Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар-ТадАЗ» ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт


Дастаи «Регар-ТадАЗ»и Турсунзода, ки дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол бар тими «Хатлон» -и Бохтар бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» рӯзи чоршанбе, 26-уми сентябр, дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Ду голи “Регар-ТадАЗ”-ро ҳимоятгар Ойбек Абдуғаффоров зад. Боз се голи дигарро Абдусамад Ҳоҷибоев, Наврӯз Рустамов ва Амирҷон Сафаров ба самар расонданд. Голи ягонаи «Хатлон»-ро Муҳаммад Насков ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Дар бозии аввал низ «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.

Ҳамин тариқ, «Регар-ТадАЗ» чаҳорумин дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон гардид. Пеш аз футболбозони Турсунзода дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе ба нимфинал баромада буданд.

Ҳамакнун дар нимфинал “Истиқлол” бо «Душанбе-83» ва “Регар-ТадАЗ” бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 17-18 октябр дар назар аст.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.

Ҷоми Тоҷикистон

1/4 финал. Бозии ҷавобӣ

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 5:1

Голҳо: Муҳаммад Насков, 14 (1:0). Ойбек Абдуғаффоров, 43 – аз пеналтӣ (1:1). Абдусамад Ҳоҷибоев, 52 (2:1). Наврӯз Рустамов, 66 (3:1). Амирҷон Сафаров, 70 (4:1). Ойбек Абдуғаффоров, 85 (5:1).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Бахтиёр Қаландаров, Саидамири Саидаҳмад (Рамазон Ҳабибуллоев, 68), Ойбек Абдуғаффоров, Ҳикматулло Расулов, Сафаралӣ Каримов, Абдусамад Ҳоҷибоев (Шерзод Маҳамадиев, 71), Хайрулло Азизов (Вайсиддин Сафаров, 46), Амирҷон Сафаров, Фирӯз Раҳматов (Наврӯз Рустамов, 46).

«Хатлон» (Бохтар): Фатҳулло Бобоев (Аҳлиддин Ҳабибуллоев, 46), Маъмур Ботиров, Сулаймон Собиров, Муҳаммадӣ Шарипов, Баҳром Авғонов (Хусрав Тоиров, 46), Муҳаммад Насков, Аваз Қамчинов, Манучеҳри Наврӯззода (Адам Бикадоров, 61), Комрон Исмоилов, Гурез Аслонов (Муҳаммад Наимов, 80), Парвиз Охунов.

Корти зард гирифтанд: Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Муҳаммад Насков (ҳарду аз дастаи «Хатлон»).

Бозигари беҳтарини дидор: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

26 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 500 тамошобин.

Бозии аввал – 3:0.

1/2 финал. Бозиҳои аввал

14-15 октябр (якшанбе, душанбе)

«Истиқлол» – «Душанбе-83»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

17-18 октябр (чоршанбе, панҷшанбе)

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG