мақомоти вилояти Бадахшон ва бахусус шаҳри Хоруғ то ҳол дар бораи таҳаввулоти охир ва ҷузъиёти дигари марбут ба вазъи минтақа изҳори назар накардаанд. Инчунин, мақомоти қудратӣ дар изҳороти худ дақиқан нагуфтаанд, ки манзурашон аз “гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” чӣ касон аст.

Ҳарчанд ангушти ишорат ба сӯи “пешвоҳои ғайрирасмӣ” ва ашхоси таъсиргузор дар байни ҷавонон дароз мешавад. Аммо бархе аз ин афрод мегӯянд, дар даст силоҳ надоранд ва барои ҷорӣ кардани тартибот бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд.

Толиб Айёмбеков
Толиб Айёмбеков

Толиб Айёмбеков, фармондеҳи собиқ дар Бадахшон, яке аз онҳост. Ӯ 12-уми октябр гуфт, ин шабу рӯз дар шаҳри Хоруғ шумораи дидбонгоҳҳо бештар шудааст. Айёмбеков дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи инки оё худи ӯ силоҳояшро супоридааст ё не, гуфт, ҳанӯз соли 2012 муҳимоти ҷангии худро ба мақомот супурда буд ва ҳаёти осоишта дорад.

“Дар Хоруғ дигар яроқ намонд. Агар яроқ мебуд, тирпаронӣ мешуд ва ягон касро мекуштанд. Гапу воҳима бисёр аст. Ҳамроҳи калонҳо гап задем, гуфтаанд, ки ҳамааш дурӯғ аст, аммо боз ҳам Худо медонад. Мошинҳои сиёҳшиша ҳам тоза шуданд. Ҷанҷолу воҳима даркор нест, халқ худаш тарсидааст. Ҳамон гуруҳҳо киҳо ҳастанд, бигузор гап зананд. Кӣ ҳастанд ҳамон гуруҳҳо?”, - гуфт Толиб Айёмбеков.

Суоли сокинони Хоруғ: «Боз амалиёт мешавад?»

Ҳушдори тунди мақомот дар ҳоле садо медиҳад, ки муҳлати додаи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани тартибот дар Хоруғ баъди се рӯз ба охир мерасад. Баъзе аз сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, суоли аслӣ дар рӯзҳои охир байни мардум ин аст, ки оё воқеан ҳам дар ин минтақа амалиёти низомӣ сурат мегирад?

Аз ҷумла, Аввалмо Хубоншоева, вакили маҷлиси шаҳри Хоруғ мегӯяд, зиндагии маъмулӣ дар маркази вилояти Бадахшон идома дорад, вале овозаҳои миёни мардум бештар шудааст. Ба қавли Хубоншоева, ӯ талош дорад мардумро мутмаин кунад, ки амалиёти низомӣ дигар намешавад.

«Ба мо гуфтанд, ки амалиёт намешавад. Худам ҳам бовар надорам, ки иштибоҳи соли 2012 боз такрор мешавад. Дар мо мақомоте ҳастанд, ки метавонанд моҳирона кор кунанд ва ҳоҷат ба ягон амалиёт нест. Мардум тарафдор аст, ки онҳое, ки қонунро вайрон кардаанд, бигузор ҷавоби худро диҳанд”, - афзуд вакили маҷлиси Хоруғ.

Соли 2012 дар пайи куштори раиси бахши амнияти минтақаи Бадахшон Абдулло Назаров дар ин вилоят амалиёти низомӣ шурӯъ шуд ва мақомот гуфтанд, ки ин амалиёт ба хотири дастгир кардани омилони куштор ва аз дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ гирифтани силоҳу муҳимот роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, як сокини шаҳри Хоруғ гуфт, дар постгоҳҳо ҳамроҳ бо кормандони БДА, инчунин, кормандони воҳидҳои махсус низ меистанд.

Зимнан, ду рӯзи пеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як гузориши телевизионӣ гуфт, гуруҳҳои муташаккил дар вилояти Бадахшон чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё ба ҳаёти осоишта баргаштаанд. Дар ҳоле ки ба қавли мақомот, далелҳои ошкоркардаи онҳо нишон медиҳанд, ин даъво ботил аст.

XS
SM
MD
LG