Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Раҷабалӣ Одинаев ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят карданд


Наздикони Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88”, ки ба 24 соли зиндон маҳкум шудааст аз болои ҳукм шикоят бурдаанд. Яке аз наздикони ӯ рӯзи 2 октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шикояти худро ба бахши кассатсионии Додгоҳи олӣ супурдаанд.

Ба қавли манбаъ, онҳо аз қарори додгоҳ дар бораи ба 24 сол маҳкум кардани Раҷабалӣ Одинаев норозианд ва талаб доранд, ки он бекор карда шавад.

Ҳукми ду раҳбари ширкати “Умед-88” рӯзи 17 сентябр содир шуда буд. Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов ба 24 ва 22 солии зиндон маҳкум шуданд. Онҳо ба дуздии моликияти давлатӣ, тассарруфу исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии қарз гунаҳкор дониста мешаванд.

Муҳокимаи Раҷабалӣ Одинаев ва муовинаш паси дарҳои баста сурат гирифт ва ба ғайр аз вакили дифо, ҳатто хешовандонашро ҳам ба толори додгоҳ роҳ надоданд.

Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 боз дар боздошт аст. Ӯро ба напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки вазорати молия соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати ӯ додааст, муттаҳам мешуд.

XS
SM
MD
LG